ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ГАРМИДИҲАНДА» НАТИҶАГИРӢ ГАРДИД
2024-07-15
Имрӯз дар ташкилоти
ибтидоии "Гармидиҳанда" -и Муассисаи шабакаи гармидиҳанда дар шаҳри
Душанбе маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.
Дар кори маҷлис
Абдураҳим Шоҳиён - раиси
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Ёров Абдуҷаббор - раиси ташкилоти
ибтидоӣ "Гармидиҳанда" ва аъзои ташкилоти ибтидоӣ иштирок намуданд.
Сараввал ҳисоботи
ташкилоти ибтидоии “Гармидиҳанда” – оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз
моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда
шунида шуд.
Қайд гардид, ки 14
нафар кормандон дар давраи ҳисоботӣ дар ташкилоти ибтидоии “Гармидиҳанда” ба
сафи ҳизб пайвастанд.
Ҳамчунин дар маҷлис
масъалаҳои дигари рӯзнома низ барраси гардиданд. Тибқи муқаррарот раиси
ташкилоти ибтидоии “Гармидиҳанда” бо тарафдории аксарияти аъзои ҳизб Абдуҷаббор
Ёров интихоб карда шуд.
Дар кори маҷлис
Абдураҳим Шоҳиён вобаста ба фаъолияти корҳои дохилиҳизбӣ, рисолати аъзои ҳизб
дар рушду пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ
ҷиҳати мусоидат дар ҳалли мушкилоти мардум ибрози андеша намуд.
Дар идомаи маҷлис
Абдураҳим Шоҳиён вобаста ба сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 - солагии таъсисёбии ҲХДТ
суханронӣ намуда, иброз дошт, ки соли 2024 – дар ҳаёти иҷтимоии мо ҳамчун соли
сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ифода гардида, барои аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТсоли таърихӣ ва
муаррифии дастовардҳо маҳсуб меёбад.
Таъкид гардид, ки 30 -
солагии таъсисёбии ин ниҳоди бонуфузи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва 30 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо
фаъолияти назаррасу донишҳои баланди ҳуқуқӣ таҷлил хоҳем кард.
Дар интиҳо ба як қатор
ҷавононе, ки ба сафи ҲХДТ пайвастанд шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.
Ҳамзамон, ба як зумра аъзои Ташкилоти ибтидоии
“Гармидиҳанда”, ки дар татбиқи ҳадафҳои оинномавию барномавиии Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон саҳм гузоштанд бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
ноҳияи Фирдавсӣ қадрдонӣ гардиданд.