Фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молия” - и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагирӣ гардид

2024-08-02

Дар толори Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи баргузории ҷадвали маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молия”- и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Латифзода Асрор Қурбон – муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Муродов Ҷурабек – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Қурбонзода Убайдулло – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор – Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молия” ва аъзои ҳизб маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботии ташкилоти ибтидоии "Молия" доир гардид.

Пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикстон, маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии “Молия” ба кори худ шуруъ кард.

Мувофиқи рӯзномаи маҷлис масъалаҳои зерин: ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молия” - оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, интихоби аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоӣ, интихоби раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ, дар бораи интихоби вакилон барои иштирок дар конференсияи 33 - юми ташкилотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Мувофиқи баррасии масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молия” дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ҳисобот ироа гардид. Дар ҳисоботи ташкилоти ибтидоӣ гуфта шуд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молия” як қатор ҷаласаҳоро байни аъзоёни ташкилот, аз ҷумла идҳои давлативу миллӣ аз қабили Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикиситон, Рӯзи Модар, Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи забон, Ваҳдати миллӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами миллӣ ва Нишони давлатӣ бо усулҳои муосири таблиғотӣ аз қабили дарсҳои сиёсӣ, миззи мудаввар, конференсияи назариявӣ ва вохӯриҳои идона дар сатҳи баланди идона баргузор гардиданд. Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молия” фаъолияти пурсамари худро зери барномаи бомароми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси нақшаи кории худ ва дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб ба роҳ монда, корҳои зиёди таблиғотиро дар соли сипаригашта ба анҷом расонид. Инчунин гуфта шуд, ки марому мақсади Оинномавию Барномавии ҳизб, ки ҳамақидагиву мутаҳидии ақидаи солими ҷомеа бо роҳи таблиғи ҳадафмандона баҳри расидан ба идеолгияи ягонаи миллист, ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Молия» бо аъзоёни садоқатпешаи худ ҳамеша бо ҳамдастии масъулини ҳизб дар ноҳия, шаҳр ва кишвари азизамон Тоҷикистони бемисл мекушад.

Пас аз ироаи ҳисоботи солонаи ташкилоти ибтидоии аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ ба музокира баромада пешниҳод намуданд, ки фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоӣ мусбат арзёбӣ карда шавад.

Мувофиқи масъалаи дуюми рӯзнома аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоии “Молия” бо пешниҳоди аъзоёни ҳизб интихоб карда шуд.

Сипас тибқи масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис бо пешниҳоди аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор раиси ташкилоти ибтидоии “Молия” интихоб гардид. 

Ҳамзамон Ашуриён Азиз Музаффар муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молия” интихоб гардид.

Дар робита ба масъалаи дигари рӯзномаи маҷлис тибқи муқаррарот аъзои ҳизб аз ташкилоти ибтидоии “Молия” барои иштирок дар конференсияи 33 юми ташкилотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешниҳод гардид.

Дар идома Латифзода Асрор Қурбон ба сухан баромада афзуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби сулҳу ваҳдат, ҳизби пешрафт ва шукуфоии ватани мо аст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кўшиш менамояд. Рисолат ва мазмуну моҳияти барномаи ҲХДТ – рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ босубот мебошад.

Дар анҷом ба нафароне, ки мавқеи сиёсиашонро муайян намуда, ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо гардиданд, шаҳодатномаи аъзои ҳизб супорида шуд. Ҳамзамон барои фаъолияти самаранок ба аъзои ҳизб ифтихорнома ва сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ тақдим гардид.