Нақши Пешвои миллат дар рушди фарҳанги миллӣ
2024-08-05
Дар даврони Истиқлоли
давлатӣ забони модарии мо ба куллӣ симои худро дигаргун намуда, ба забони
тавонои расмиву давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфт. Он дар
тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавриди истифода қарор
гирифта, оҳиста - оҳиста ба забони робитаҳои байналмилалӣ ва муошироти байни
халқҳои сокини ҷумҳурӣ мубаддал гардид. Заминаҳои ин пешрафти муҳим пеш аз ҳама
бо татбиқи пайваста ва пайгиронаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати
миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба забони давлатӣ муҳайё гардид.
Сарвари давлат дар
ҷаласаи ифтихорӣ ба муносибати 25 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон бори дигар нақши забони модарии моро ҳамчун забони давлатӣ
хотирнишон сохта, чунин изҳор доштааст: “Истиқлолият барои эҳёи забони тоҷикӣ
ва фарҳанги миллӣ заминаи устувор гузошт. Забони ширину шево ва шоиронаву зебои
тоҷикӣ, ки моро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати куҳанбунёд ва қавми ориёӣ муаррифӣ
кардааст, ба ҳайси забони давлатӣ эътироф шуд. Ба шукронаи соҳибихтиёриву
соҳибватанӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат аз он иборат
аст, ки асолати забони тоҷикиро чун неъмати бебаҳо ҳифз намояд ва барои
инкишофи он саҳм гузорад. Ин забон, ки забони модарии мост, барои мо - тоҷикон чун шири модар
муқаддас мебошад”.
Нақши Пешвои миллат
дар рушду густариши забони модарии мо бесобиқа буда ин асари бунёдии илмӣ рушди
забони моро аз давраҳои бостон то асри XIII инъикос менамояд. Он бо истифода аз асарҳои гуногуни дар давраҳои
мухталиф таҳияшудаи илмӣ омода гардида, аз лиҳози сабку ҷобаҷогузории мавод ва
тарзи он аз дигар пешниҳоди осори забоншиносӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Дар ин
асари бунёдӣ дастовардҳои охири забоншиносиву тоҷикшиносии ватаниву ҷаҳонӣ
ҷамъбаст гардидааст.
Китоб
аз пешгуфтор, шаш боб, хулоса, китобнома (407 адабиёти истифодашуда) ва 491
саҳифа иборат мебошад. Дар пешгуфтор ба таври мухтасар таърихи густариши забони
тоҷикӣ аз давраи бостон то ба ҳол, истиқлол ва аҳамияти таърихии он дар
сарнавишти забони тоҷикӣ, ҳадафу мақсади муаллиф, вазифаҳои забоншиносон дар
пажӯҳиши забоншиносии забони тоҷикӣ инъикос ёфтааст.
Дар
сарсухани китоб чунин омадааст: «Бо шарофати истиқлол забони тоҷикӣ ба феҳристи
забони давлатҳои мустақили ҷаҳон дохил шуд, барои шинохти миллати тоҷик ба
сифати як халқи дорои ҳама аломату нишонаҳои миллати таърихӣ заминаҳои сиёсӣ
фароҳам омад ва дар ориёшиносӣ ва ё эроншиносии муосир шохаи сифатан нави
тоҷикшиносӣ ҷойи расмӣ ва мустақиле барои худ пайдо намуд».
Аз
хусусиятҳои дигари андешаҳои муаллиф муайян кардани вижагиҳои хоси забони
тоҷикӣ мебошад, ки ин гуна таҳлили амиқу пажӯҳиши борикбинонаи илмӣ дар таърихи
илми забоншиносии тоҷик бори нахуст пешниҳод мешавад. Муаллиф менигорад:
Яке
аз вижагиҳои аслии бисёр муҳими забони мо хосияти баҳамоварӣ ва ё
ваҳдатофаринии он аст. Ин хусусият сипас дар ташаккули он
ба унвони як забони умумӣ барои мардуми эронитабор нақши муассир бозид.
Сифати дигари забони
мо тавоноӣ ва рақобатпазирии он аст… Ҳамчунин, бояд гуфт, ки нуфуз ва тавоноии
ин забон ба ҳадде буд, ки на танҳо дар ҳавзаи илму фарҳанг, балки дар сиёсат ва
давлатдорӣ низ ҳеҷ забони дигар бо вай рақобат карда натавонист ва қавму
миллатҳои мухталифе, ки асрҳо дар ин сарзамин ҳукмронӣ карданд, онро на танҳо
ҳамчун забони илму фарҳанг, балки ба ҳайси забони сиёсат ва давлату дарборҳои
худ пазируфтанд.
Усулҳои наву замонавии
таҳқиқ дар соҳаи забон ҷорӣ гардид, як зумра муҳаққиқону мутахассисон дар ин
ришта тарбия ёфта, заминаҳои бунёди илми забоншиносии муосири тоҷик гузошта
шуд, вале ҳамзамон ба хотири демократикунонӣ забони тоҷикӣ бисёр вожагони асилу
ноби худро аз даст дод. Ба ҷойи онҳо калима ва истилоҳоти бамавриду бемаврид аз
забонҳои гуногун ва ё калимаҳои носуфтаву худсохта, луғатҳои омиёна, қолабҳои
калимасозию ибораороии бегона ва сабку услубҳои тақлидӣ ба забони мо ворид
гардид».
Муаллиф роҷеъ ба
масъалаҳои меҳану хостгоҳи забони модарӣ,
хеле дақиқкоронаву борикбинона мушоҳидаҳои худро чунин ба қалам медиҳад: “Барои
насли имрӯзи мо шояд тафовути чандоне надошта бошад, ки забони форсӣ, дарӣ ё
тоҷикӣ ҳазор ё ду ҳазор сол пеш аз кадом минтақа бархоста ва ё мардуми кадом
ноҳия ба ин забон пештар сухан гуфтааст. Ба назари мо муҳим он аст, ки онҳо аз
як ҳавзаи ягона бархоста, гармиву сахтии таърихро бо ҳам дида, як фарҳангу
забони муштаракро дар чунин сарзамини паҳновар бо ҳам офаридаанд. Акнун дар ин
замони ҷаҳонишавӣ бояд бикӯшем, то ҳамбастагӣ ва робитаҳои иқтисодию сиёсии
худро қавитар гардонида, бино ба расми дерин, бо ёрии ҳамдигар истиқлоли
фарҳангӣ ва забонии худро ҳифз карда, рукнҳои пойдории миллат ва кишварро
таҳким бахшем ва онро устувору пойдор намоем”.
Боби I.“Даврабандии
таърихии забони тоҷикӣ” ном дошта, аз се фасл “Мардуми ориёӣ ва забони онҳо”,
“Давраҳои таърихӣ ва даврабандии таърихи забони тоҷикӣ” ва “Ҷойгоҳи забони
тоҷикӣ дар гурӯҳбандии забонҳои эронӣ” иборат аст.
Боби II. таҳти унвони
“Саргузашти таърихии вожаи “тоҷик” ва забони тоҷикӣ” аз панҷ фасл “Истиқлол ва
масъалаҳои тоҷикшиносӣ”, Муродифҳои вожаи “тоҷик”, “Хостгоҳ ва меҳани забони
тоҷикӣ”, “Замони пайдоиши забони тоҷикӣ” ва “Номи забони мо” иборат аст.
Боби III. бо номи
“Забони мо дар давраи истилои араб ва нахустин сулолаҳои эронитабор” аз чор
фасл иборат аст.
Боби IV. “Забони
навиштории тоҷикӣ: давраи оғозин” ном дошта, аз чор фасл иборат аст.
Боби V. “Давраи
боландагӣ ва шукуфоии забони тоҷикӣ” ном дошта ба густариши забони модарии мо
дар давраҳои Сомониён, Ғазнавиён, Повандиёӣ (Зиёриён) ва Оли Бӯя ё Бувайҳиён
бахшида шудааст. Он аз панҷ фасл иборат аст.
Боби VI. “Густариши
забони тоҷикӣ ба сифати забони байналмилалӣ” аз панҷ фасл иборат аст.
Ҳамин тавр, нақши
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди фарҳанги миллӣ хеле назаррас
аст ва омўзиши он барои баланд бардоштани маънавиёти инсон аҳамияти хоса
доранд.
Пӯлотова Мунзифа,
раиси КИ ҲХДТ дар
шаҳри Хуҷанд,
номзади илмҳои таърих