БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ - ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ИТТИҲОД"

2024-07-04

Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Иттиҳод”– и Ҷамъияти тоҷикон дар шаҳри Москва, маҷлиси ҳисоботию интихоботӣ баргузор гардид.

Мувофиқи рузномаи маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии "Иттиҳод” масъалаҳои ҳисоботи ташкилоти ибтидоии “Иттиҳод”- оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, интихоби аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ, муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ, дар бораи интихоби вакилон барои иштирок дар конференсияи 33 - юми ташкилотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Мувофиқи масъалаи якуми рузнома оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар назди аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҳисобот дода, аз ҷумла ӯ зимни баромади ҳисоботии хеш ёдовар шуд, ки мо ҳамагон ҷашни таърихии Рӯзи ҷаҳонии футболро дар сатҳи баланд, таҷлил гардид. Дар ин замина ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ як қатор чорабиниҳои муҳимро баргузор намуд. Инчунин ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар ин давра фаъолияти худро мутобиқи дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, қарорҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба роҳ монда зери шиори "Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум" як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ доир карда шуд, ки зимни онҳо аъзоёну фаъолони ҳизб иштирок намуданд. Бо мақсади таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи ҲХДТ ва саривақт ба маълумоти аъзоёну фаъолони ҳизб расонидани ахбори тозатарин аз дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҷомеа, бахусус аз пешравию дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии кишвар маъракаи обунаро ба нашрияҳои ҳизбии "Минбари халқ" ва "Мароми пойтахт" - ро барои соли 2024 тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳизб оғоз гардид. Дар ин замина тибқи нақшаи муайянгардида ба нашрияҳои "Минбари халқ" ва "Мароми пойтахт" барои соли 2024 нақшаи обуна сари вақт иҷро карда шуд.

Ҳамзамон аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоӣ иборат аз 5 нафар интихоб карда шуд.

Инчунин, бо пешниҳоди якдилонаи аъзои ташкилот Мирзомиддинов Саидбек раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Самиев Исломиддин - муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шуд.

Сипас вобаста ба масъалаи панҷуми рузнома барои иштирок дар конференсияи ҳисоботӣ - интихоботии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо ҳамовозии аъзои ҳизб Мирзомиддинов Саидбек вакил интихоб ва пашбарӣ гардид.