Семинари дастурдиҳӣ дар КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд

2024-08-02

Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд семинари дастурдиҳӣ бо иштироки раисони кумитаҳои иҷроияҳои шаҳру ноҳияҳо, намояндагони шуъбаи ташкилӣ ва шӯъбаи таблиғот ва иттилооти кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо доир гардид.

Дар семинари мазкур мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Қиёмиддин Миралиён ва муовини якуми Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Салимов иштирок намуданд.

Семинари омӯзиширо муовини якуми раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Салимов ҳусни ифтитоҳ бахшид. Сипас, Қиёмиддин Миралиён ҳадаф аз баргузории семинари мазкурро оид ба баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ ва омодагиҳо ба конференсияҳо ва истифода намудани сомонаҳо арзёбӣ намуд.

Зикр карда шуд, ки тибқи қарори КИМ ҲХДТ аз моҳҳои август – сентябр дар тамоми кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳо конфронсҳои ҳизбӣ баргузор карда шуда, дар онњо намояндагони Кумиҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумиҷроияи вилоятӣ иштирок хоҳанд намуд.

Мавсуф таҳти унвони “Роҳнамо оид ба тартиби баргузории маҷлисҳо ва конфронсҳои ҳизбӣ” ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод намуд ва дар оғоз оид ба мубрамияти масъала изҳори назар кард. Аз ҷумла, қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии сиёсиест, ки асоси онро ташкилотҳои ибтидоӣ ташкил медиҳанд. Рушду пешрафти ташкилотҳои ибтидоӣ, аз ҷумла татбиқи самараноки асосҳои ҳуқуқию ташкилии фаъолият, дар умум ба рушди устувори фаъолияти ҲХДТ боис мегардад. Қайд намуд, ки асосҳои ҳуқуқию ташкилї фаъолияти ташкилотҳои ибтидоиро Оинномаи ҳизб, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” ва дигар қонунгузории Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, мақоми олии ташкилотҳои ибтидоиро маҷлиси умумии аъзои ташкилот арзёбӣ намуд.

Дар мавриди мушкилот дар ташкилотҳои ҳизбӣ андешаронӣ намуда, изҳор кард, ки тибқи таҳлилҳо ташкилотҳои ҳизбӣ ҳар семоҳа маҷлисҳои худро доир менамоянд, ки дар онњо камбудиҳо ва мушкилоти муайяни субъективӣ ба назар мерасанд.

 – Мутаассифона, бинобар сабабҳои каммасъулиятӣ ва камаҳаммиятӣ кормандони баъзе аз кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳо талабот ва ё дархостҳои роҳбарони ташкилотҳои ибтидоиро қабул намуда, дар мавридҳои муайян барои онҳо протоколҳо ва тартиби гузаронидани маҷлисҳои давриро тартиб медиҳанд, – афзуд Қиёмиддин Миралиён.

Баъдан, асосҳои ҳуқуқии маҷлисҳо ва конфронсҳои ҳисоботӣ-интихоботиро шарҳу тавзеҳ дод, ки чунинанд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”; Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”; Барномаи ҲХДТ; Низомнома “Дар бораи интихоби кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, инчунин, қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ аз 15 майи соли 2024 “Дар бораи маъракаи ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ҳизбии ҷумҳурӣ”.

Дар идомаи семинар асосҳои ҳуқуқӣ, ҚҶТ “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, Оинномаи ҳизб, тартиби даъват ва меъёри вакилон барои Анҷуман, тартиби даъват ва меъёри вакилон барои конфронси вилоятӣ, конфронсияњои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, конфронси кумитаи иҷроияи ибтидоӣ, пешбарии вакилон барои конфронси кумитаи иҷроия, тартиби ташкили конфронсҳо ва дигар масъалаҳои вобаста ба семинар шарҳ дода шуданд.

Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки дар тамоми кумитаҳои иҷроияҳо бояд сомонаҳои ҳизбӣ ташкил намуда, фаъолияти худро самаранок ба роҳ монанд. Гуфта шуд, ки айни замон дар КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара сомонаи ҳизбӣ ташкил ёфта, фаъолияти худро оғоз бахшидааст.

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон, Миршакар Ҷалолзода, ноҳияи Ашт, Хушнуд Каримзода ва мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилоот Мулломухтор Толибзода андешаҳову пешниҳоди худро перомуни баргузории семинари дастурдиҳӣ иброз доштанд.

Дар анҷоми семинари мазкур муовини якуми Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Салимов ба мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИМ ҲХДТ Қиёмиддин Миралиён ва иштирокчиён миннатдории Кумиҷроияи вилоятиро иброз дошта, қайд намуд, ки танҳо ҳамкории мутақобилаи ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ метавонад барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ, афзун намудани худшиносии миллӣ мусоидат кунад.

Чунин семинарҳои дастурдиҳӣ минбаъд низ роҳандозӣ карда хоҳанд шуд.