Маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ доир гардид

2024-07-15

Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «Қалби пок» маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ аз рӯи масъалаҳои зерин доир гардид.

Дар кори маҷлис Сайрамбӣ Ҷалилова – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод ва аъзои ташкилоти ибтидоӣ иштирок намуданд

1. Дар бораи “Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Қалби покдар давраи ҳисоботӣ

2. Дар бораи аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоии “Қалби пок”

3. Дар бораи интихоби раиси ташкилоти ибтидоии “Қалби пок”

4. Дар бораи интихоби муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Қалби пок”

5. Дар бораи интихоби вакилон ба конференсияи 18 -уми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод

6. Масъалаҳои ташкилӣ

Аз руи масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Қалби пок” оид ба ҷамъбасти фаъолият дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда раиси ташкилоти ибтидоии “Қалби пок” ҳисобот доданд.

Аз рӯи натиҷаи ҳисобот маълум гашт, ки дар давраи ҳисоботӣ ташкилот корҳои зиёдеро ба анҷом расонида, мақсадҳои зиёди дигаро дар нақша дорад.

Зарифов Умедҷон аз нав ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидои “Қалби пок” интихоб гардид.

Ба вазифаи муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ Забиров Эмомалӣ интихоб гардид.

1 - нафар ба ҳайси вакили конфренсияи ноҳиявӣ пешниҳод гардиданд.

Дар идомаи кори маҷлис Сайрамбӣ Ҷалилова – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод вобаста ба сазовор таҷлил намудани ҷашни 30- солагии таъсисёбии ҲХДТ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ҲХДТ дар тули фаъолияти худ тавонист ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии худро дар тамоми ташкилотҳои ҳизбӣ татбиқ намуда, мавқеъ ва нуфузи худро миёни мардум боло бардорад. Қайд гардид, ки ҲХДТ ҳамчун созмони боэътимоди сиёсии мардумӣ таҳти роҳбарии Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ барои устувориву пойдории сулҳ ва ободии Ватан кушиш ба харҷ дода, ҳадафи асосиаш низ ваҳдату ягонагӣ, таъмини ояндаи неки кишвар аст.

Ҳамзамон, мавсуф вобаста ба фаъолияти корҳои дохилиҳизбӣ, рисолати аъзои ҳизб дар рушду пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат дар ҳалли мушкилоти мардум ибрози андеша намуд.

Инчунин таъкид карда шуд, ки имрӯзҳо ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ ҷавононро бештар бо ваъдаҳои бардуруғ ба гурӯҳои хеш шомил карда истодаанд. Аз ин рӯ, мо падару модарон ва сокинону ҷавонони ноҳияро зарур аст, ки фарзандони хешро ҷиддӣ назорат намуда, кӯшиш намоем, ки онҳоро бештар барои омӯзиши илму дониш ва тарзи дуруст истифода бурдани техникаву технология ва сомонаҳои иҷтимоӣ роҳнамоӣ кунем. Зеро тақозои замон водор месозад, ки мо дар истифодаи интернет ҳушёр бошем, чунки як лаҳза ва як андешаи ноҷо зиндагии моро барбод медиҳад.