ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО БО ЧИН

2024-07-04

Дар арафаи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо ҳайати хабарнигорони нашрияи расмии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин «Жэнмин жибао» баргузор гардид.

Нахуст, Абдуҷаббор Азизӣ ҳайати меҳмононро, ки ба он директори Департаменти байналмилалии нашрияи «Жэнмин жибао» хонум Ма Сяонин роҳбарӣ мекард, ба сарзамини Тоҷикистони мо хайрамақдам гуфт.

Дар рафти суҳбат Абдуҷаббор Азизӣ иброз намуд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин кишвари дӯст, ҳамҷавор ва яке аз шарикони асосии стратегии Тоҷикистон буда, дар замони тағйирёбии геополитикии ҷаҳон шарикии Тоҷикистону Чин дар тамоми соҳаҳо намунаи барҷастаи муносибатҳои миёни ҳарду кишвар ба шумор меравад.

Таърихи муносибот миёни кишварҳои мо бозгӯйи ҳавасмандии пайвастаи ҷонибҳо дар густариш ва истифодаи боз ҳам бештари зарфиятҳои мавҷуда буда, мавқеи Тоҷикистону Чин дар масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ ҳамсон аст.

Тоҷикистону Чин шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ буда, тақвият ва рушди муносибатҳои дӯстонаи дуҷониба ва ҳамкорӣ бо ин кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар рафти мулоқот қайд гардид, ки дар ҳошияи бештар аз 30 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ чун самти меҳвари сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, ҷаҳду талоши роҳбарони давлатҳо дар рушди бемайлони ҳамкории ду кишвар бесобиқа арзёбӣ мешавад.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ ҳамеша таъкид бар он мекунанд, ки дар шароити феълии ҷаҳони муосир ва равандҳои нигаронкунандаи он, бинобар таҳдиду хатарҳои мавҷуда, роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманди мо дар чаҳорчӯби “Осиёи Марказӣ-Чин” аҳаммияти муҳим дорад.

Барои рушд ва тақвияти муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ миёни ду кишвар як қатор лоиҳаву барномаҳо роҳандозӣ гардидаанд, ки намунаи равшани он лоиҳаи «Як камарбанд-як роҳ» аст, ки дар масири нави ҳамкориҳо самаранокии худро нишон дода, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон судманд мебошад.

Дар ҷаҳони муосир, ки башарият ба мушкилоти глобалӣ, аз қабили буҳронҳои иқтисодӣ, муноқишаҳои мусаллаҳона, тағйирёбии иқлим ва нобаробарии иҷтимоӣ, ҳамчунин зуҳуроти номатлуб ва хавфу хатарҳои муосир, ба монанди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва амсоли ин рӯ ба рӯ гаштааст, барои ҳалли ин мушкилот пешниҳоди ташаббусҳое, чун лоиҳаи «Як камарбанд-як роҳ» барои ҳамгироии кишварҳои минтақа ва паст намудани шиддати мушкилоти зикргардида мусоидат мекунанд.

Абдуҷаббор Азизӣ зикр намуд, ки тайи солҳои охир муносибатҳои дуҷониба миёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунисти Чин дар асоси созишномаи ҳамкорӣ рушду тавсеа ёфта истодааст. Махсус ҳамкориҳо дар самти табодули таҷрибаомӯзии кормандони ҳизбӣ ва занону ҷавонон дар сатҳи матлуб ҷараён дорад.   

Иштирок дар чорабиниҳои муштарак, аз ҷумла семинару конференсияҳо ва нишасту мизҳои мудаввар хусусияти доимӣ касб намуда, ба ҳукми анъана даромадааст

Ҳамзамон, зикр гардид, ки ҳамкориҳо байни нашрияҳои ҳизбии ду кишвар-нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - «Минбари халқ» ва нашрияи расмии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин «Жэнмин жибао» тақвият меёбанд, ки боиси қаноатмандист.

Дар интиҳо таъкид гардид, ки дар оянда дар доираи санадҳои баимзорасонидаи тарафҳо тавсеа бахшидани ҳамкориҳо дар бахшҳои муҳим ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.