Баррасии масъалаҳо дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Агентии “Тоҷикстандарт”

2024-08-02

Тибқи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб аз 15 майи соли 2024 №2 ва дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ дар Агентии Тоҷикстандарт маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Тоҷикстандарт” барои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июли соли 2024 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа мудири бахши омор ва махзани ягонаи электронии Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Нурзод Розиқ, мудири шуъбаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Давлатзода Ҳангома ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён иштирок доштанд.

Мутобиқи рӯзномаи маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботии ташкилоти ибтидоии “Тоҷикстандарт” масъалаҳои ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда”, дар амал татбиқ намудани қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 - солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, интихоби аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, интихоби вакилон ба конференсияи ХХХIХ ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Фирдавсӣ ва дигар масъалаҳои ташкилӣ зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:

Дар доираи муҳокимаи масъалаи якуми рӯзнома аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии “Тоҷикстандарт” Абдулваҳобзода Темурҷон Назурулло ҳисобот дода шуд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки баҳри амалии ҳадафҳои гузошташуда, ташкилоти ибтидоии “Тоҷикстандарт” нақшаи кории худро вобаста ба самтҳои асосии фаъолияти барномавии ҳизб таҳия намуда, иҷрои онҳоро давра ба давра ба роҳ монда истодааст.

Дар ин робита бо мақсади татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳа, ки бевосита ба ҳифзи бозори истеъмолӣ аз воридшавии молу маҳсулоти пастсифат, таъмини риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон нигаронида шудаанд, фаъолияти соҳавиро ба роҳ монда, дар давраи ҳисоботӣ корҳои муайянеро ба сомон расонидааст, ки дар маҷмуъ барои рушди иқтисоди миллӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум  ва татбиқи барномаи ҲХДТ мусоидат мекунад.

Ҳамзамон, вобаста ба дастоварду пешрафти соҳа, аз ҷумла, ҷиҳозонидани озмоишгоҳҳо ва тавсеаи базаи техникии онҳо, омода намудани мутахассисон ва дар хориҷи кишвар ба омӯзиш фаро гирифтани онҳо, ба роҳ мондани корҳои ободонӣ, таъмири ҳуҷраҳои корӣ ва таъмин намудани онҳо бо шароити мусоиди корӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо ташкилотҳои минтақавию байналмилалии соҳа, мусоидат ба кабудизоркунию ниҳолшинонӣ, баланд бардоштани маънавиёти аъзои ҳизб, боло бурдани ҳисси худшиносию худогоҳии кормандон, дар рӯҳияи ватандориву хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон ва дар заминаи иҷрои барномаҳои давлатию соҳавӣ, қарору қонунҳо ва дастуру супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкилу баргузории чорабиниҳои гуногун изҳори назар карда шуд.

Дар анҷоми суханронӣ таъкид гардид, ки аъзои ташкилоти ибтидоии “Тоҷикстандарт” дар оянда низ фаъолияти худро тибқи талаботи Оиннома, барномаҳои ҳизб, низомномаҳо ва дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии ҳизб ба роҳ монда, ҷиҳати роҳандозӣ намудани сиёсати созандаи ҳизб кӯшиш ба харҷ дода, дар соли таҷлили ҷашни бузургӣ миллӣ - 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва                 30 - солагии таъсисёбии ҲХДТ ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани мавқеъ ва нуфузи ҳизб дар ҷомеа ва баҳри иҷрои нақшаҳои иқтисодии базиммадошта аз ҳамаи имкониятҳо самаранок истифода менамояд.

Ҳамзамон, аъзоёни ҳизб ба музокира баромаданд ва дар ин замина фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Тоҷикстандарт” дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш ҳисобида шуда, оид ба масъалаҳои пешбинигардида қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Дар кори ҷаласа, инчунин, намояндаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Нурзод Розиқ, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Давлатзода Ҳангома ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён дар раванди суханронӣ аз фаъолияту дастовардҳои ташкилоти ибтидоии “Тоҷикстандарт” ва ҳамкориҳои пайваставу босамар изҳори қаноатмандӣ намуда, дар робита ба аъзоёни ҳизб - кормандони Агентӣ ҷиҳати боз ҳам саҳми назаррас гузоштан дар татбиқи самтҳои асосии фаъолияти барномавии ҳизб тавсияву супоришҳо дода шуд.

Дар анҷом якчанд нафар аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Тоҷикстандарт”, ки дар татбиқи ҳадафҳои Оинномавию барномавии ҲХДТ саҳм гузоштанд бо ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ сарфароз гардонида шуданд.