Натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Бехатарии озӯқаворӣ”
2024-07-30
Дар ташкилоти ибтидоии
ҳизбии “Бехатарии озӯқаворӣ” – и Кумитаи бехатарии озӯқавории назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ баргузор гардид.
Дар кори маҷлис мудири
шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон – Ширинбекзода Садриддин, муовини раиси Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Муродов Ҷурабек, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи
Исмоили Сомонӣ – Қурбонзода Убайдулло, Файзуллозода Маҳмадсаид – раиси
ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва аъзои ҳизб иштирок намуданд.
Файзуллозода
Маҳмадсаид, нахуст меҳмононро муаррифӣ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд.
Тибқи рӯзномаи маҷлис
масъалаҳои зерин: ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бехатарии озӯқаворӣ” -
оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи
июни соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, интихоби аъзои Раёсати ташкилоти
ибтидоӣ, интихоби раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ, дар бораи интихоби
вакилон барои иштирок дар конференсияи 33 - юми ташкилотҳои Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардида, қарорҳои
дахлдор қабул карда шуд.
Мувофиқи баррасии
масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии
“Бехатарии озӯқаворӣ” дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024
ҳисобот ироа гардид. Дар ҳисоботи ташкилоти ибтидоӣ гуфта шуд, ки ташкилоти ибтидоии
ҳизбии “Бехатарии озӯқаворӣ” як қатор ҷаласаҳоро байни аъзоёни ташкилот, аз
ҷумла идҳои давлативу миллӣ аз қабили Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикиситон,
Рӯзи Модар, Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи “Ваҳдати миллӣ”,
Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон, Рӯзи Парчам ва Нишони давлатӣ бо усулҳои муосири таблиғотӣ аз
қабили дарсҳои сиёсӣ, мизи мудаввар, конференсияи назариявӣ ва вохӯриҳои идона
дар сатҳи баланди идона баргузор гардиданд.
Пас аз ҳисоботи раиси
ташкилоти ибтидоӣ аъзоёни ҳизб аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ ба музокира баромада,
пешниҳод намуданд, ки бо назардошти фаъолияти созанда, ки зимни ҳисоботи раиси
ташкилоти ибтидоии “Бехатарии озӯқаворӣ” – и Кумитаи бехатарии озӯқавории назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, мусбат арёбӣ шавад.
Мувофиқи баррасии
масъалаи дуюми рӯзнома аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоии “Бехатарии озӯқаворӣ”
бо пешниҳоди аъзоёни ташкилот интихоб карда шуд.
Сипас тибқи масъалаи
сеюми рӯзномаи маҷлис бо пешниҳоди аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ Файзуллозода
Маҳмадсаид раиси ташкилоти ибтидоии “Бехатарии озӯқаворӣ” интихоб гардид.
Дар робита ба масъалаи
дигари рӯзномаи маҷлис тибқи муқаррарот аъзои ҳизб аз ташкилоти ибтидоии
“Бехатарии озӯқаворӣ” барои иштирок дар конференсияи 33 – юми ташкилотҳои
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешниҳод гардид.
Дар идома Ширинбекзода
Садриддин Аваз суханронӣ намуда, иброз намуд, ки мақсади асосии Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста,
таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, фароҳам овардани заминаҳо барои таҳкими нерӯ ва қобилияти
ҳар як шаҳрванд мебошад. Ҳизб минбаъд низ ба масъалаҳои нигоҳ доштани суботи
макроиқтисодӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, рушди афзалиятноки
соҳаҳои истеҳсолӣ, тавсеаи сармоягузории дохиливу хориҷӣ, рушди инфрасохтори
мамлакат ва табдили он ба кишвари транзитӣ, таъмини шуғли пурмаҳсул ва таъсиси
ҷойҳои нави корӣ, инчунин идомаи ислоҳоти сохторӣ дар соҳаҳои мухталифи
иқтисодиёт чораҳои таъхирнопазир ва амалӣ афзалият медиҳад.
Инчунин Муродов
Ҷурабек ба сухан баромада, қайд намуд, ки дастовардҳои имрӯзаи ҳизби мо натиҷаи
талошу мубориза дар он замонаи мураккабу мушкил аст. Мо имтиҳонҳои ҷиддиро паси
сар кардем. Аз ин пас содиқона хизмат кардан ва беш аз пеш аз ормонҳои халқ
огоҳ будану ба татбиқи онҳо мусоидат кардан вазифаи муқаддаси ҳар як аъзои ҳизб
аст. Дастгирии ҳаматарафаи аъзоёни ҳизб, бо кор нишон додани хеш, ташаббускорӣ,
ватандӯстӣ ва миллатпарварӣ, такя намудан ба шахсони боистеъдод ва бофарҳанг,
тарбия кардани кадрҳои ҳозиразамони сиёсӣ, тақвияти ваҳдати миллӣ, мустаҳкам
кардани ғояҳои давлат, эҳё намудани тамоми бойгариҳои маънавии халқ, мусоидат
кардан ба пешрафти Тоҷикистони азиз мақсади асосии Раиси ҳизб ва ҳамаи аъзоёнаш
мебошад.
Дар анҷом нафароне, ки
мавқеи сиёсиашонро муайян намуда, ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо
гардиданд ба онҳо шаҳодатномаи аъзои ҳизб супорида шуд. Ҳамзамон барои
фаъолияти самаранок ба аъзоёни ҳизб ифтихорнома ва сипосномаи Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ тақдим гардид.