Туҳфаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
2024-07-04
Соли
равон 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷашн гирифта
мешавад.
Тӯли
ин солҳо Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, кумитаҳои
иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои
тобеи ҷумҳурӣ дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ саҳми арзанда гузошта, барои
пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ фаъолияти бориз доранд.
Дар
доираи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ бомаром ҷараён дошта, тайи ду
соли охир 12 биноҳои маъмурии кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар Вилояти Мухтори
Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ сохта
ба истифода дода шуда, айни замон сохтмони 8 бинои маъмурии кумитаҳои иҷроияи
ҳизб босуръат идома дорад.
Фароҳам
овардани шароити муассисаҳои корӣ барои кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба таври ҳамешагӣ
таҳти ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Дар
арафаи 27-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ аз ҷониби Раиси муаззами Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар
шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Дарвоз, Роштқалъа, Ишкошим, Мурғоби Вилояти Мухтори
Кӯҳистони Бадахшон, Бохтар Данғара, Фархор, Кӯшониён, Ҷалолиддин Балхии вилояти
Хатлон, шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, ноҳияҳои Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров ва Ашти
вилояти Суғд, ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Варзоб,
Тоҷикобод, Рӯдакӣ ва Шаҳринави ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нақлиёти хизматии
барориши нави тамғаи “Hyundai Elantra”, “Toyota Prado”, “Kia Optima” ва “Lada
Niva” тақдим гардид.