Семинари омӯзишӣ - дастурдиҳӣ баргузор гардид

2024-08-08

Санаи 7 августи соли равон дар маҷлисгоҳи КИМ ҲХДТ  бо иштироки раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои минтақаи Ҳисор, мудирони шуъбаи таблиғоти кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ семинари омӯзишӣ - дастурдиҳӣ баргузор гардид.

Сараввал, муовини Раиси ҲХДТ, Латифзода Асрор аз рафти баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ, ки тибқи қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 15 майи соли 2024 “Дар бораи баргузор намудани маъракаҳои ҳисоботӣ - интихоботӣ дар ташкилотҳои ҲХДТ”  дар шаҳру ноҳияҳои мазкур баргузор гардидааст, натиҷагирӣ намуд. Ҳамзамон, аз камбудиҳои ҷойдошта дар ҷараёни маҷлисҳо ёдовар шуда, ҷиҳати ҷамъоварии маводи маҷлисҳои ҳисоботӣ - интихоботӣ, ки ҳатман ба кумитаҳои ироияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳо  пешниҳод карда шаванд, дастур доданд.

Сипас мавсуф ёдовар шуданд, ки баъд аз анҷоми маъракаи ҳисоботӣ - интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ, конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар шаҳру ноҳияҳо доир карда мешаванд. Маъракаи мазкур бояд ҳатман дар асоси ҷадвали баргузорӣ, дастури методӣ ва бо назардошти талаботи Оинномаи ҲХДТ дар ҳамаи кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳо доир карда шавад.

Кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки вобаста ба ин нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва тасдиқ намоянд. Тибқи нақшаи тасдиқгардида, кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ тамоми маводи конференсияҳоро таҳия намуда, онро бо мақомоти болоии ҳизбӣ мувофиқа созанд.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ба он диққати ҷиддӣ дода шуд,  ин интихоби ҳайати нави кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ ва интихоби вакилон ба Анҷумани 15-уми ҲХДТ мебошад. Вобаста ба ин дастур дода шуд, ки ба ҳайати кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ ва вакилони Анҷуман шахсони ботаҷриба, мутахассисони соҳаҳои хоҷагии халқ, кормандони соҳаи иҷтимоӣ, ҷавонон ва занону бонувони пешқадам интихоб карда шаванд.

Дар идомаи семинар - машварати дастурдиҳӣ аз ҷониби мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Миралиён Қиёмиддин ва роҳбари Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Зафар Гулмаҳмадзода оид ба низоми идоракунии электронии сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муттамарказ, дар шакли сомона - махзани интернетӣ бо фарогирии нишондиҳандаҳои асосӣ муаррифӣ гардид. Сомонаи нави ҳизб ҳамчун идораи маҷозӣ (виртуалӣ) амал намуда, нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо, ҳамарӯза фаро мегирад.

Боиси тазаккур аст, ки иқдоми мазкур ҷиҳати татбиқи қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст.

Имрӯзҳо, дар воқеъ тамоми муносибатҳо дар ҷомеа ҳамоҳангии рақамӣ (электронӣ) касб намудаанд, ки ин тамоюл албатта, ба якчанд омили манфиатнок асос меёбад, аз ҷумла дастрасӣ дар муошират, тамоси аудиоӣ ва видеоӣ, сарфа кардани маблағ дар муносибатҳои корӣ ва шахсӣ, мубодилаи мактубҳо ва ҳуҷҷатҳо бо суръати зуд, амалиёти молиявии (хариду фурӯши) ғайринакдӣ, бехатар ва кафолатнок, омӯзиш ва таҳсилоти фосилавӣ ва ғайра.

Қайд гардид, ки ҳамаи ин омилҳои муосир ташкилотҳои ҳизбиро водор месозанд, ки ҳамчун намуна ба низоми идоракунии электронӣ гузашта, дар робита ба ин, технологияҳои мувофиқ ва муносиби иттилоотиро таҳия ва татбиқ намоянд.

Дар анҷоми семинар ба саволҳои  иштирокчиён ҷавобҳои аниқ дода шуданд.