БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҲИЗБИИ КИИ ҲХДТ ДАР ҶСК “ШАТ”

2024-07-22

Санаи 19 июли соли 2024 дар толори Саридораи ҶСК “ШАТ” шаҳри Турсунзода конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии ҶСК “ШАТ”, баргузор гардид

Дар кори конференсия муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Латифзода Асрор Қурбон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода Ҳабибуллозода Нурулло Ҳабибулло, Директори генералии ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” Шарифзода Шӯҳрат Ҷурабой, раиси Кумитаи Иттифоқи касабаи КВД Ширкати Алюминийи Тоҷик Хоҷаев Фарҳод Ҳайталиевич ва раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” Турсунова Нодира аъзо ва фаъолони ҳизбӣ, иштирок доштанд.

Ба рўзномаи конференсия масъалаҳои зерин пешниҳод шуд:

1. Ҳисобот оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” дар давраи аз 1 июли соли 2022 то 1-уми июли соли 2024.

2. Дар бораи ҳисоботи молиявии Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик”.

3 Интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик”.

4. Интихоби вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода.

5. Интихоби раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик”.

6. Масъалаҳои ҷорӣ.

Пас аз баррасии масъалаҳо ва қабули қарорҳои дахлдор, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Латифзода Асрор Қурбон ба сухан баромада сараввал аҳли толорро бо муносибати иди касбиашон - "Рӯзи металлургчиён" аз номи роҳбарияти ҲХДТ табрику таҳният намуда сипас дар бораи вазифаҳои Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии ҶСК “ШАТ” ва ташкилотҳои ҳизбӣ баҳри баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, ки аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд маъруза намуд. Инчунин ба масъалаҳои таъмини амнияти кишвар ва муборизаи беамон ба зуҳуроти хатарноки номатлуби замони муосир, аз ҷумла экстремизм терроризм, таасубу хурофотпарастӣ эътибори ҷиддӣ дода, корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ аз ҷумла деҳа ба деҳа вусъат бахшида, мардумро ба корҳои ободониву созандагӣ, татбиқи нақшаҳо вобаста ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани 30 - солагии Ҳизби Халқии Демокоратии Тоҷикистон ва 30 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намоянд.

Мавсуф иброз дошт, ки соли равон барои аъзо ва ҷонибдорони ҳизб соли хотирмон хоҳад буд, зеро имсол 30 - солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро таҷлил намуда мешавад.

Мавсуф қайд намуд, ки Тоҷикистони азиз дар муддати 30 сол таҳти сарварии Президенти мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, имрӯз ба як қувваи бузургу тавоно табдил ёфтааст ва саҳми он дар ҳама самтҳо ва паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи мо бузургу назаррас аст.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти

КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода Маҳмасаид Муротов