ИСТИҚЛОЛ ВА ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТХОҲӢ!

2024-07-23

Истиқлолият воқеан, як вожаи муқаддас мебошад, ки маънои он ҷаҳони ботинии ҳар як инсонро фаро гирифта, хушбахтиву осудагӣ ва соҳибдавлатиро ифода менамояд. Зиёда миллатҳое мебошанд, ки солҳову асрҳо баҳри ба даст овардани он тамоми ҳастии худро бахшида хун мерезанд, вале ноком шуда, ин орзӯи ширини худро ба наслҳои дигар ба мерос мегузоранд. Истиқлолият вожаест, ки тамоми ҳиссиёти инсонро фаро гирифта маънои онро агар дар даҳҳо китоб ҷой бидиҳему тафсир бикунем, камӣ мекунад. Истиқлолият вожаест, ки миллатро аз нестӣ раҳо бахшида, шаъну шараф ва ҳуқуқу озодиҳои онро таъмин менамояд ва шахсиятҳои сарсупурдаеро, ки баҳри ба даст овардани он ҷони худро дареғ намедоранд, дар саҳифаҳои заррини таърих сабт менамояд.

Пас аз таҳким бахшидан ба соҳибдавлативу соҳибистиқлолӣ, ва комёбиҳои муҳимми сиёсӣ, давраи нави давлатсозию давлатдории мустақилона заруратро пеш овард, ки қонунеро ба ҷомеа пешкаш намоем, то ки мардумро аз буҳронҳои маънавию иқтисодӣ раҳоӣ бахшида, рӯ ба ташаккули иқтисодиёти миллӣ намояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалӣ, зиракии сиёсӣ ва миллатдӯстиву ватанпарастӣ дар ин самт корҳои зиёдеро роҳандозӣ намуданд. Аз ҷумла бо пешниҳоди ин марди шариф 8-уми июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар таҳияи нав соли 2024 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ки ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст.

Бале, ҳадафи асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин танзими ҷашну маросимҳои беососу серхарҷ, ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад. Албатта аз оғози амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 8 июни соли 2007, №272 мо мушоҳида намудем, ки чӣ тавр ин қонун манфиатҳои иҷтимоии мардумро ҳифз намуда, барои паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ хидмати бориз намуд. Инак бо тақозои замони пуртаҳаввулоти муосир, ҷаҳонишавӣ ва бархурди фарҳангҳо аз 20 июни соли 2024, № 2048 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  рӯи кор омад, ки боз ҳам манфиатҳои миллӣ ва фарҳанги куҳанбунёди моро, ки ифтихори тоҷикони на фақат Тоҷикистон балки тоҷикони дунё мебошад, ҳифз намояд.

Дар ин радиф дастоварди дигари сиёсии миллати мо дар замони Истиқлолият Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” мебошад, ки аз 20 июни соли 2024, таҳти рақми № 2049 дар таҳияи нав Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» рӯи кор омад ки боз ҳам ба манфиати ҳар як сокини кишвар буда, “муносибатҳоро оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак бо мақсади таълиму тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ танзим намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак равона гардидааст.” Маҳз таъсири ҳамин қонун буд, ки масъулияти падару модарро нисбат ба фарзанд ва масъулити фарзандро нисбат ба падару модар ва ҷомеа дигар намуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар таҳияи нав боз ҳам метавонад, сифати таълиму тарбияро баланд бардошта, дар баробари падару модар тамоми сохторҳои марбута муваззаф мешаванд, ки насли навраси мо дар рӯҳияи баланди худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми қонунҳои амалкунанда ва падару модар тарбия ёфта, аз хавфу хатарҳои замони муосир эмин бимонанд ва дар оянда хушбахту муваффақ бошанд.

Ҳамаи ин қонунҳо маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ роҳандозӣ шуда, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза, ба иттиҳоду якдилӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву хештаногоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ метавонад саҳми бориз дошта бошад.

Сарвари давлат борҳо таъкид намуданд ки: “Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват мегиранд, ки инҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расонанд. Аз ин рӯ, мову шумо бояд ба хотири таҳкими соҳибистиқлолӣ, тақдири миллат, таъмини ваҳдати миллӣ ва амнияти давлат, пойдории сулҳу субот ва оромии ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешида, пеш аз ҳама ба тарбияи насли нави даврони истиқлол аҳамияти ҷиддӣ диҳем.  

Латипов ШАВКАТ

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Файзобод