«ШОҲНОМА», «ТОҶИКОН» ВА ЧЕҲРАҲОИ МОНДАГОР ШИНОСНОМАҲОИ БАШАРИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

2024-07-04

Ҷиҳати иҷрои Нақшаи намунавии чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки аз ҷониби муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор аз 16 ноябри соли 2023 тасдиқ гардидиаст ва тибқи нақша баргузории чорабиниҳои маърифатӣ - ҳуқуқӣ аз ҷониби вакилони ҳизбӣ бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” санаи 3 июли соли 2024 бо ибтикори КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар толори фарҳангии деҳаи Чиртаки ҷамоати деҳоти Навобод конференсияи илмӣ - назариявӣ таҳти унвони “Шиносномаҳои башарии миллати тоҷик” дар мисоли “Шоҳнома”, “Тоҷикон” ва “Чеҳраҳои мондагор” баргузор гардид.

Дар тадбири мазкур номзади илми педагогӣ, ходими масъули Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, олими саршиноси миллӣ Ҷамолиддин Саидзода ва роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ Хонзода Абдураҳмон Умар ва намояндаи ВКД полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ иштирок ва баромад намуданд.

Меҳмонони чорабиниро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода Ҳабибуллозода Нурулло Ҳабибулло, мудири шуъбаи маорифи шаҳр Абдуллозода Лайло Абдулло, раиси ҷамоати деҳоти Навобод Саидзода Низом Саид, собиқадорони ҳизб Турсунов Шодӣ ва Ҳотам Назаров дар иҳотаи хонандагон ва ҷавонон дар фазои тантанавӣ пешвоз гирифтанд.

Саидзода Ҷамолиддин ва Хонзода Абдураҳмон Умар дар мавзуи “Фирдавсӣ - шоири паёмрасон”, ки аз фикрҳои панду ахлоқӣ, масъалаи руҳи миллӣ, худшиносии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон иборат буд, баромади пурмуҳтаво намуданд.

Намояндаи ВКД Умарҷони Эмомалӣ дар баромади худ оид ба таълиму тарбияи насли наврас ва ба китобхонию донишандузӣ ҷалб намудани онҳо ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва тақлид ба фарҳанги бегонапарастӣ ибрози ақида намуданд.

Дар конференсия дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода, кормандони шуъбаи маориф, раисони маҳаллаҳо, имом-хатибони масчидҳои ҷомеъ, имомони масчидҳои панҷвақта, гирандагони стипедияҳои президентӣ ва раиси шаҳр, иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва фаъолону собиқадорони шаҳр иштирок намуданд.

Дар фарҷом иштирокдорони тадбири ҳизбӣ бо дипломи раиси шаҳри Турсунзода ва сипосномаи Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ қадрдонӣ карда шуд.

КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода