ФАРО ГИРИФТАНИ 50 КӮДАКИ ЯТИМ ВА БЕПАРАСТОР БА ИСТИРОҲАТИ ТОБИСТОНА
2024-08-03
Дар асоси қарори
Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба таърихи
12 феврали соли 2023, №5 дар Маркази таълимии ҲХДТ воқеъ дар ноҳияи Варзоб
барои хонандагони Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Мактаб-интернати
№1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор» аз 1 август то 6 августи соли ҷорӣ
иқомати 50 хонанда дар урдугоҳ барои гузаронидани таътили тобистонӣ ташкил
карда шуд.
Ёдоварӣ мекунем, ки
дар ҷараёни фиристодани хонандагон муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон, Мавлон Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри
Душанбе, Иброҳим Мирзозода ва раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони
Ватан” Оятулло Аҳмадзода ширкат карданд.
Масъулон хотирнишон
карданд, ки раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои таъмини истироҳати хонандагон дар тӯли таътили
тобистонӣ, аз ҷумла эҷоди истироҳатгоҳи (урдугоҳҳи) донишомӯзӣ дар манотиқи
хушобуҳавои кишвар бо шароити муосир тадбирҳои муассиреро ба кор гирифтаанд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки
хонандагон таътили тобистониро дар инҷо дар шароити роҳат хоҳанд гузаронд, нерӯ
хоҳанд гирифт ва барои соли таҳсили нав омода хоҳанд шуд ва дар ҷавоб ба
дастгириҳои давлат ва Ҳукумат бо таҳсили хуб ва аъло дар мактаб, посух хоҳан
дод. Ҳамон тавре ки Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон таъкид намудаанд, насли ҷавон бояд аз тамоми имкониятҳои мавҷуда барои
касби дониш ва ҳунар истифода кунад. Ояндаи дурахшони Тоҷикистон ба таҳсили хуб
ва аълои насли ҷавон дар мактабҳо, омӯзишгоҳҳо ва донишгоҳҳо, инчунин дар оянда
мутахассисони баландихтисос шудани ин насли умедбахш вобаста аст.
Дар истироҳатгоҳ
таълимгоҳ, утоқҳои хоб, бунгоҳи тиббӣ, ошхона, китобхона, майдончаҳои варзишӣ
ва ҳавзи шиноварӣ мувофиқи талаботи муосир танзим шудаанд ҷиҳати рушди
маънавиву ҷисмонии насли ҷадид ва бо манзури гузаронидани вақти судманд барои
хонандагон баргузории намудҳои гуногуни бозиҳои ҷолиби фикрӣ ва варзишӣ ва
барномаҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Мавриди зикр аст, ки
бо ҳадафи таъмини зиндагии ороми кӯдакон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, тарбияи
онҳо дар рӯҳияи муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солим ва созанда, Ҳукумат
Ҷумҳурӣ ҳар сол қарори дахлдор дар бораи ташкили таътили кӯдакон ва наврасонро
ба тасвиб мерасонад.
Дар ин замина, 27
феврали соли ҷорӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таътили
тобистонии кӯдакон ва наврасон дар соли 2024» ба тасвиб расид, ки бар асоси он
дар кишвар барои хонандагон урдугоҳҳои мавсимии беруназшаҳрӣ,
варзишӣ-солимгарднӣ ва каноримактабӣ ташкил шудаанд.
Возеҳ аст, ки барои татбиқи сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳиммат ба кор бастаанд ва ҳамеша омодаанд барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум талош кунанд.