МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ШИФО” - И РАЁСАТИ ТАНДУРУСТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРГУЗОР ГАРДИД

2024-07-16

16 июл, дар асоси банди 4.3 Оинномаи ҲХДТ, қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 15 майи соли 2024, №2 оид ба баргузории маъракаҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ дар кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, дар ташкилоти ибтидоии “Шифо” - и ҲХДТ дар Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид.

Дар кори маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Мирзозода Иброҳим, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, раиси ташкилоти ибтидоии “Шифо” - Шарифзода Хушвахтуло Салим ва аъзои фаъоли ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Шифо” ширкат варзиданд.

Кори маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии “Шифо” – Шарифзода Хушвахтуло Салим кушода эълон намуда, рӯзномаи онро ба ҳозирин ироа намуд.

Тибқи рӯзномаи маҷлис, нахуст ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Шифо” - и Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ташкилот аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаъд шунида шуд.

Дар қисмати музокираҳо аъзои ташкилоти ибтидоии “Шифо” суханронӣ намуда, ҳисоботи ташкилотро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Вобаста ба баррасии масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис ҷиҳати интихоби раиси ташкилоти ибтидоии “Шифо” номзадии сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе - Шарифзода Хушвахт Салим аз нав пешбарӣ гардида, доир ба он қарори дахлод қабул ва тасдиқ карда шуд.

Ба ҳамин тартиб, вобаста ба баррасии масъалаи чоруми рӯзномаи маҷлис, муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Шифо” ва котиби ташкилот низ интихоб гардиданд.

Оид ба баррасии масъалаи панҷуми рӯзномаи маҷлис, вакилон аз ташкилоти ибтидоии “Шифо” барои иштирок дар конференсияи 35-уми ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур пешбарӣ гардида, доир ба масъалаи мазкур қарори дахлдор қабул гардид.

Дар идомаи маҷлис, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Мирзозода Иброҳим Холмурод суханронӣ намуда, сараввал аъзои ташкилотро ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шодбош намуд.

Дар идомаи суханронии хеш, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Мирзозода Иброҳим Холмурод андешаҳои худро доир ба нақш ва мақоми ҲХДТ дар роҳи ташаккули давлатдории тоҷикон иброз намуда, зикр намуданд, ки имрӯзҳо нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ дар раванди амалисозии ормонҳои миллати тоҷик ва бунёди давлати миллии тоҷикон муҳим ва таъсирбахш мебошад ва итминон дорем, ки бо иштироки фаъоли аъзо ва ҷонибдорони ҳизб барномаҳо ва ҳадафҳои пешгирифтаи он пурмаҳсул татбиқ меёбанд.