Шиносоӣ аз вазъи ҳуҷҷатгузорӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар МБМ “Сахарово”

2024-08-01

Боздиди намояндаи Қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар Федератсияи Россия дар якҷоягӣ бо Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират аз фаъолияти корӣ, хизматрасонӣ ва вазъи ҳуҷҷатгузорӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ дар МБМ “Сахарово” сурат гирифт.

Зимни боздид бо ҳамватанон бобати риояи қоидаҳои давлати иқомат ва саривақт иҷро намудани ӯҳдадориҳо, риояи қоидаҳои буду боши муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Дар доираи мулоқоти мазкур барои баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва худшиносиву худогоҳии муҳоҷирони меҳнатӣ, муаррифии фарҳангу таърихи волои миллати тоҷик ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии муҳоҷирони меҳнатӣ, тоҷикони муқимӣ ва аъзои оилаҳои онҳо маслиҳатҳо ва машваратҳои муфид дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки чунин мулоқоту вохӯриҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия доир мегарданд.