КОНФЕРЕНСИЯИ ҲИСОБОТӢ - ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҲИЗБИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ “ЗАБОНШИНОС” - И ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ СИНО БАРГУЗОР ГАРДИД
2024-07-02
Бо мақсади иҷрои
қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон аз 15 майи соли 2024, №2 ва қарори маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
ноҳияи Синои шаҳри Душанбе “Дар бораи гузаронидани маъракаи ҳисоботӣ - интихоботӣ”
бо иштироки Гулмаҳмадзода Зафар масъули Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи Кумитаи
Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳабибзода Зоҳир раиси
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Гулназарзода Жило ректори Донишгоҳи байналмилалии
забонҳои хориҷи Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, ҳамзамон раиси
Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Забоншинос” ва вакилон аз ташкилотҳои ибтидоии
Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Забоншинос” конференсияи ХI-уми ҳисоботӣ-интихоботӣ
баргузор гардид.
Тибқи рӯзнома, нахуст
ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Забоншинос” дар давраи ҳисоботӣ ироа
гардид. Қайд карда шуд, ки Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ
фаъолияти назаррас нишон дода, оид ба амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ
корҳои назаррасеро ба анҷом расонидааст.
Дар рафти кори
конференсия аъзои Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ интихоб гардиданд. Вобаста ба
муҳокимаи масъалаҳои дигари рӯзнома Гулмаҳмадзода Зафар масъули Маркази
таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон доир ба интихоби раис ва муовинони раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии
“Забоншинос” суханронӣ намуда, бо пешниҳод ва ҷонибдории кулли вакилони
конференсия бо назардошти фаъолияти пурмаҳсули сиёсиву ташкилӣ ва натиҷаҳои
назаррасӣ соҳавӣ Гулназарзода Жило ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва
Шарифзода Лайлӣ ба ҳайси – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Забоншинос”
интихоб гардиданд.
Ҷиҳати баррасии
масъалаи панҷуми рӯзнома интихоби вакилон ба конференсияи 44 –уми ҳисоботӣ -
интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе зикр гардид, ки
мутобиқи муқаррароти тасдиқгардида, аз Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Забоншинос” 13
нафар вакил ҷиҳати иштирок дар конференсияи мазкур пешбарӣ гардиданд.
Дар идомаи маҷлис
Гулмаҳмадзода Зафар масъули Маркази
таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон ва Ҳабибзода Зоҳир Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри
Душанбе доир ба таҷлили ҷашнҳои миллиамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Истиқлоли
давлатӣ, 30- солгаии Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ, ҳамзамон доир ба заҳмату талошҳои
хастагинопазири Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, ояндаи
шукуфони мамлакат, ҷалби бештари донишҷӯёну кормандон ба сафи ҳизб, роҳ надодан
ба зиёдаравию хурофот, тарбияи ватандӯстии ҷавонон суханронӣ намуда, ҳисоботи
ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш ҳисобиданд.