Конференсияи VII ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Ворисони Сино” баргузор гардид

2024-08-08

Дар асоси банди 4.3 Оинномаи ҲХДТ ва қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 15 майи соли 2024, №2 оид ба баргузории маъракаҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ дар кумитаву ташкилотҳои ҲХДТ, конференсияи VII ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Ворисони Сино”-и ҲХДТ дар Беморхонаи клиникии ёрии таъҷилии тиббӣ баргузор гардид.

Дар кори конференсия мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ - Ширинбеков Садриддин, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Содиқиён Умед, раиси КИИ “Ворисони Сино”-и ҲХДТ дар Беморхонаи клиникии ёрии таъҷилии тиббӣ – Бобохонзода Исмат ва аъзои фаъоли ҲХДТ дар КИИ “Ворисони Сино” ширкат варзиданд.

Тибқи рӯзномаи конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии КИИ “Ворисони Сино” масъалаҳои ҳисоботи раиси КИИ “Ворисони Сино” дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024, интихоби аъзои раёсати КИИ “Ворисони Сино”, интихоби раиси КИИ “Ворисони Сино, интихоби муовини раиси КИИ “Ворисони Сино”, интихоби вакилон ба Конференсияи XXXV ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур баррасӣ гардиданд.

Тибқи рӯзномаи конференсия, нахуст ҳисоботи раиси КИИ “Ворисони Сино” оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Ворисони Сино” аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаъд ироа гардид.

Дар қисмати музокираҳо аъзои КИИ “Ворисони Сино” суханронӣ намуда, ҳисоботи кумитаро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Ҷиҳати баррасии масъалаи дуюми рӯзномаи конференсия ҳайати раёсати КИИ “Ворисони Сино”-и ҲХДТ дар Беморхонаи клиникии ёрии таъҷилии тиббӣ иборат аз 9 нафар интихоб гардиданд.

Вобаста ба баррасии масъалаи сеюми рӯзномаи конференсия ҷиҳати интихоби раиси КИИ “Ворисони Сино”, сардухтури Беморхонаи клиникии ёрии таъҷилии тиббӣ – Бобохонзода Исмат пешбарӣ гардида, доир ба он қарори дахлдор қабул ва тасдиқ карда шуд.

Ба ҳамин тартиб, вобаста ба баррасии масъалаи чоруми рӯзномаи конференсия номзадии аъзои фаъоли КИИ “Ворисони Сино”-и ҲХДТ дар Беморхонаи клиникии ёрии таъҷилии тиббӣ – Абдуллоев Сулаймон аз нав ба ҳайси муовини раиси КИИ “ Ворисони Сино ” интихоб гардиданд.

Дар ин радиф, ҷиҳати баррасии масъалаи панҷуми рӯзномаи конференсия, бо назардошти шумораи аъзои ҲХДТ дар КИИ “Ворисони Сино”, номзадии 8 нафар аз фаъолони КИИ “Ворисони Сино”, ҳамчун вакил барои иштирок дар Конференсияи 35-уми ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур пешниҳод гардида, доир ба он қарори дахлдор қабул шуданд. Дар идомаи маҷлис мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ - Ширинбеков Садриддин суханронӣ намуда, сараввал ҳозиринро ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии ҲХДТ самимона шодбош намуд.

Дар идома мавсуф андешаҳои худро оид ба нақш ва мақоми ҲХДТ дар роҳи ташаккули давлатдории тоҷикон иброз намуда, зикр дошт, ки имрӯзҳо нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ дар раванди амалисозии ормонҳои миллати тоҷик ва бунёди давлатии миллии тоҷикон муҳим ва таъсирбахш мебошад ва итминон дорем, ки бо иштироки фаъолони аъзо ва ҷонибдорони ҳизб барномаҳо ва ҳадафҳои пешгирифтаи он пурмаҳсул татбиқ меёбанд.