Баргузории маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент
2024-07-31
Дар
асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент маҷлиси Кумитаи
иҷроия баргузор гардид.
Дар
кори маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент намояндаи КИМ ҲХДТ,
роҳбари ТҶҶ "Созандагони Ватан" Аҳмадзода Оятулло, раиси Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Каримзода Мирзоқосим ва раиси шаҳри Панҷакент
Холиқзода Абдухолиқ иштирок доштанд.
Раиси
шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ маҷлисро ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба
шаҳри бостонии Панҷакент хайрамақдам гуфт. Сипас, маҷлиси Кумитаи иҷроия таҳти
раёсати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Каримзода Мирзоқосим ҷараён
ёфт.
Рӯзномаи
маҷлис аз масъалаҳои интихоби раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ва даъвати
конференсияи 28 - уми ҳисоботӣ - интихоботии КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент иборат
буд.
Роҳбари
ТҶҶ "Созандагони Ватан" Аҳмадзода Оятулло зимни суханронӣ баён дошт,
ки Шукурзода Мурод солиёни зиёд дар вазифаи раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент
фаъолият намуда, дар баланд бардоштани обу рӯ ва нуфузи ҲХДТ ва ҳамзамон дар
мақоми сазовор қарор ёфтани КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар байни кумитаҳои
иҷроияи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузоштааст. Бинобар ба вазифаи
дигар гузаштан мавсуф аз вазифа озод гардида, бо розигии Раиси муаззами ҲХДТ ба
вазифаи раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Муродзода Мастона Мурод пешниҳод шуд.
Бо раъйи аъзои раёсати Кумитаи иҷроия Муродзода Мастона Мурод раиси КИ ҲХДТ дар
шаҳри Панҷакент интихоб гардид.
Дар
идома, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Каримзода Мирзоқосим тибқи масъалаи
рӯзнома пешниҳод кард, ки конференсияи 28 - уми ҳисоботӣ - интихоботии КИ ҲХДТ
дар шаҳри Панҷакент даҳаи дуюми моҳи августи соли 2024" даъват карда
шавад. Таклиф аз ҷониби аъзои раёсати Кумитаи иҷроия якдилона пазируфта шуд.
Ҳангоми
баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис намояндаи КИМ ҲХДТ, роҳбари ТҶҶ
"Созандагони Ватан" Аҳмадзода Оятулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
вилояти Суғд Каримзода Мирзоқосим ва раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ
дар бораи нақш ва мақоми ҲХДТ, саҳми арзандаи Пешвои муаззами миллат, Раиси
ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсису пешбурди ғояҳои олии ҲХДТ баёни
андеша карданд ва зикр сохтанд, ки имрӯз замоне фаро расида, ки ҳар як узви
ҲХДТ бояд бо ба роҳбарӣ гирифтани дастуру ҳидоятҳои дурандешонаю хирадмандонаи
Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки баланди
масъулият дар назди давлату миллат фаъолияти хешро ба роҳ монад ва дар татбиқи
талаботи Барнома ва Оинномаи ҲХДТ, роҳандозии корҳои тарғиботӣ ҷиҳати тавсеа
бахшидани раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ ва зиёд шудани сафи аъзои ҳизб аз
ҳисоби шахсони арзанда саҳмгузор бошад. Ва ҳамчунин ба раиси тозаинтихоби КИ
ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мастона Муродзода дар иҷрои вазифаи пурмасъул
муваффақияту комёбиҳои рӯзафзун таманно карданд.
Дар
навбати худ Муродзода Мастона Мурод зимни суханронӣ барои дастгирӣ ва боварии
Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин вазифаи пурмасъул изҳори сипос намуд
ва иброз дошт, ки тамоми донишу маҳорат ва кӯшишу ғайрати худро дар ҳамкории
пайваста бо КИМ ҲХДТ, КИВ ҲХДТ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии
шаҳри Панҷакент, КИИҲ ва ТИҲ барои боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани
фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ва боло бурдани нуфузу
эътибори ҳизб дар ҷомеа сарф хоҳад кард.
Вобаста
ба масъалаҳои рӯзномаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.