Суханронронии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - Абдуҷаббор Азизӣ дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ дар мавзӯи “Вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ барои баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ”

2024-07-19

Муҳтарам аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ!

Ҳозирини гиромӣ!

Соли равон барои аъзо ва ҷонибдорони ҳизби мо соли хотирмон хоҳад буд, зеро имсол чорабинии муҳим, 30 солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро якҷоя таҷлил менамоем.

Бунёди ҳар як ҳизби сиёсӣ тақозои замону макон аст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар даврае таъсис дода шуд, ки Тоҷикистон дар марҳалаи душвортарини таърихии худ, давраи ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ва зиддияту бархурди манфиатҳои гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ қарор дошт.

Заминаҳои асосии ташаккули Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон маншаъ мегирад. Иҷлосияе, ки дар воқеъ, барои мардуми Тоҷикистон тақдирсоз буд. Қарорҳои ин иҷлосия оид ба барқарор намудани ҳукумати конститутсионии кишвар дар таърихи Тоҷикистони навин нақши ҳалкунанда доштанд.

Дар замоне, ки ба созмон додани ҳизби тозабунёд тасмим гирифта шуд, дар ҷумҳурӣ зери роҳбарии Раиси Шӯрои Олии ҳамонвақта, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комиссия оид ба таҳияи лоиҳаи нави Конститутсияи Тоҷикистон ба кор шуруъ кард.

Ҳизби мо, тули 30 сол зери роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи пурпечутобро тай намуда, имрӯз ба як неруи қудратманду тавоно табдил ёфтааст ва саҳми он дар ҳама самтҳо ва паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи мо бузургу барҷаста аст.

Ҳамсафони арҷманд!

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳолати ҳассосе қарор дорад, ки ин вазъ мардуми оламро нигарон кардааст.

Дар иртибот ба фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра ва минтақаи Осиёи Марказӣ, тамоюлҳо ва хатарҳои терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар минтақа, далолат бар он дорад, ки истиқлоли миллӣ, ҳимояи манфиатҳои халқ ва давлати Тоҷикистон метавонанд дучори хатару таҳдидҳои ҷиддии хориҷӣ ва дохилӣ гарданд. Ин амалҳо тавассути қувваҳои мухталифи радикалӣ ва террористӣ дар Осиёи Марказӣ идора мешаванд. Ҳоло дар ин минтақа беш аз 20 ташкилоти террористии ба ном исломӣ вуҷуд доранд, ки ба суботу амнияти минтақа таҳдидҳои рӯзмарра ворид мекунанд.

Чунон, ки аз таҳқиқоти сиёсатшиносон бармеояд, дар миёнаҳои асри ХХ олимони ғарбӣ, ақидае пешниҳод карданд, ки мувофиқи он Ховари Миёна барои молик шудан ба ҳукмронии якқутбаи ҷаҳон аҳамияти ҳалкунанда дорад.

Дар замони муосир дар миёни гурӯҳҳои бо ҳам муқобил ва ё намояндагони фирқаву мазҳабҳои динӣ низоъангезӣ дар Ховари Миёна маъмул гардидааст. Аммо агар ба решаҳои ин зуҳурот таваҷҷуҳ кунем, дарёфт хоҳем кард, ки нақшаи ин низоъҳо дар дастгоҳҳои махсуси кишварҳои қудратталаб таҳрезӣ шудаанд.

Мо аз солҳои нахустини соҳибихтиёрӣ дар сиёсати давлатдории худ "сиёсати дарҳои кушода"-ро эълон кардем, то ин ки бо ҳама кишварҳои олам робитаи дӯстона ва беғаразона дошта бошем. Ин тадбир барои берун баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, рушду пешрафти иқтисод, беҳбуди ҳаёти иҷтимоии мардум, таҳкими истиқлоли миллӣ фурсати хуб ва имконоти васеъро ба вуҷуд овард. Ҳамин аст, ки тамоми коршиносони варзидаи сатҳи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро кишвари муваффақ ва дар ҳоли рушду тавсеа эътироф намуданд.

Вале дар баробари дастовардҳо мушкилоте ба миён омаданд, ки ҳар шахси ватандӯстро бетараф гузошта наметавонад.

Яке аз мушкилоти умдаи имрӯза тамоюл ва гароиши қисме аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ мебошад. Саволе ба миён меояд, ки чаро сарзамини тоҷикон, ки аз нахустин гаҳвораи тамаддуни башарист, ба ин вабои аср ва падидаҳои манфии иҷтимоӣ рӯбарӯ шуд? Чаро миллате, ки ҳазорҳо нобиғаҳои илму адабро ба ҷаҳониён тақдим карда, ба бедавлатон давлатдорӣ, ба бефарҳангиён фарҳанг ва бедонишон дониш додааст, имрӯз фарзандонаш дастнигари гурӯҳҳои ифротию иртиҷоӣ шуда дар миёни халқҳои олам бо амалҳои номатлуб муаррифӣ мегарданд?

Ҷавоби ин суол барои аҳли илму андеша ва нафароне, ки бозиҳои сиёсиро дарк менамоянд, то ҳадди муайян равшан аст. Аз назари геополитикӣ Тоҷикистон кишварест, ки дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст ва дар марзи азимтарин тамаддунҳои дунё қарор дорад. Табиист, ки давлатҳои абарқудрат саъй хоҳанд кард, то манфиатҳои сиёсӣ ва арзишҳои идеологии худро дар давлати ҷавону соҳибистиқлоли мо пайгирӣ намоянд. Мо заҳри ин нияти зиштро дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ чашида будем, ки натиҷаи он ба коми оташ рафтани хонаву дари мардум, ҳалокати 150 ҳазор ҳамватанонамон, ятим мондани беш аз 50 ҳазор тифл, гуреза шудани қариб як миллион нафар аҳолии кишвар ва дар ҳаҷми 10 милиард доллар зиён ба иқтисоди мамлакат мебошад.

Имрӯз низ қувваҳое фаъол гардидаанд, ки ҳадафашон ноамниву бесуботиро дар Тоҷикистон ба миён овардан аст.

Омили дигари шомилшавии гурӯҳе аз афроди ҷомеа ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ надоштани саводи кофӣ, илм ва маърифати лозимаи ҳуқуқӣ мебошад. Ташаббуси беназири Пешвои миллат аз эълон намудани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, огоҳии ҳарчи бештари аҳолии кишвар аз қонунгузории мамлакат маҳз ба хотири пурра намудани ҳамин холигии маърифатӣ мебошад. Нафаре, ки савод дорад, қонунро ҳамчун паноҳгоҳи амнияти шахсӣ ва ҷамъиятӣ дарк мекунад ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҷинояту қонуншиканӣ роҳ намедиҳад ва барои худ роҳи дурусти зиндагиро интихоб менамояд.

Маълумот надоштани оммаи мардум аз моҳияти воқеӣ ва ҳадафҳои ғаразноки сиёсии ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро аз омили дигари шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ба шумор меравад. Сохтору ниҳодҳои ҳизбиро зарур аст, ки дар самти муайян намудани симо, мақсад ва ҳадафҳои нопоки гурӯҳҳои ифротӣ бо сохторҳои амниятии кишвар ҳамкории зич намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоянд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва тамоми сохторҳои он минбаъд бояд фаъолияти худро дар самти пешгирии шомилшавии насли ҷавон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ вусъат бахшида, нақшаи мукаммали муқовиматро ҷиҳати рафъи мушкилоти номбурда дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои мафкуравӣ ва Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо тарҳрезӣ намояд. Таъкид бояд кард, ки аз ҷониби як сохтор ва ё як ҳизб ба танҳоӣ дар шароити инқилоби иттилооти рақамӣ фазои фикрии ҷомеаро тағйир додан мушкил аст. Зарур аст, ки ҳизб ҳамкориро бо мақомоти давлатии соҳаи кор бо занон ва оила, марказҳои тадқиқоти стратегӣ, исломшиносӣ, ҷавонон ва варзиш, амният ва Прокуратураи генералӣ тавсеа диҳад. Душман моро бо неруи ақлонӣ ва воситаҳои техногеннӣ бо коркарди мафкураи носолим таҳдид менамояд, ҳимоя аз ин навъ фишор ва таҳдид муттаҳидии неруҳои солим ва тавлиди мафкураи созандаву эҷодгари миллист.

Ҳозирини арҷманд!

Ҳаракатҳои ифротгарои динӣ истиқлолият ва мавҷудияти ягон давлати мустақилро эътироф намекунанд, зеро низому тартиб ва адлу инсоф ҷавобгӯи манфиатҳои ғаразноки онҳо нестанд. Маҳз ба ҳамин хотир онҳо ба амалкардҳои таърихию тақдирсоз ва навовариҳои иҷтимоию сиёсии давлатҳои миллӣ ба чашми ҳасуд бо ҳар роҳу восита мехоҳанд иқдомҳои давлатҳои миллиро ба назди ҷомеаи ҷаҳонӣ манфӣ муаррифӣ созанд.

Чунин амалҳои зиштро, гуруҳҳои террористию ифротӣ дар ҳудуди кишварҳои ноором ва ҷангзада ба муқобили давлатҳои дигар рӯирост роҳандозӣ намуда, ҷонибдорони ақидаҳои худро ба нооромию фитна даъват менамоянд. Тоҷикистони дунявӣ ва демократӣ дар таърихи навини худ на як бору ду бор чунин фитнаву ҳангомаҳои сохтаро воқеан эҳсос кардааст.

Ифротгароии динӣ ба мавҷудияти давлати Тоҷикистон, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ онро дар асоси Конститутсияаш ҳамчун давлати мустақили демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эътироф кардааст, хатар дорад. Ин ҳама бори дигар собит менамояд, ки бадхоҳону душманони миллати мо интизори лаҳзаи муносиби нооромии кишвари мо мебошанд. Ин ҳолат тарзе Роҳбари ҳизб борҳо таъкид намуданд, моро водор ба он мекунад, ки пайваста ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем.

Яке аз ҳадафҳои марказии душманони миллати мо, низоми дунявию демократии давлати мост. Онҳо низоми дунявиро барои пайравони тундрав, шаттоҳу манфиатҷӯйи худ нолозим ҳисобида, ба муқобили он мубориза мебаранд. Ин ақида дар тамоми адабиёт ва маводи таблиғотии ифротгароён расман баён шуда, ба таври ошкоро аз ҷониби онҳо бо истифодаи ақидаи динӣ таблиғ мегардад.

Давлати Тоҷикистон ба моҳияти дунявии худ, таълимоти ягон дину мазҳабро асоси сиёсат ва идеологияи давлатии худ қарор надодааст ва озодии ҳамаи динҳоро кафолат медиҳад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки хатару оқибатҳои тафаккури ифротгароии динӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ ба муқобили онҳо муборизаи қатъӣ ва фарогирро пеш гирифтааст.

Бинобар ин ташкилотҳои ҳизбиро лозим аст, ки ба раванду рӯйдодҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ баҳои дуруст дода, барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъшуда минбаъд низ чораҳои мушаххас ва муассирро амалӣ намояд.

Таърих собит намудааст ҳар миллате, ки ватандусту худшинос ва аз назари фикрӣ қавист истиқлоли ӯ ҳамеша пойдору устувор аст.

Давлате, ки шаҳрвандонаш эҳсоси баланди ватандӯстиву худшиносӣ ва зарфияти лозимаи сиёсӣ, фикрӣ, иҷтимоӣ ва эҷодӣ надоранд, дар шароити бархурдҳои сиёсию тамаддунӣ ва геополитикӣ осебпазир гардида, дар баробари падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ ва хатарҳои рӯзафзуни ҷаҳони муосир тобовар буда наметавонад.

Мо дар ҷаҳони ноором зиндагӣ карда, аз таъсири ин нооромиҳо ҷудо буда наметавонем. Зеро ин падидаҳо, албатта, бо ин ё он васила ба вазъи ором ва сулҳу суботи ҷумҳурии мо, бахусус афкору андешаи сокинони кишвар низ бетаъсир нест.

Дар ин росто, ҳадафи аслӣ ва меҳвари фаъолияти ҳизби моро бояд ҷалби мардум ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, таҳкими сулҳу субот ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар ташкил диҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон вобаста ба масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа ду мулоқот, яъне мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ҳамчунин мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар доир намуда, дар назди мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ муҳимтарин масъалаҳои зиндагии имрӯзаро, ки иҷрои саривақтии худро тақозо менамоянд, иброз доштанд. Ба ин мулоқот даъват намудани кормандони масъули Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бесабаб набуд. Дар ҷодаи рафъи камбудиҳо ба роҳи саҳеҳ ва татбиқи ҳадафҳои манфиатбахши миллӣ ҳидоят намудани мардум яке аз вазифаҳои муҳим ва асосии ҳизби мо низ маҳсуб мешавад.

Дар ин замина, ташкилотҳои ҳизбӣ тадбирҳои зиёдеро анҷом додаанд. Бори дигар хотирнишон месозам, ки дастуру супоришҳое, ки Пешвои миллат дар вохӯрӣ бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар ироа доштанд, ҳамагӣ мазмун ва муҳтавои барномаи ҲХДТ-ро дар кори мубориза бо таассуб, хурофот ва ифроти динӣ ташкил медиҳанд.

Роҳандозии чорабиниҳои зиёди ташвиқотию таблиғотӣ аз ҷониби сохторҳои ҳизб, аз қабили ҳамоишу аксияҳо, семинару конференсияҳо ва нишасту роҳпаймоиҳо, ки атрофи мавзуоти ин вохӯрӣ баргузор шуданд, ҳанӯз ҳам нокифояанд. Моро зарур аст, ки ба ҳар як нуктаи дастуру супоришҳо вобаста ба замону макон ва талаби ҷомеа бо назари тоза муносибат намоем. Зеро кор бо мафкураи мардум ҳар лаҳза талаботи хосаи худро дорад.

Дар доираи ҳамкории ҳизб бо вазорату идораҳо нақшаву чорабиниҳое тарҳрезӣ ва амалӣ гардиданд, ки ба болоравии маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, ҳисси миллӣ, худшиносиву ватандӯстӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва зиракии сиёсии ҷавонон мусоидат намуданд.

Аз ҷумла доир намудани омузишҳои идоравӣ барои кормандони сохторҳои ҳизб ва хонишҳои сиёсӣ, ки фарогири муҳимтарин масъалаҳо мебошанд, дар ҳама ташкилотҳои ибтидоӣ хусусияти доимӣ касб кардааст.

Дар доираи ҳамкории кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вакилони халқ, соҳибкорону саховатмандон, муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсуси таълимӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо боз ҳам тақвият ёфт. Ба ифтихори иду ҷашнҳои миллӣ ва санаҳои муҳими таърихӣ дар тамоми вилоят ва шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ баргузор гардиданд.

Зимни баргузории чорабиниҳо бо мардум дар бораи моҳияти асосии истиқлолу озодӣ, иқдомҳои муосири ҳизб баҳри пешрафти Тоҷикистон, сулҳу осоиш, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои созандагӣ суҳбатҳо сурат гирифт.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз ба як нерӯи қудратманд дар ҷомеа табдил ёфта, дар сафҳои он муттаҳид гардидани қариб 600 ҳазор нафар аъзо дар 7 ҳазору 63 ташкилоти ҳизбӣ нишонаи ба ғояҳои созандаи ҳизби мо эътимоди қавӣ доштани мардум мебошад.

Аз ин хотир ташкилотҳои ҳизбӣ масъалаҳои дар ин мулоқотҳо баёншударо дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, иҷрои онро бояд самарнок амалӣ намоянд.

Муҳтарам аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ!

Ҷаҳони имрӯза бо далелҳои қатъӣ дар пайравӣ бо тамаддуни пешрафтаи ғарбӣ дар баробари ҳама асосҳо ва маҳакҳои рушддиҳандаи низоми давлатдорӣ, ба вусъат ёфтани равандҳои демократӣ ва эътирофу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон такя менамояд. Шубҳае нест, ки ҳар назару ҳар ғоя, ҳар андешаю мафкура дар масъалаи мазкур таъсироти худро ба пешрафту низом, тартиботу рушди рукнҳои мухталифи ҷомеа, давлатҳо ва тамаддунҳо доштааст. Вале, вазъи имрӯзаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки калиди муваффақияти давлатҳои рӯ ба рушд, ин бедории миллатҳо ва худшиносии миллӣ маҳсуб меёбад.

Худшиносии миллӣ инъикосгари хусусиятҳои руҳиву равонии афроди ҷомеа, шинохти мақом ва нақши таърихию сиёсии миллат, шинохти ҷойгоҳи худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ ва ташаккули ифтихору ғурури созандаи миллӣ аст.

Худшиносии миллӣ пеш аз ҳама дарки зарурати суботу амният, ваҳдат ва якпорчагии марзу буми ватан ва дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ яктану якҷон будан аст.

Аз ин дидгоҳ тоҷикон аз халқҳои қадимаи мардуми ориёиянд, ки бори беш аз шашҳазорсолаи тамаддуни давлату давлатдорӣ ва ҳуқуқу ҳуқуқэҷодкунии пешқадами онро дар сарзамини таърихии аҷдодии, хеш бар дӯш кашидаанд.

Тоҷикон имрӯз ҳамчун миллати сиёсӣ дорои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, ба донишу касб ва адолати иҷтимоӣ арҷ гузошта, ҳуқуқ ва озодии инсонро арзиши олӣ эътироф карда, бо тамоми халқҳои олам муносибати дӯстонаро пеша кардаанд.

Вазифаи аслии ҲХДТ дар шароити муосир ба аъзои ҷомеа ва дӯстони хориҷӣ дуруст муаррифӣ намудани ҳамин сифатҳои накӯи созандаи миллати тоҷик аст. Маҳз муаррифии дурусти ҳамин сифатҳои ахлоқӣ ва шинохти ҳайсияти миллати созандаи мо дар масири таърих имкон дорад ҷавонони моро аз доми фиреби душманони ифротгаро наҷот диҳад.

Талошҳои фарҳангсолоронаи Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замина фароҳам овард, ки миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсӣ ва фарҳангӣ ташакул ёбад. Тайи ин давра дар самти эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ, тақвияти худшиносии миллӣ ва ташаккули рӯҳияи ягонаи миллӣ қадамҳои устувор гузошта шуд.

Яке аз унсурҳои муҳимми худшиносии миллӣ ин шинохти таърихи миллат ва гиромидошти хотираи таърихии он аст. Ҳадафи ниҳоии иқдомҳои таърихӣ дар роҳи эҳёи арзишҳои миллӣ иборат аз он буд, ки миллати мо бо касби худогоҳӣ ва эътимод ба худ, ба дарёфти истиқлоли фикрӣ муваффақ гардад. Ин масъала дорои аҳаммияти ҳамаҷонибаи назариявӣ ва амалист, зеро то истиқлоли фикрии як миллат дар заминаи хатти таърихӣ бо хотироти фарҳангӣ ва рӯҳияш таъмин нагардад, истиқлоли сиёсии он нокомил боқӣ мемонад.

Маҳз ба хотири баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва худогоҳиву худшиносии мардум, инчунин, барои тарбияи ҷавонон ва истифода ба хидмати наслҳои имрӯзаву оянда, гузоштани мероси бузурги ахлоқиву маънавии ниёгон дар фосилаи 33 сол садҳо ҷашну чорабиниҳои бузурги миллиро баргузор намудем.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз пешоҳангони баргузории барномаҳои фарогири фарҳангиву омавист.

Ин тадбирҳоро минбаъд низ бо ҷалби бештари мардум бо шаклу услуби муосир бояд идома диҳем. Дар ин самт бо муассисаҳои фарҳангӣ бояд ҳамкории доимиро ба роҳ монем.

Дар ин раванд, мо мероси мусиқии «Шашмақом» ва «Фалак», ҷашнҳои Меҳргон, Тиргон ва Садаро дубора эҳё кардем.

Иди бостониамон - Наврӯз мақоми байналмилалиро соҳиб гардидааст.

Ҳамчунин, барои нигоҳдорӣ ва муаррифии мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии халқи тоҷик як силсила тадбирҳои бесобиқа андешида шуд.

«Шашмақом», «Саразм», «Боғи миллии Тоҷикистон», «Наврӯз» ва «Чакан» ба феҳристи мероси ҷаҳонӣ ва мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид.

Бунёди бинои нави Китобхонаи миллӣ барои 10 миллион нусха китоб, Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз, Наврӯзгоҳ, театри шаҳри Хоруғ ва 40 қасри фарҳанг дар маркази шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз дастовардҳои арзишманди фарҳангии мо дар даврони истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб мераванд.

Бо силсилаи мақолаву маърӯзаҳо ва таълифи китобҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ориён то Сомониён» ва “Чеҳраҳои мондагор” бо фарогирии равандҳои асосии таърихӣ, барои наслҳои имрӯзу фардо дар густариши худшиносии миллӣ нақши бориз гузошта шуд.

Ташаккули давлатдории навин ва рушди такомули он бо эҳёи маънавӣ ва худшиносии миллӣ пайванди ногусастанӣ дорад.

Маҳз эҳсоси худшиносии миллӣ халқи тоҷикро дар таърихи куҳанбунёди он ба талошу муборизаҳо баҳри истиқлолу озодӣ, нерӯю тавон бахшидааст. Воқеан, бедории сиёсӣ ва худшиносии мардум буд, ки ҷумҳурии мо дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузошт.

Дар ташаккули тафаккури сифатан нави худшиносӣ, ки маънои бо арзишҳои тамаддуни муосир мутобиқ намудани онро дорад, омили таърихиву фарҳангӣ нақши муайянкунанда маҳсуб мешавад. Эҳёи худшиносӣ бе эътирофи хотираи таърихӣ имконнопазир аст.

Мо бо ҳидоятҳои раиси ҳизбамон роҳи худшиносӣ ва эҳёи миллатро пеш гирифта, ба мероси гузашта ҳамчун манбаи зиёбахши бунёди ҷомеаи нав, ваҳдати ҷумлаи тоҷикон ва тамоми халқи Тоҷикистон эҳтиром мегузорем.

Омӯзиш ва маърифати таърих аз муҳимтарин сарчашмаи густариши худшиносии миллӣ ва ифтихори огоҳонаи ватандорӣ аст.

Ин иқдом на фақат барои комил кардани сатҳи огоҳӣ аз гузаштаи хеш, балки барои дарк намудани масъулият барои ояндаи миллат фавқулода муҳим мебошад.

Соли 2023 дар ҷаласаи Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдоди хеш, “Шоҳнома”- и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми кишвар дастрас карда шавад. Ин тадбир дар густариши худшиносиии миллӣ арзишманд хоҳад буд. «Шоҳнома» дар таърихи фарҳанги ҷаҳонӣ ҳамосаи беназири қаҳрамониву ватандорист, ки дар он Фирдавсӣ ғуруру номуси миллӣ ва арзишҳои олии башариро ситоиш карда, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва фарҳангу тамаддуни миллиро рисолати муқаддаси мардум ба шумор овардааст.

Ҳамаи мо аъзои ҳизб дар тарғиби арзишҳои маънавии миллати худ бояд саҳми шоиста дошта бошем. Ташкилотҳои ҳизбиро зарур аст, ки дар баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ”, “Тоҷикистон ватани азизи ман”, “Илм фуруғи маърифат” ва дигар ташабусҳо дар бахши густариши фарҳангу маънавиёти миллӣ пешсаф ва намунаи ибрат бошанд.

Муҳтарам аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ!

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сохторҳои он солҳои охир дар асоси барномаҳои хеш, таҳия ва амалисозии иқдомҳои шоистаро роҳандозӣ намуда, дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зиёдро амалӣ месозад.

Ҳизби мо, дар татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар он ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар, дар асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ эълон шудааст, саҳми босазо гузошта истодааст.

Яке аз иқдомҳои назарраси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар солҳои охир, тақвият бахшидани худшиносию ватандустӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ба корҳои созандагӣ ҷалб намудани сокинони кишвар аст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шумори зимомдорони корҳои идеологӣ дар самти худшиносиву худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои бузурги таърихӣ ва фарҳангиву суннатии миллӣ:

-таъсиси силсила ҳамоишҳоро таҳти унвони “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” дар тамоми минтақаҳои кишвар,

-ташкили барномаҳои бузурги сиёсиву омӯзишӣ ва маърифатӣ, ҳамчунин аксияҳои гуногун, таҳти унвони нест бод терроризм, “Ваҳдат рамзи осоиш”, “Танзим баракати зиндагӣ”, “Оила муқаддастарин рукни ҷомеа ва давлат”, “Тозагии соҳил”, “Либос як рукни фарҳанги миллӣ”, “Саноатикунонӣ дар масири рушд”, “Сипос ба ту омӯзгор”, “Артиши миллӣ кафили истиқлолу якпорчагии давлат” ва амсоли инҳо ба шумори анъана ворид шудааст.

Пешбурди корҳои бунёдиву созандагӣ аз қабили: сохтмони муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, таъмири роҳу кӯчаҳо, боғу гулгаштҳо ва биноҳои ташкилоту муассисаҳо, ободгарӣ ва сабзкориву гулшинонӣ пайваста воқеият меёбад.

Ифтитоҳи сомонаи иҷтимоии таълимии ҳизбӣ бо се забон:

- ташкили ширкат ва суҳбати пайвастаи олимон ва мутахассисони номвару нерӯманд, дар мавзӯи шинохти ҳуввияти миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавии ҷомеа,

- вокунишҳои саривақтӣ ва қазоватҳои муносибу мунсифона дар баробари даъватҳои хоинони Ватан ва чунин иқдомҳо дар тамоми қаламрави кишвар хусусияти доимиву оммавӣ касб намудаанд.

Мо ҷаҳду талош дорем, ки тамоми кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру навоҳии кишвар, ҳамчун мактаби муқтадири омӯзиши ватандориву миллатшиносӣ, худогоҳиву инсонгароӣ пазируфта шаванд

Тарбияи шаҳрванди ватандӯсту худшиносро мо рисолати худ меҳисобем.

Маҳз шаҳрванди худшиносу ватандӯст истиқлоли давлатро ҳамчун арзиши олӣ дарк намуда, ҳифзу бақои давлат ва манфиатҳои онро аз дигар арзишҳо дар афзалият қарор медиҳад.

Фарди дорои чунин хусусият ба арзишҳои миллӣ аз қабили забон, фарҳанг, таърих, тақдири имрӯзаву ояндаи миллат чун ба арзишҳои олӣ эҳтиром дошта, нисбат ба сарнавишт ва манфиатҳои миллати худ дилсӯз ва ҳассос мебошад.

Дар ин амри хайр бояд бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзиамон низ корҳои муфид, ба таври ҳамешагӣ анҷом дода шаванд.

Ҳозирини арҷманд!

Ҳизби мо аз соли 2008 инҷониб иқдоми ватандӯстона, яъне масъулияти бузурги сарпарастии маънавии сохтмони нерӯгоҳи Роғунро бар дӯш гирифтааст ва дар пешрафти корҳои сохтмон тадбирҳои мушаххасро амалӣ мекунад.

Нахуст бояд хотирнишон сохт, ки худшиносии миллӣ ба замми хотираи таърихӣ, арзишҳо ва корнамоии фарзандони барӯманди миллат устуворӣ ва пойдории худро дар симмати созандагӣ ва бунёдкории миллат таҷассум менамояд.

Роғун ҳамчун намои иқтидори бемисли истиқлол ва коргоҳи муттаҳидсозандаи неруи халқ дар ободии давлат, паҳнои устувори маънавӣ ва моддии худшиносии миллиро ифода менамояд. НОБ и Роғун муъҷизаи дасти коргарони миллати тоҷик, майдони созандаи заҳмати фидокорона, мактаби ташаккули коргари нави миллӣ ва иродаи созандаи Пешвои миллати мост, ки рӯҳу равони созандаи худшиносии миллии моро, бо мӯъҷиза ва нодиракории техникӣ ба оламиён муаррифӣ менамояд.

Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбари муаззами ҳизбамон, ки зимни мулоқот бо сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии “Роғун” баён намуда буданд, бо ибтикори ҳизб пайваста чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ баргузор мешаванд, ки ҳадаф аз роҳандозии онҳо баланд бардоштани рӯҳияи кормандони ин иншооти ҳаётан муҳим аст.

Имрӯзҳо 2 ҳазор нафар аъзои ҳизби мо дар Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ НБО «Роғун» муттаҳид гардида, аҳлона кору фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 40 фоизи онро ҷавон ташкил медиҳанд.

То ба имрӯз як ҳазору панҷсад нафар шаҳрвандон ба Неругоҳи барқи обии “Роғун” тавассути роҳхати ҳизбӣ ба кор таъмин гардиданд.

Зарур аст, ки тамоми ташкилотҳои ҳизбӣ бо иштироки аҳли адабу ҳунар барои кормандони НБО Роғун пайваста чорабиниҳои фарҳангӣ ва маҳфилҳои адабӣ баргузор намуда, ин коргоҳи бузургро ҳамчун кафили истиқлоли энергетикӣ, ҳамчун тавсеабахши саноати кишвар, истеҳкомбахши ҷойгоҳи минтақавии мамлакат, калиди ҳалли бахше аз мушкилоти экологӣ, мазҳари иқтидори давлат ва миллат тоҷик, мактаби тарбияи мутахассисон ва омили ҷалби сармояи хориҷӣ мавриди таблиғу ташвиқ қарор диҳем.

Муҳтарам аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ!

Фаъолияти ҳар як ҳизби сиёсӣ зимни иштирок дар маъракаи интихоботӣ ҷамъбаст ва хулоса мегардад. Маҳз интихобот муқаррар менамояд, ки ҳизби сиёсӣ миёни мардум чӣ маҳбубият дорад.

Иштирок дар интихобот худ нишонаи эҳсоси ватандӯстию худшиносӣ ва саҳмгузорӣ дар таъмини соҳибистиқлолии миллӣ аст. Дар ҳар ҷомеаи демократӣ афзудани таваҷҷуҳи аҳолӣ ба ҳаёти сиёсӣ ва кӯшиши иштироки мардум дар дигаргунсозиҳои ҷомеа яке аз шартҳои муҳимтарини инкишофу пешрафт маҳсуб мегардад.

Дар асоси талаботи қонунгузории ҷорӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, муваззафанд, ки фаъолияти худро танҳо дар доираи Конститутсия ва қонунҳои танзимкунанда амалӣ намоянд.

Бинобар ин, Кумитаи иҷроияи марказии ҳизбро зарур аст, ки то интиҳои соли равон барои сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои ҳизбӣ семинарҳои омузиширо доир кунад, қонунҳои вобаста ба интихоботро мавриди омӯзиш қарор диҳад ва ба интихоботи дар пешбуда, бо масъулияти баланди худшиносӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба ҳуқуқҳои сиёсии ҳамаи аҳзоби дигари кишвар ҳамроҳ шавад.

Ҳозирини арҷманд!

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои мустаҳкам намудани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ, ҳамчун ҳизби ҳоким бояд ҳамеша нақши сазовор дошта бошад.

Дар ин замина як масъаларо таъкид кардан мехоҳам, ки мо аз пешрафту муваффақиятҳо бояд хотирҷамъ нашуда, фаъолияти ҳамешагии худро пайваста таҳким бахшем ва пеш аз ҳама ба масъалаҳои зерин эътибори ҷиддӣ диҳем:

1. 30-юмин солгарди таъсиси ҳизбро ба таври шоиста баргузор намуда, барои дар сатҳи баланди сиёсӣ доир намудани чорабиниҳои ҷашнӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, оид ба таърихи таъсиси ҳизб, нақши мубрами он дар ҷомеаи Тоҷикистон, саҳми аъзои фаъол ва бахусус, собиқадорони ҳизб дар рушди устувори давлати ҷавони мо, аз тариқи васоити ахбори омма маводи ибратбахшу ҷолиб нашру пахш намояд.

2. Бо мақсади дуруст ва муваффақ истодагарӣ намудан бо мафкураи ифротию номатлуб, курсу семинарҳои омӯзиширо тавассути олимони ҳирфаӣ дар сохтору ниҳодҳои ҳизбӣ ҷоннок намоянд.

3. КИМ ҲХДТ ҷиҳати дуруст роҳандозӣ намудани фаҳму дарки худшиносии миллӣ, ҳамчун сипари муҳофизи маънавии миллат ва тавлиди консепсияи ҳифзи арзишҳои миллӣ дар фазои мафкуравӣ, озмуну равишҳои илмӣ - омӯзиширо дар самти асарҳои беҳтарини тадқиқотӣ дар мавзӯоти “ватандӯстӣ”, “худшиносии миллӣ”, “давлати миллӣ” ва ғ. дар фазои илмии кишвар таъмин намояд.

4. Бо ҷалби олимони ҳуқуқшиноси ватанӣ тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ватандӯстиро омода намуда ба истиқболи 35 умин солгарди Истиқлоли давлатӣ нашр намояд.

5. Корҳои таблиғотиву ташвиқотиро дар самти шарҳу тафсири дастуру супоришҳои Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ дар ҳамкорӣ бо Фраксияи ҳизб дар парламент дар байни мардум васеъ ба роҳ монанд.

6. Кумитаи Иҷроияи Марказӣ барои таҳияи Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2025 – 2030 аз ҳисоби аъзои фаъоли ҳизб, олимону коршиносони варзидаи самту соҳаҳои мухталиф, гурӯҳи корӣ созмон дода, то нимаи моҳи октябри соли равон лоиҳаи онро ба роҳбарияти ҳизб пешниҳод намояд.

7. Мо дар шароити ҷанги нави фарҳангу тамаддунҳо ва манфиати абарқудратҳо, ҷанги бо ном когнитивӣ- муноқишаи ақлҳо ва муборизаи донишҳо истодаем. Ин навъи мубориза на танҳо имону инсофу дигар арзишҳои маънавиро сӯистифода менамояд, инчунин бузургтарин неъмати инсонӣ ақлу донишро дар саргаҳи ташаккули он аз овони хурдсолӣ зиндони нафсу фасод ва коҳилию корношоямӣ карда, инсони муосирро ҳамчун восита ба дастнигари техникӣ табдил медиҳад. Оқибати ин равиши манфӣ дар омезиш бо рушди илму технология ва иттилооти рақамӣ барои инсони оянда, назар ба ҷанги атомӣ хатари бештарро доро аст. Аз ин хотир моро зарур аст, ки кормандони ниҳоди зеҳниро аз ҳисоби ҷавонони болаёқат дар риштаҳои илмҳои нави равоншиносии киберӣ, ҷомеашиносӣ, диншиносӣ ва сиёсатшиносӣ дар донишкадаҳои пешрафтаи дунё тавассути квотаҳои давлатӣ роҳандозӣ намоем.

8. Қабули сифатноки аъзои ҳизбро ба роҳ монда, соли равон дар асоси муқаррароти Оинномаи ҳизб, баргузории конфронсҳои ҳисоботиву интихоботии кумитаҳои иҷроияи ҳизбро дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таҳти назорат қарор дода, аз ҳисоби шахсиятҳои фаъолу собитқадам ва обрӯманди маҳаллу минтақаҳо интихоб гардидани аъзои нави кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявиро таъмин намояд.

9. Масъалаи ватандустӣ ва худшиносии миллиро дар фаъолияти худ афзалият бахшида, барои пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ чораҳои мушаххас ва муассирро амалӣ созанд. Аз баски фаъолияти минбаъдаи мо, бо тақозои ҷаҳони муосир танҳо тавассути иттилооти рақамӣ сурат мегирад, дар ҳамаи сохторҳои ҳизбии шаҳру ноҳияҳо як воҳиди кории корманди иттилооти рақамӣ, дар солҳои оянда ба инобат гирифта шавад.

10. Ҳамкориҳоро бо тамоми сохторҳои давлатию ҳукуматӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ пайваста таҳким бахшида, ба он муваффақ гардем, ки дар ҳалли масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ нақши шоиста дошта бошем.

11. Ташкилотҳои ҳизбиро лозим аст, ки нисбат ба рӯйдодҳои муҳимии сиёсию иҷтимоии ҷумҳурӣ, минтақа ва ҷаҳон бетафовут набошанд, балки бо таҳлилу баҳогузории онҳо фаъолияти сиёсию ҳизбии худро роҳандозӣ намуда, ба навиштаҳои ғаразноки мухолифони сиёсӣ, ки дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр мерасанд, ҷавоби муносибу бодалел дода, мардумро аз аслу моҳияти воқеаву рӯйдодҳо бохабар созанд ва дастовардҳои кишварро ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

12. Ба рушди маърифати сиёсиву ҳуқуқии мардум эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда, тадбирҳоеро амалӣ созанд, ки ҳадафрас ва натиҷабахш бошанд.

13.Тибқи барномаҳои худ, тайи солҳои охир дар самти густариш додани ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати ҳимояву пешбурди манфиатҳои миллӣ ва таҳким бахшидан ба ҷойгоҳи кишвар дар арсаи байналмилалӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон корҳои зиёдеро ба сомон расонид. Дар ин ҷода метавон муносибатҳои ҳизбро бо ҳизбҳои сиёсии дигар кишварҳо қайд намуд.

Боиси зикр аст, ки муносибатҳои мо бо ҳизби умумироссиягии “Единая Россия” ҷиҳати амалӣ гардидани Созишномаи ҳамкориҳо вусъати тоза касб намудааст. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки роҳбарияти олии ҳизб ба он диққати чиддӣ медиҳад, ин кор бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.

Сафарҳои гуруҳҳои кории ҳизб ба минтақаҳои Федератсияи Россия ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мушкилотҳо ва камбудиҳо дар самти будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ ҷой дорад. Ин пеш аз ҳама аз надонистани қонунҳо дар самти муҳоҷират, забон, таърих ва фарҳанги давлати қабулкунанда ва дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, зарур мешуморем, ки дар ҳалли масъалаи мазкур, дар мадди аввал ҳамкориро бо мақомоти ваколатдори соҳа, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва қабулгоҳи ҷамъиятии ҳизб дар шаҳри Москва дуруст ба роҳ монда, минбаъд низ ҷиҳати сафарбар намудани гурруҳҳои корӣ ба минтақаҳои Федератсияи Россия чораҳои дахлдор андешида шаванд.

Ҳозирини арҷманд!

Мазмуни фаъолияти ҳизби мо, аз иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон маншаъ гирифта, ҳамчун ниҳоди боэътимоди мардумӣ 30 сол қабл ба арсаи сиёсати кишварамон ворид шуд ва дар ин муддат барои хомӯш кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии сулҳу оромӣ, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва давлатдории миллӣ саҳми сазовор гузошт.

Пешвои муаззами миллат, Раиси маҳбуби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рӯзгори ноороми миллати мо, ҳамчун такягоҳи боэътимоди сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ҳамроҳ бо розу ниёз ва талаботи мардуми кишвар ташаккул ёфта, ҳаёти худро барои барқарорсозии давлати озоду ободи Тоҷикистон ва амалӣ шудани ниятҳои ормонии халқи тоҷик васл намуда, халқи парокандаро муттаҳид, миллати ба заволрафторо наҷот ва давлати фурӯрафтаро барқарор карда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатеро бо номи Тоҷикистон устувор сабт карданд.

Мо, аъзо ва ҷонибдорони ғояҳои созандаи ҳизб вазифадорем, ки ин неъмати бебаҳо ва ин амонати Пешвои миллат – давлати тозаистиқлоли тоҷиконро, бо тамоми ҳусну фасоҳат ва рушду нумӯяш воҳиду тобовар аз таҳдиду хатарҳои замонию маконӣ ба наслҳои оянда ба мерос гузорем. Ман аминам, ки ин рисолатро мо масъулин ва фаъолони ҲХДТ бо сарбаландӣ иҷро мекунем, зеро такягоҳи мо се арзиши бебаҳост:

Хиради азалии таҳаммулгарою хирадмандонаи миллатамон, заҳмату кӯшиши фарзандони содиқу вафодори ватан ва ниҳоят корнамоию ҷонфидоии намунавии Пешвои ҳизб бо дастуру роҳнамоиҳои ояндасозашон.

Маҳз ба ҳамин хотир узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан ҳам ифтихору шараф ва ҳам масъулияти бузург дар назди халқу Ватан ва сарнавишти давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мебошад.

Саломату сарбаланд бошед!