БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ЗАХИРАИ ДАВЛАТӢ”
2024-07-24
23 июли соли ҷорӣ, дар
робита ба иҷрои банди 4.3 Оинномаи ҲХДТ, Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи
Марказии ҲХДТ аз 15 майи соли 2024, №2 ва тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, дар ташкилоти ибтидоии “Захираи давлатӣ” - и
Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси
ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид.
Дар кори маҷлис мудири
шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе –
Ҳомидзода Насим, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур –
Содиқиён Умед, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” – Ҷамолзода Абдураҳмон ва аъзои ташкилот ширкат
варзиданд.
Нахуст оид ба баррасии
масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Захираи
давлатӣ” – оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ташкилот аз моҳи июни соли 2023
то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаъд шунида шуд.
Ҷиҳати баррасии
масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис ҳайати раёсати ташкилоти ибтидоии “Захираи
давлатӣ” иборат аз 5 нафар интихоб гардиданд.
Вобаста ба баррасии
масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис ҷиҳати интихоби раиси ташкилоти ибтидоии
“Захираи давлатӣ” номзадии директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Аҳмадзода Нурмаҳмад Ато пешбарӣ гардида, доир ба
он қарори дахлдор қабул гардид.
Ба ҳамин тартиб,
вобаста ба баррасии масъалаи чоруми рӯзномаи маҷлис, муовини раиси ташкилоти
ибтидоии “Захираи давлатӣ” ва котиби ташкилот низ интихоб гардиданд.
Дар ин радиф, ҷиҳати
баррасии масъалаи панҷуми рӯзномаи маҷлис, номзадии раиси ташкилот – Аҳмадзода
Нурмаҳмад Ато ҳамчун вакил барои иштирок дар конференсяи 35-уми ҳисоботӣ –
интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур пешниҳод гардида, доир ба
он қарори дахлдор қабул гардид.
Дар идома, мудири
шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе –
Ҳомидзода Насим суханронӣ намуда, иброз дошт, ки имрӯзҳо нақши Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ дар раванди амалисозии ормонҳои
миллати тоҷик ва бунёди давлатии миллии тоҷикон муҳим ва таъсирбахш мебошад ва
итминон дорем, ки бо иштироки фаъоли аъзо ва ҷонибдорони ҳизб барномаҳо ва
ҳадафҳои пешгирифтаи он пурмаҳсул татбиқ меёбанд. Зеро пайравии мо ба
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз
дар амали мо дар татбиқи ҳидоятҳо ва роҳнамоиҳои созанда ва барномаҳои Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон инъикос меёбад.
Дар фарҷом ба як қатор
кормандони Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон, ки мавқеи сиёсии худро муайян намуда, ба сафи ҲХДТ пайвастанд,
шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
Ҳамзамон, як гурӯҳ фаъолони ҳизбӣ бо сипосномаву
ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур қадрдонӣ карда шуданд.