МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ТАҚДИР” - И КОРХОНАИ ДАВЛАТИИ “ЗАВОДИ ПРОТЕЗИЮ ОРТОПЕДӢ” - И ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРГУЗОР ГАРДИД

2024-07-22

19 июл, дар асоси банди 4.3 Оинномаи ҲХДТ, қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 15 майи соли 2024, №2 ва ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур оид ба баргузории маъракаҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ дар кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, дар ташкилоти ибтидоии “Тақдир” - и Корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедӣ” - и шаҳри Душанбе маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид.

Дар кори маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Мирзозода Иброҳим Холмурод, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур - Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ, раиси ташкилоти ибтидоии “Тақдир” – Каримов Шерхон ва аъзои ҳизб ширкат варзиданд.

Кори маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии “Тақдир” – Каримов Шерхон кушода эълон намуда, рӯзномаи онро ба ҳозирин ироа намуд.

Тибқи рӯзномаи маҷлис, нахуст ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ташкилоти ибтидоии “Тақдир” - и Корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедӣ” - и шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ташкилот аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаъд шунида шуд.

Оид ба баррасии масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис ҳайати раёсати ташкилоти ибтидоии “Тақдир” бо ҷонибдории аъзои ташкилот интихоб гардиданд.

Вобаста ба баррасии масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис ҷиҳати интихоби раиси ташкилоти ибтидоии “Тақдир” номзадии Каримов Шерхон аз нав пешбарӣ гардида, доир ба он қарори дахлдор қабул карда шуд.

Ба ҳамин тартиб, вобаста ба баррасии масъалаи чоруми рӯзномаи маҷлис, муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Тақдир” низ интихоб гардид.

Дар ин радиф, ҷиҳати баррасии масъалаи панҷуми рӯзномаи маҷлис, вакилон аз ташкилоти ибтидоии “Тақдир” барои иштирок дар конференсияи 35-уми ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур пешбарӣ гардида, доир ба масъалаи мазкур қарори дахлдор қабул гардид.

Дар идомаи маҷлис, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Мирзозода Иброҳим Холмурод суханронӣ намуда, сараввал аъзои ташкилотро ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шодбош намуд.

Дар идомаи суханронии хеш, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Мирзозода Иброҳим Холмурод андешаҳои худро доир ба нақш ва мақоми ҲХДТ дар роҳи ташаккули давлатдории тоҷикон иброз намуда, зикр намуданд, ки имрӯзҳо нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ дар раванди амалисозии ормонҳои миллати тоҷик ва бунёди давлати миллии тоҷикон муҳим ва таъсирбахш мебошад ва итминон дорем, ки бо иштироки фаъоли аъзо ва ҷонибдорони ҳизб барномаҳо ва ҳадафҳои пешгирифтаи он пурмаҳсул татбиқ меёбанд.