КОНФЕРЕНСИЯИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ «ИСТИҚЛОЛ”

2024-07-26

Бо ширкати аъзоёни Кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Истиқлол» дар назди кумитаи маҳаллаи Масчиди Саври шаҳри Хуҷанд, собиқадорони ҳизб, дар толори маҷлисгоҳи Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №28 конференсияи ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ «Истиқлол» доир гардид.

Дар кори конфкеренсия раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Пӯлотова, мутахассиси шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Умарҷон Ҳабибуллоев ва раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Суғд Саидбой Зокиров иштирок доштанд.

Конференсия бо садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сараввал рӯзнома, ҳайати котибот, ҳайати таҳририя ва регламенти корӣ тасдиқ гардид.

Сипас, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ Моҳира Темирова оид ба масъалаи якуми рӯзнома ҷамъбасти фаъолияти кумитаи иҷроияи ибтидоӣ дар ду соли охир аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2024 ва вазифагузориҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлисҳои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ тибқи дастуру супоришоти Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани XIII ҲХДТ, Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Оинномаи ҳизб, паёмҳои солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, ба Парлумони кишвар ва тамоми мардуми Тоҷикистон, маводи Конференсияи 15-уми ҲХДТ дар вилояти Суғд, маводи конференсияи 28-уми ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, ба роҳ монда шуд.

Баъдан, раиси комиссияи кор бо ҷавонони кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва раиси комиссияи занони кумиҷроияи вилоятӣ ба музокира баромада, фаъолияти кумитаи иҷроияи ибтидоиро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Намояндагони кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Пӯлотова баромад намуда, фаъолияти кори Кумитаи иҷроияи ибтидоиро қаноатбахш ҳисобиданд ва якчанд пешниҳод оид ба фаъолияти минбаъда пешкаш карданд.

Бо розигии иштирокчиён Мақсудзода Шаҳноза раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Истиқлол” интихоб гардид.

Дар ҷамъбасти конференсия барои фаъолияти пурсамар ба якчанд нафар фаъолони ҳизб сипосномаи кумитаи иҷроияи вилоятию шаҳрӣ ва тӯҳфаҳо супорида шуд.

Инчунин нафароне, ки нав ба сафи ҲХДТ дохил гардиданд, ки ба онҳо дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим гардид.

Бо ҳамин конференсия ба кори худ хотима пазируфт.