КОНФЕРЕНСИЯИ V ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ “ОБРАСОН”-И ҲХДТ ДАР КВД “ОБУ КОРЕЗИ ДУШАНБЕ” БАРГУЗОР ГАРДИД
2024-07-02
2 июли соли ҷорӣ, дар
асоси банди 4.3 Оинномаи ҲХДТ ва қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз
15 майи соли 2024, №2 оид ба баргузории маъракаҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ дар
кумитаву ташкилотҳои ҲХДТ, дар толори КВД “Обу корези Душанбе”, конференсияи V
ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Обрасон”-и ҲХДТ дар КВД “Обу
корези Душанбе” баргузор гардид.
Дар кори конференсия
муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе - Муродов Ҷурабек, Раиси
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар, директори КВД
“Обу корези Душанбе”, раиси КИИ “Обрасон” – Раҳмонзода Файзалӣ, аъзои КИИ
“Обрасон” ва аъзои фаъоли ҲХДТ дар КИИ “Обрасон” ширкат варзиданд.
Кори конференсияро
раиси КИИ “Обрасон” – Раҳмонзода Файзалӣ кушода эълон намуда, рӯзномаи онро ба
ҳозирин ироа намуд.
Тибқи рӯзномаи
конференсияи V ҳисоботӣ – интихоботии КИИ “Обрасон” баррасии масъалаҳои зерин
ба миён гузошта шуданд.
1. Ҳисоботи раиси КИИ
“Обрасон” дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024.
2. Интихоби аъзои КИИ
“Обрасон”.
3. Интихоби раиси КИИ
“Обрасон”.
4. Интихоби муовини
раиси КИИ “Обрасон”.
5. Интихоби вакилон ба
конференсияи XXXV ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи
Шоҳмансур.
6.
Масъалаҳои ҷорӣ.
Тибқи
рӯзномаи конференсия, нахуст ҳисоботи КИИ “Обрасон” оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои
фаъолият аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои
минбаъд шунида шуд.
Дар
қисмати музокираҳо аъзои КИИ “Обрасон” суханронӣ намуда, ҳисоботи кумитаро
қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Ҷиҳати
баррасии масъалаи дуюми рӯзномаи конференсия ҳайати КИИ “Обрасон”-и ҲХДТ дар
КВД “Обу корези Душанбе” иборат аз 5 нафар интихоб гардиданд.
Вобаста
ба баррасии масъалаи сеюми рӯзномаи Конференсия ҷиҳати интихоби раиси КИИ
“Обрасон” номзадии директори КВД “Обу корези Душанбе” – Раҳмонзода Файзалӣ аз
нав пешбарӣ гардида, доир ба он қарори дахлдор қабул карда шуд.
Ба ҳамин тариқ,
вобаста ба баррасии масъалаи чоруми рӯзномаи конференсия муовини раиси КИИ
“Обрасон” ва котиби КИИ “Обрасон” интихоб гардиданд.
Дар ин радиф, ҷиҳати
баррасии масъалаи панҷуми рӯзномаи конференсия, вакилон аз Кумитаи иҷроияи
ибтидоии “Обрасон” барои иштирок дар конференсияи 35-уми ҳисоботӣ – интихоботии
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур пешниҳод гардида, доир ба он қарори
дахлдор қабул гардид.
Дар идомаи маҷлис, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Муродов Ҷурабек доир ба нақш ва мақоми ҲХДТ дар роҳи ташаккули давлатдории тоҷикон ибрози назар намуда, зикр намуданд, ки имрӯзҳо нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ дар раванди амалисозии ормонҳои миллати тоҷик ва бунёди давлатии миллии тоҷикон муҳим ва таъсирбахш мебошад ва итминон дорем, ки бо иштироки фаъоли аъзо ва ҷонибдорони ҳизб барномаҳо ва ҳадафҳои пешгирифтаи он пурмаҳсул татбиқ меёбанд.
Зимнан, оид ба амалӣ намудани нақша чорабиниҳо бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии ҲХДТ, инчунин, бобати иҷрои босифати дастуру супоришҳои ҳизбӣ, қабули сифатаноки аъзои нав ба сафи ҲХДТ, танзими дурусти ҳаракати аъзои ҳизб, назорати пардохти саривақтии маблағи ҳаққи узвият, ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ дар партави дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва масъалаҳои ҷорӣ ибрози назар гардид.