“МО ҲАМЕША БАРОИ ТАҲКИМИ СУЛҲУ ВАҲДАТ ОМОДАЕМ”

2024-07-02

Таҳти ҳамин унвон бахшида ба 27 - умин солгарди Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ субҳи имрӯз дар толори Донишкадаи кӯҳию - металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон конфренсияи илмӣ - амалӣ бо иштироки вакилони халқи шаҳри Бӯстон, собиқадорони ҳизбию давлатӣ, фаъолони ҳизб, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” афсарону сарбозон доир гардид.

Кори конфренсия бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт. Дар кори конфренсия ҳамчунин раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода, муовини раиси шаҳри Бӯстон Нурзода Мамнур МЭЛС, сардори шуъбаи амнияти Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Наврӯз Қодиров, cардори Нозироти андоз дар шаҳри Бӯстон Малиқозода Амиралӣ, ректори Донишкадаи кӯҳии металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ иштирок доштанд.

Чорабиниро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Миршакар Ҷалолзода ҳусни оғоз бахшид.

Мирзоқосим Каримзода зимни баромад аз номи ҳизбиёни вилоят кулли ширкаткунадагони ҳамоиши сатҳи баландро бо фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуда, зикр шуд, ки мо ин рӯзи пурнишотро, ҳамчун рӯзи эҳёи дубораи миллат ҷашн мегирем ва дар радифи дигар идҳои бузурги миллатамон онро арзишманд медонем. Зеро бо ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ тамоми мардуми ҷаҳон огаҳ гардид, ки мо, миллати соҳибхирад ва тамаддунофар ҳастем ва анъанаҳои ибратомӯзро ба мерос гирифтаем, шарафи миллӣ ва меҳри Ватанро қадр мекунем. Аслиҳаро бо сухан ҷавоб мегардонем. Ваҳдати миллӣ барои ҳар як шахси ватандору ватандӯст ва бо нангу номус муқаддас аст. Маҳз, Ваҳдату ягонагӣ имконият фароҳам оварад, ки ба ояндаи дурахшони мамлакатамон замина гузошта шавад.

Нурзода Мамнур аз нақши таърихии Пешвои муаззами миллат дар раванди сулҳи тоҷикон ёдовар шуда, қайд намуд, ки имрӯз Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон, ки ҳосили талошҳои хастанопазири Раиси муаззами ҳизб аст, аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки натанҳо дар кишвари маҳбубамон, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ мавриди истифода қарор гирифтааст.

Наврӯз Қодиров аз ҳаводиси солҳои навадуми қарни гузашта, ки кишварамон дар саргаҳи соҳибистиқлолӣ қарор дошт, ёдовар шуда, таъкид дошт, ки вожаи ваҳдат баъди ба ҳам омадани ҳукумати қонунӣ ва тарафҳои муқобил арзишманду муқаддас гардид. Вазифаи ҷонию имонии ҳар яки аз аҳли ҷомеа он аст, ки сулҳи побарҷоро ҳифзу нагаҳдорӣ намояд ва ҳаргиз ба душманони миллат имкон надиҳад, ки дубора ба гиреҳу ҷудоиандозӣ даст занад.

Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ меваи шаҳдбори сулҳу ваҳдатро дар пешрафти соҳаи маориф дониста, зикр намуд, ки бо талош ва меҳнатҳои шабонарӯзии Роҳбари давлат мақоми илм, олим, маориф дар ҷамъият сол то сол боло меравад ва насли огоҳ бо истифода аз фазои озоду обод пайи тадрис мешавад. 

Миршакар Ҷалолзода зимни баромади хеш баён сохт, ки бузургии ваҳдатро пос бояд дошт, зеро ин неъмат ба нархи ҷони ҳазорон далерони шуҷои Ватан ба даст омадааст. Ҳар як фарди миллат, бояд дарк намояд ва баҳри ҳифзу гиромидошти ин арзиши бузурги миллӣ тамоми кӯшишҳои худро ба харҷ диҳад. Имрӯз, дар ҷаҳони тундрав ҳастанд нохалафоне, ки санг бар пояи Ваҳдату сарҷамъии тоҷикон мезананд. Вале, мо шаҳрвандонро мебояд, ки пеши роҳи чунин ваҳшониятро бигирем. Марзу буми ватанро шабу рӯз ҳифз намоем. Душманони миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои нопокашон нахоҳанд расид. Зеро, мо миллати қавием. Мо Роҳбари абармарди майдонм сиёсӣ дорем. Мо тоҷикон, ба қавли шоирон, "Як оламем, ҷамъу парешон бо ҳамем".

Дар анҷоми кори конференсия як қатор фаъолони ҷомеаи шаҳр бо медали ҷашнӣ, сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҲХДТ дар вазъияти тантанавӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Бо садо додани Суруди миллӣ ба кори конфренсия хотима дода шуд.