ИДОМАИ ДИДАН НАМУДАН АЗ РАФТИ ҲУҶҶАТГУЗОРИИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
2024-07-05
Намояндаи дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон – Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода ва мудири шуъбаи
ташкили ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
дар вилояти Хатлон Асрориён Саидшо ва масъулини Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ аз рафти
ҳуҷҷатгузории маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии
“Беморхонаи марказӣ”-и шаҳри Левакант дидан намуда кору фаъолияти ташкилоти
номбурдро қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Миралиён Қиёмиддин бо масъулини ташкилоти
ибтидоии “Беморхонаи марказӣ”-и шаҳри Левакант Эмомов Ҳусейн вобаста ба
ғамхориҳои пайвастаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси
муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки
нисбат ҷавонон зоҳир менамоянд, ёдовар шуданд. Намояндаи дастгоҳи Кумитаи
Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қайд намуданд, ки
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз
рӯзҳои аввали Роҳбари давлат интихоб шуданашон нисбат ба қишри ҷавони ҷомеа
таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд ва бо бовариву эътимод ба ҷавонони кишвар онҳоро
ояндаи давлату миллат эълон карда, дар яке аз паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сароҳат эълон
кардаанд, ки «ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо,
мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва
хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад».