ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ ДАР МАРКАЗИ МАЪМУРИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ШАҲРИ БОХТАР ЗЕРИ УНВОНИ “ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ"
2024-07-22
Бо мақсади иҷрои
дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ доир намудани ҷашни
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз 16 июл то 6 сентябри соли 2024
дар асоси нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор
намудани чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар назди Театри вилоятии мусиқӣ -
мазҳакавӣ ба номи Ато Муҳаммадҷонов ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
шаҳри Бохтар аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ба роҳ монда шудааст.
Бо ин мақсад шоми 19
июли соли равон дар назди бинои Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато
Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар чорабинии фарҳангӣ-фароғатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода
Ҷамшед, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти
Хатлон Амирхон Юсуф ва муовини раиси шаҳри Бохтар Қурбонзода Наргис иштирок
намуданд.
Сарравал бо иштироки
кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон
намоиши ҳунарҳои мардуми ба маърази тамошо гузошта шуда буд, ки ҳозирин аз он
дидан намуданд.
Сипас раиси Кумитаи
иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед
ба сухан баромада зикр намуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ, баракати сулҳу
оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвари мо дар марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ рушди босубот
таъмин гардида, сатҳу сифати зиндагии мардум дар доираи тадбиқи чор ҳадафи
стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - таъмин намудани амнияти энергетикӣ,
раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии
босуръати кишвар зина ба зина беҳтар мегардад ва бо саъюу талоши ватандӯстонаи
халқамон таҳти Роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо
қадамҳои устувор ба пеш меравем.
Ҳамзамон қайд
намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хамчун зодаи даврони истиқлол
бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти
Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифодаи умеду ормонҳои
волотарини мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфта, маҳз бо рисолати
мардумсолорӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандӯстиву худшиносӣ
дар ҷомеа мавқеи худро соҳиб шуд. Ин мактаби бузургро бо ифтихор мактаби сиёсии
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон унвон намудем ва сабақ андӯхтан, аъзо будан ва фаъолият намудан дар онро
ифтихори худ меҳисобем.