САФИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ МЕАФЗОЯД

2024-07-02

Дар ҶСК “Маркази савдо ва хизматрасонии Душанбе Мол” тибқи талаботи банди 4.2 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Қурбонзода Убайдулло, Султонов Бобур Умаралиевич – муовини директори ҶСК “Маркази савдо ва хизматрасонии Душанбе Мол” ва кормандон иштирок намуданд.

Бо сухани ифтитоҳӣ Султонов Бобур Умаралиевич баромад намуда, вобаста ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди ҳимояи арзишҳои миллӣ ибрози андешаронӣ намуд.

Тибқи талаботи банди 4.2 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бо ҷонибдории аъзоёни ҳизб дар ҶСК “Маркази савдо ва хизматрасонии Душанбе Мол”, ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда, “Тиҷорат - Душанбе Мол” номгузорӣ карда шуд.

Тибқи талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо пешниҳод ва дастгирии аъзои ҳизб Султонов Бобур ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тиҷорат - Душанбе Мол” интихоб карда шуд. Ҳамзамон тибқи рӯзномаи ҷаласа Ёров Тоҷиддин Абдураҳмонович – муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардид.

Мувофиқи баррасии рӯзномаи маҷлис, ба кормандони ҶСК “Маркази савдо ва хизматрасонии Душанбе Мол”, ки мавқеи сиёсиашонро муайян намуда, ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо гардиданд шаҳодатномаи аъзои ҳизб супорида шуд.

Дар идома Қурбонзода Убайдулло суханронӣ намуда, қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дастгирии мардуми шарифи кишвар ва таҳти сарварии хирадмандонаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ин ҳадафҳои барномавӣ ноил гардида, кишвар ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба сўи арзишмандтарин хостаҳои миллӣ зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!», аз ҷумла рушду таҳаввули иқтисодиёт, татбиқи чор ҳадафи тақдирсози стратегии давлат – истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонӣ, ки ниҳояти он расидан ба зиндагии шоиста мебошад, раҳнамоӣ мекунад.

Мо аз шаҳрвандони кишвар, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва онҳоеро, ки ҳар пораи хоки ин Ватан барояшон азизу муқаддас аст, даъват ба амал меорем, ки ҳамроҳи мо бошанд, афкори сиёсии ҳизби моро дастгирӣ намоянд ва муҳимтар аз ҳама барои бунёди давлати демократӣ, муқтадир, тавоно ва шукуфоии Тоҷикистони маҳбуб ҳиссагузор бошанд.