МАҶЛИСИ УМУМИИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ” - И ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРГУЗОР КАРДА ШУД
2024-07-12
11 июли соли 2024 бо
иштироки Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ
Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи муҳити зист” - и ҲХДТ
дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Маҷлиси умумии
ҳисоботӣ-интихоботӣ дар доираи талаботҳои Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи
Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 15-уми майи соли 2024, №2 ва Қарори Маҷлиси Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино №4 аз 06.06.2024, баргузор карда шуд.
Дар кори маҷлис Раиси
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳабибзода Зоҳир Иззат,
раиси Ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи муҳити зист” Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва
аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ширкат варзиданд.
Маҷлисро Баҳодур
Шерализода - Раиси Ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи муҳити зист” - и ҲХДТ дар ноҳияи
Сино бо суханони ифтитоҳӣ оғоз намуда, рӯзномаи Маҷлис ва меҳмононро ба
иштирокдорон шинос карданд.
Тибқи рӯзномаи маҷлис
нахуст ҳисоботи Раиси Ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи муҳити зист” дар бораи фаъолият
дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои
минбаъда шунида шуд.
Сипас, вобаста ба
масъалаи интихоби Раёсат, раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ аз ҷониби
аъзои ҳизб 5-нафар фаъолон, аз ҷумла Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, Қиёмзода
Зарафо, Раҳмонзода Лоиқ, Идизода Неъматулло ва Саидзода Сӯҳбатулло ба аъзогии
Раёсат пешбарӣ ва интихоб гардиданд.
Сипас, номзадии
Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Саидзода
Суҳбатулло Мирзо ба ҳайси муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи муҳити зист”
пешниҳод ва интихоб карда шуданд.
Аз рӯи масъалаи чоруми
Маҷлис вобаста ба интихоби вакилон ба Конференсияи ХLIV-уми ҳисоботӣ -
интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Сино якдилона қарор қабул карда шуд, ки
раиси ташкилоти ибтидоӣ Баҳодур Шерализода вакил барои иштирок дар кори
Конференсияи ноҳиявии ташкилотҳои ҲХДТ интихоб карда шавад.
Вобаста ба масъалаҳои
дар маҷлис матраҳгардида қарорҳои дахлдор қабул ва тасдиқ карда шуданд.
Дар фарҷом Хайринисо
Юсуфӣ – муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти
ташкилоти ибтидоӣ ибрози андеша намуда, даъват ба амал оварданд, ки корҳои
дохилиҳизбиро дар ташкилоти ибтидоӣ ҷоннок намуда, ҷиҳати ҷалби босифати аъзои
ҳизб, назорати гардиши кадрӣ, пардохти саривақтии ҳаққи узвият, обуна ба
нашрияҳои ҳизбӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва оммавӣ,
вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкориҳо ба истиқболи сазовори
30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
тадбирҳои мушаххас ва саривақтӣ андешида бошанд. Ҳамчунин, вобаста ба авзои
сиёсии зудтағйирёбанда ва пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир суханронӣ намуда,
ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи ҳушёрию зиракии сиёсӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва
арҷгузорӣ ба фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ, пешгирии ҷавонону наврасон аз
шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, вусъат додани корҳои таблиғотӣ дар самти пешгирии
тақлид ба фарҳанги бегона, риояи урфу анъанаҳои мазҳабиву суннатӣ ва тарғиби
ғояҳои созандаи ҲХДТ дастур манзур карда шуд.
Бо итсифода аз фурсат якчанд нафар кормандони ҷавон,
ки иродаи сиёсиашонро муайян намуда, бо хоҳиши худ бо ариза ба Кумитаи иҷроия
дар ноҳияи Сино муроҷиат карда буданд, ба сафи Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон қабул карда шуданд.