Фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Заминсоз” назаррас арзёбӣ гардид
2024-08-05
Бо
иштироки Изатуллои Ҳабибзод - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
дар шаҳри Ҳисор ва Эргашзода Тӯйчӣ - директори КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”
маҷлиси ҳисоботӣ интихоботӣ баргузор гардид.
Нахуст
Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода, рӯзномаи маҷлис тасдиқ гардида, мақоми
кории он интихоб карда шуд.
Аз
рӯи масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи - раиси ташкилоти ибтидоии “Заминсоз” оид ба
ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи июни соли 2023 то моҳи
июли соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаъда шунида шуд.
Дар
ҳисобот қайд карда шуд, ки давраи ҳисоботӣ барои аъзои ташкилоти ибтидоии “Заминсоз”
давраи амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои нек ба шумор меравад.
Гуфта
шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ бо утоқи алоҳида ва маводи ҳизбӣ таъмин ва муҷаҳҳаз
гардонида шуд, ки барои пешбурди фаъолияти сиёсию ҳизбӣ мусоидат карда истодааст.
Дар
музокираи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Манучеҳри Ҳамидзод -узви фаъоли ҳизб иштирок
ва фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Заминсоз” - ро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ
намуд.
Ҳамзамон
Эргашзода Тӯйчӣ - раиси ташкилоти ибтидоӣ, Манучеҳри Ҳамидзод - муовини раиси ташкилоти
ибтидоӣ ва Маҳмадиева Соҳиба -котиби ташкилоти ибтидоии “Заминсоз” интихоб карда
шуданд.
Дар
маҷлис 5 нафар вакил ҷиҳати иштирок дар Конференсияи ХХI ҳисоботӣ - интихоботии
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор интихоб карда шуд.
Дар
идомаи кори маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ нақшаи кори ташкилоти ибтидоии “Заминсоз”
барои нимсолаи дуюми соли 2024 тасдиқ карда шуд.
Вобаста
ба масъалаи иҷрои нақшаи “Обуна - 2025” Эргашзода Тӯйчӣ Эргаш - раиси ташкилоти
ибтидоии “Заминсоз” иттилоъ дод, ки нақшаи обуна ба нашрияи марказии ҲХДТ “Минбари
халқ” пеш аз муҳлати муайянгардида иҷро мегардад.
Дар
маҷлис Изатуллои Ҳабибзод - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
дар шаҳри Ҳисор суханронӣ намуда, сараввал талаботи асосии Оиннома ва Барномаи ҲХДТ-ро
ба ҳозирин расонид ва вобаста ба авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва дохилу
хориҷи кишвар ибрози андеша кард.
Гуфта
шуд, ки аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро лозим аст, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои пайвастаи
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти ибратбахшро ба роҳ монда, ҳамчун неруи
асосии татбиқкунандаи сиёсати Роҳбарияти Олии ҳизб дар баланд бардоштани сатҳи ҳушёрию
зиракии сиёсии мардум, бахусус наврасону ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи баланди
ватандӯстӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ, дӯст доштани Ватан ва муқаддас донистани
арзишҳо ва ноил гаштан ба ормонҳои миллиамон саҳмгузор бошанд.
Таъкид
шуд, ки аъзову ҷонибдорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро лозим аст, ки ба тарбияи
ҳарбӣ - ватанпарастии ҷавонон диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Гуфта
шуд, ки вазъи мураккаб ва пешгӯйинашавандаи ҷомеаи ҷаҳон аз ҳар яки мо тақозо менамояд,
ки баҳри пойдории ваҳдати миллӣ талош намоем. Бо нигаронӣ аз вазъи минтақа ва ҷаҳон
ёдовар шуда, қайд намуд, ки ҳодисаҳои ба вуқӯъ омада ба пойдории истиқлолу озодӣ
ва ваҳдати кишварҳои алоҳидаи ҷаҳон хатари ҷиддӣ ворид намуда истодааст.
Бо
натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Заминсоз” Изатуллои Ҳабибзод - раиси
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ба фаъолияти
сиёсии ташкилоти ибтидоӣ баҳои баланд дода, барои фаъолияти минбаъда дар назди
роҳбарияти ташкилоти ибтидоӣ як қатор вазифаҳоро гузошта, иҷрои босифат ва саривақтии
онро таъкид намуд.
Дар анҷоми маҷлис ба якчанд нафар кормандон дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи узви
ҲХДТ супорида шуд.