КОНФЕРЕНСИЯИ ҲИСОБОТӢ - ИНТИХОБОТИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶСК НБО “РОҒУН” БАРГУЗОР ГАРДИД
2024-07-18
16 июли соли 2024 бо
иштироки и.в. мудири
шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроия Марказии Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон, Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, конференсияи ҳисоботӣ
- интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ дар ҶСК НБО “Роғун” баргузор гардид.
Конфероенсия дар
доираи талаботи қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 15 майи
соли 2024, №9 ва қарори маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун №9 аз
09.06.2024 дар толори маҷлисгоҳи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии “Роғун” баргузор карда
шуд.
Дар кори маҷлис раиси
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун Қосимзода Нусратулло, муовини якуми КИИ
ҲХДТ дар ҶСК НБО “Роғун” Абдулаҳадзода Сайдулло раисони
ташкилотҳои ибтидоии НБО - “РОҒУН” аъзо ва фаъолони ҳизбӣ ширкат
варзиданд.
Конференсияро
Абдулаҳадзода Сайдулло - муовини якуми раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ дар ҶСК
НБО “Роғун” бо сухани ифтитоҳӣ оғоз
намуда, рӯзномаи маҷлисро ба меҳмонон ва иштирокдорон шинос карданд.
Тибқи рӯзномаи маҷлис
нахуст ҳисоботи раиси
Кумитаи иҷроияи ибтидоии дар бораи фаъолият дар давраи аз моҳи июли соли 2022
то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаъда шунида шуд.
Сипас, вобаста ба
масъалаи интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ, раис ва муовинони раиси
Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ аз ҷониби аъзои ҳизб 5-нафар аъзои КИИ дар ҶСК
НБО “Роғун” пешбарӣ ва
интихоб гардиданд.
Сипас, номзадии
Сафарзода Хайрулло Амиралӣ ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва
Абдулаҳадзода Сайдулло, Қосимов Манучеҳр ба ҳайси муовини якум ва муовини раиси
Кумитаи иҷроияи ибтидоиӣ дар “ҶСК НБО Роғун” пешниҳод ва интихоб карда шуданд.
Аз рӯи масъалаи чоруми
маҷлис вобаста ба интихоби вакилон ба конференсияи ХХ-уми ҳисоботӣ -
интихоботии ҲХДТ дар шаҳри Роғун якдилона қарор қабул карда шуд. Инчунин, раиси
Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ Сафарзода Хайрулло Амиралӣ ва 20 нафар фаъолон, ҳамчун
вакил барои иштирок дар кори конференсияи шаҳрии ҲХДТ интихоб карда шуданд.
Вобаста ба масъалаҳои
дар маҷлис матраҳгардида қарорҳои дахлдор қабул ва карда шуданд. Дар фарҷом и.в. мудири
шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон, Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, вобаста ба фаъолияти КИИ ҲХДТ дар
ҶСК НБО “Роғун” ибрози андеша намуда, даъват ба
амал оварданд, ки корҳои дохилиҳизбиро дар ташкилотҳои ибтидоӣ ҷоннок намуда,
ҷиҳати ҷалби босифати аъзои ҳизб, назорати гардиши кадрӣ, пардохти саривақтии
ҳаққи узвият, обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои
сиёсӣ, фарҳангӣ ва оммавӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкориҳо ба
истиқболи сазовори 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас ва саривақтӣ андешида бошанд. Ҳамчунин,
вобаста ба авзои сиёсии зудтағйирёбанда ва пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир
суханронӣ намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи ҳушёрию зиракии сиёсӣ, эҳсоси
ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ, пешгирии ҷавонону
наврасон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, вусъат додани корҳои таблиғотӣ дар
самти пешгирии тақлид ба фарҳанги бегона, риояи урфу анъанаҳои мазҳабиву
суннатӣ ва тарғиби ғояҳои созандаи ҲХДТ дастур манзур карда шуд.
Бо итсифода аз фурсати
муносиб 15 нафар аз кормандони ҷавон, ки иродаи сиёсиашонро муайян намуда, бо
хоҳиши худ бо ариза ба Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ муроҷиат карда буданд, дар
вазъияти тантанавӣ ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул карда шуда,
аз ҷониби, Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо
кадрҳои Дастгоҳи Кумитаи иҷроия Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,
шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.
КИИ ҲХДТ дар ҶСК НБО “Роғун”