Маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботии ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” баргузор гардид

2024-08-01

Дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар робита ба иҷрои банди 4.3 Оинномаи ҲХДТ, қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 15 майи соли 2024, №2 ва тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 

Дар кори маҷлис мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе - Ҳомидзода Насим, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур - Содиқиён Умед, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ташкилоит ибтидоии “Фарҳанг” - Матлубахон Сатториён ва аъзои ташкилот ширкат варзиданд.

Нахуст оид ба баррасии масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ташкилот аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаъд шунида шуд.

 Ҷиҳати баррасии масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис ҳайати раёсати ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” иборат аз 5 нафар интихоб гардиданд.

Вобаста ба баррасии масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис Матлубахон Сатториён ба ҳайси раис ва Ҳаётзода Алиакбар ба ҳайси муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” интихоб гардида, доир ба он қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар ин радиф, ҷиҳати баррасии масъалаи панҷуми рӯзномаи маҷлис, номзадии раиси ташкилот - Матлубахон Сатториён ҳамчун вакил барои иштирок дар конференсии 35-уми ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур пешниҳод гардида, доир ба он қарори дахлдор қабул гардид.

Дар идома, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе - Ҳомидзода Насим суханронӣ намуда, иброз дошт, ки имрӯзҳо нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ дар раванди амалисозии ормонҳои миллати тоҷик ва бунёди давлатии миллии тоҷикон муҳим ва таъсирбахш мебошад ва итминон дорем, ки бо иштироки фаъоли аъзо ва ҷонибдорони ҳизб барномаҳо ва ҳадафҳои пешгирифтаи он пурмаҳсул татбиқ меёбанд.