ДАР КВД БССТ "САНОАТСОДИРОТБОНК" САФИ АЪЗОИ ҲИЗБ ЗИЁД ГАРДИД
2024-07-16
15 июли соли 2024
Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии “Ҳамсафон” - и ҲХДТ дар ноҳияи
Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Маҷлиси умумии
ҳисоботӣ-интихоботӣ дар доираи талаботи қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз
15 майи соли 2024, №2 ва қарори маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино №4
аз 06.06.2024 дар толори маҷлисгоҳи КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” баргузор карда
шуд.
Дар кори маҷлис
Ширинбеков Садриддин – намояндаи
Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Муродов Ҷурабек – муовини раиси Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Ҳабибзода Зоҳир – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Бобозода Ҳокимшоҳ Ҷурахон – раиси Ташкилоти
ибтидоии “Ҳамсафон” ва аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ширкат варзиданд.
маҷлисро
Бобозода Ҳ.Ҷ., - раиси Ташкилоти
ибтидоии “Ҳамсафон” - и ҲХДТ дар ноҳияи Сино бо суханони
ифтитоҳӣ оғоз намуда, рӯзномаи Маҷлис ва меҳмононро ба иштирокдорон шинос
карданд.
Тибқи рӯзномаи маҷлис
нахуст ҳисоботи раиси Ташкилоти ибтидоии “Ҳамсафон” дар бораи фаъолият дар
давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаъда
шунида шуд.
Сипас, вобаста ба
масъалаи интихоби Раёсат, раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ аз ҷониби
аъзои ҳизб 7-нафар ба аъзогии Раёсат пешбарӣ ва интихоб гардиданд.
Сипас, номзадии
Бобозода Ҳокимшоҳ Ҷурахон ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Абдухолиқзода
Дилрабо ба ҳайси муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Ҳамсафон” пешниҳод ва
интихоб карда шуданд.
Аз рӯи масъалаи чоруми
маҷлис вобаста ба интихоби вакилон ба конференсияи ХLIV-уми ҳисоботӣ -
интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Сино якдилона қарор қабул карда шуд, ки
раиси ташкилоти ибтидоӣ Бобозода Ҳ.Ҷ.,
ва Абдухолиқзода Д. вакил барои иштирок дар кори
конференсияи ноҳиявии ташкилотҳои ҲХДТ интихоб карда шавад.
Вобаста ба масъалаҳои
дар маҷлис матраҳгардида қарорҳои дахлдор қабул ва тасдиқ карда шуданд.
Дар фарҷом намояндаи
Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе
ва Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия вобаста ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ибрози
андеша намуда, даъват ба амал оварданд, ки корҳои дохилиҳизбиро дар ташкилоти
ибтидоӣ ҷоннок намуда, ҷиҳати ҷалби босифати аъзои ҳизб, назорати гардиши
кадрӣ, пардохти саривақтии ҳаққи узвият, обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, иштироки
фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва оммавӣ, вусъати корҳои ободонию
созандагӣ ва бунёдкориҳо ба истиқболи сазовори 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва
35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас ва
саривақтӣ андешида бошанд. Ҳамчунин, вобаста ба авзои сиёсии зудтағйирёбанда ва
пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир суханронӣ намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи
ҳушёрию зиракии сиёсӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанг ва анъанаҳои
миллӣ, пешгирии ҷавонону наврасон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, вусъат
додани корҳои таблиғотӣ дар самти пешгирии тақлид ба фарҳанги бегона, риояи
урфу анъанаҳои мазҳабиву суннатӣ ва тарғиби ғояҳои созандаи ҲХДТ дастур манзур
карда шуд.
Бо итсифода аз фурсат
якчанд нафар кормандони ҷавон, ки иродаи сиёсиашонро муайян намуда, бо хоҳиши
худ бо ариза ба Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Сино муроҷиат карда буданд, ба сафи
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул карда шуданд.
Хотирасон менамоем, ки сафи аъзои ҳизб дар КВД БССТ
“Саноатсодиротбонк” ба 99% расид.