МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ФУТБОЛИ ХУРД БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН”

2024-07-01

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои ҷашнии 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои футболи шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои дарёфти "Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон" роҳандозӣ карда шудааст.

25 июни соли равон дар толори варзишии деҳаи Шӯроби Искандар, ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор маросими кушодашавии даври минтақавии мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” байни дастаҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид ва муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор суханронӣ намуданд ва иштирокчиёни мусобиқаро ба “Рӯзи ҷаҳонии футбол”, ки бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бори нахуст, бо қатъномаи махсуси маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман рӯзи 25 май эълон гардид, инчунин, ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки бозиҳо дар арафаи он баргузор мегардад, муборакбод гуфтанд.

Иттилоъ медиҳем, ки мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби шаҳрвандони мамлакат ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби васеи бозии футбол дар байни аҳолии кишвар, таъмини бевоситаи иҷрои “Барномаи махсуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024” ва муайян намудани беҳтарин дастаи футболи ғайрикасбии шаҳру ноҳияҳои мамлакат маҳсуб меёбад.

Ҳамчунин, зикр намуданд, ки мусобиқаи мазкур дар доираи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор мегардад ва ғолибон бо “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ва туҳфаҳои арзишманди Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.

Ҳаминтавр, мусобиқа байни дастаҳои шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияҳои Шаҳринав, Рӯдакӣ, Варзоб ва Файзобод доир гардида, дастаи футболи шаҳри Ҳисор ғолиби ҷойи якум, ноҳияи Файзобод ҷойи дуюм ва шаҳри Ваҳдат ғолиби ҷойи сеюм гардиданд.

Дастаи Ҳисор барои ба даст овардани “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ба даври ниҳоӣ - мусобиқаи ҷумҳуриявӣ тайёрӣ мебинад ва дар ин ҷода ба ҳайати даста барору муваффақият таманно намуданд.