КОНФЕРЕНСИЯИ ҲИСОБОТӢ - ИНТИХОБОТИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ “ШАБАКАҲОИ ИНТИҚОЛ ВА ТАҚСИМОТИ БАРҚ” - И ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРГУЗОР КАРДА ШУД
2024-07-12
12 июли соли 2024 бо
иштироки муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Латифзода Асрор Қурбон
конференсияи ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи
ибтидоии “Назорат ва тақсимоти барқ” - и ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
баргузор гардид.
Конфероенсия дар
доираи талаботи қарори
маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 15 майи соли 2024, №2 ва
қарори маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино №4 аз 06.06.2024 дар толори
маҷлисгоҳи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Шабакаҳои интиқол ва тақсимоти барқ”
баргузор карда шуд.
Дар кори маҷлис раиси
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳабибзода Зоҳир Иззат, раиси
Ташкилоти ибтидоии “Шабакаҳои интиқол ва тақсимоти барқ” Самизода Абдуалим
Маҳмад ва аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ширкат варзиданд.
Конференсияро Абдуалим
Самизода - раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Шабакаҳои интиқол ва тақсимоти барқ” - и
ҲХДТ дар ноҳияи Сино бо суханони ифтитоҳӣ оғоз намуда, рӯзномаи маҷлис ва
меҳмононро ба иштирокдорон шинос карданд.
Тибқи рӯзномаи маҷлис
нахуст ҳисоботи Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Шабакаҳои интиқол ва тақсимоти
барқ” дар бораи фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли
2024 ва вазифаҳо барои минбаъда шунида шуд.
Сипас, вобаста ба
масъалаи интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ, раис ва муовини раиси Кумитаи
иҷроияи ибтидоӣ аз ҷониби аъзои ҳизб 11-нафар аъзои КИИ “Шабакаҳои интиқол ва
тақсимоти барқ” пешбарӣ ва интихоб гардиданд.
Сипас, номзадии
Самизода Абдуалим Маҳмад ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Соҳибов Асрор ба
ҳайси муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Назорат ва тақсимоти барқ”
пешниҳод ва интихоб карда шуданд.
Аз рӯи масъалаи чоруми
маҷлис вобаста ба интихоби вакилон ба конференсияи ХLIV-уми ҳисоботӣ -
интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Сино якдилона қарор қабул карда шуд, ки
раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ Абдуалим Самизода ва се нафар фаъолон, ҳамчун
вакил барои иштирок дар кори конференсияи ноҳиявии ташкилотҳои ҲХДТ интихоб
карда шаванд.
Вобаста ба масъалаҳои
дар маҷлис матраҳгардида қарорҳои дахлдор қабул ва тасдиқ карда шуданд.
Дар фарҷом Асрор
Латифзода – муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вобаста ба
фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ибрози андеша намуда, даъват ба амал оварданд, ки
корҳои дохилиҳизбиро дар ташкилоти ибтидоӣ ҷоннок намуда, ҷиҳати ҷалби босифати
аъзои ҳизб, назорати гардиши кадрӣ, пардохти саривақтии ҳаққи узвият, обуна ба
нашрияҳои ҳизбӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва оммавӣ,
вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкориҳо ба истиқболи сазовори
30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
тадбирҳои мушаххас ва саривақтӣ андешида бошанд. Ҳамчунин, вобаста ба авзои
сиёсии зудтағйирёбанда ва пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир суханронӣ намуда,
ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи ҳушёрию зиракии сиёсӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва
арҷгузорӣ ба фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ, пешгирии ҷавонону наврасон аз
шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, вусъат додани корҳои таблиғотӣ дар самти пешгирии
тақлид ба фарҳанги бегона, риояи урфу анъанаҳои мазҳабиву суннатӣ ва тарғиби
ғояҳои созандаи ҲХДТ дастур манзур карда шуд.
Бо итсифода аз фурсат якчанд нафар фаъолони Кумитаи
иҷроияи ибтидоӣ барои фаъолияти пурмасъул ва саҳмгузорӣ дар амлисозии ҳадафҳои
созандаи ҲХДТ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи Ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ
бо сипосномаи Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Сино ва ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи
ибтидоӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин, 11-нафар аз кормандони ҷавон, ки
иродаи сиёсиашонро муайян намуда, бо хоҳиши худ бо ариза ба Кумитаи иҷроия дар
ноҳияи Сино муроҷиат карда буданд, дар вазъияти тантанавӣ ба сафи Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон қабул карда шуда, аз тарафи муовини Раиси ҲХДТ, Латифзода А.Қ., шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида
шуданд.