Анҷоми истироҳати тобистонаи кӯдакон дар маркази таълимӣ - истироҳатии ҲХДТ
2024-08-08
Санаи
6 августи соли ҷорӣ истироҳати тобистонаи мактаббачагони Муассисаи давлатии
таҳсилоти миёнаи умумии “Мактаб - интернати №1 барои кӯдакони ятим ва
бепарастор”, ки давоми шаш рӯз дар Маркази таълимӣ - истироҳатии ҲХДТ воқеъ дар
ноҳияи Варзоб ҷараён дошт ба итмом расид.
Боиси
зикри хос аст, ки дар интиҳои истироҳати тобистона, кӯдаконро дар маркази
мазкур аз номи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ раиси Кумитаи иҷроияи
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода хайрамақдам
намуд. Мавсуф зимни суҳбат бо иштирокчиёни истироҳатгоҳ зикр намуд, ки тамоми
шарту шароит ва имкониятҳои хуб барои ба таътили тобистона фаро гирифтани онҳо
ва амсоли онҳо бо дастгирӣ ва роҳнмоиҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста роҳандозӣ мегардад, ки таътили шаш
рӯзае, ки имрӯз ба анҷом расид яке аз онҳо маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон
гуфта шуд, ки онҳо ҳамеша зери ҳимояи Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва
ҷавобан ба ғамхориҳои давлату ҳукумати кишвар аз онҳо танҳо хонишу рафтори
намунавӣ тақозо мегардад.
Зикр
бояд намуд, ки давоми ин шаш рӯз истироҳаткунандагон аз имкониятҳои хуб аз
қабили утоқҳои хоб, бунгоҳи тиббӣ, ошхона, маркази компютерӣ, китобхона,
бозиҳои шавқовари варзишӣ, ҳавзи шиноварии ба талаботи рӯзмаъра ҷавобгу
самаранок истифода намуда, ба масъулин барои чунин шароитҳои хуб ибрози
сипосмандӣ намуданд.
Инчунин,
аз ҷониби масъулини Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ баҳри босамар гузаштани вақти
хонандагон баргузории ҳар гуна бозиҳои шавқовари зеҳнию варзишӣ аз ҷумла
озмунҳои зеҳнӣ, бозиҳои варзишии шоҳмот, шашка, тениси рӯй миз, бадминтон,
шиноварӣ ва дигар бозиҳои тупи дастӣ дар миёни гурӯҳҳои иштирокчиёни
истироҳатгоҳ ба нақша гирифта шуда буд, ки ҷамъбаст гардида ғолибон ва
ҷоизадорон дар вазъияти тантанавӣ бо диплому медал сарфароз гардонида шуданд.
Дар
анҷоми таътили тобистона иштирокчиёни истироҳатгоҳ бо сертификат ва сипоснома
сарфароз гардонида шуданд.