ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТӢ - ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ФУРӮҒ” БАРГУЗОР ГАРДИД
2024-07-01
28 июни соли 2024
ҷаласаи ҳисоботӣ - интихоботии ташкилоти ибтидоии “Фурӯғ” - и ҲХДТ дар назди
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки аъзоёни фаъоли ҳизб
доир гардид.
Дар он Қурбонзода
Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав,
Иброҳимзода Неъматулло Абдусалом, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва ҳайати
устодону кормандони донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Маҳмадалӣ Қурбонзода
ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ташкилоти ибтидоии “Фурӯғ” - и ҲХДТ дар
назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолияти ҳизбии худро
дар давраи ҳисоботӣ дар асоси дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар санадҳои меъёрии
ҳуқуқӣ ба роҳ монда, як қатор корҳоро ба анҷом расонид.
Дар давраи ҳисоботӣ
шумораи умумии аъзои ташкилоти ибтидоии “Фурӯғ” ба 1132 нафар расонида шуд, ки
аз ин шумора 426 нафарро устодону кормандон ва 751 нафарро ҷавонон ташкил
медиҳанд.
Бо мақсади иҷрои
саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо
аҳли илм ва маорифи кишвар баён гардид, ҳайати профессорону омӯзгорон тавассути
ВАО андешаҳои худро баён намуданд. Ҳамзамон, аъзои ташкилоти ибтидоии “Фурӯғ”
дар музокира иштирок намуда, ҳисоботи ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш арзёбӣ
намуданд.
Тибқи масъалаҳои дуюм
ва сеюми рӯзномаи маҷлис аз ҷониби аъзои ҳизби ташкилоти ибтидоии “Фурӯғ”
Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат - раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Шарипов Маҳмадкарим
Файзалиевич - муовини раиси ташкилот интихоб гардиданд.
Ҳамчунин, зимни
баргузории ҷаласаи ҳисоботӣ – интихоботии мазкур ҳайати нави раёсати ташкилоти
ибтидоӣ дар ҳайати 7 нафар интихоб ва тасдиқ карда шуда, 27 нафар ҳамчун вакил
ба конференсияи 29-уми ҳисоботӣ–интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри
Бохтар пешниҳод карда шуданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Н. дар суханронии худ ба фаъолияти ташкилоти
ибтидоии “Фурӯғ” - и назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар
давраи ҳисоботӣ баҳои баланд доданд. Қайд карда шуд, ки саҳми сазовори
роҳбарияти донишгоҳ ва ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони он дар иҷрои
вазифаву барномаҳои оинномавии ҲХДТ басо созгору муҳим буда, минбаъд низ аз ҷомеаи
меҳнатии донишгоҳ чунин фаъолнокӣ ва ғайрату меҳнати содиқонаю софдилонаро
Роҳбарияти Олии ҳизб ва аҳолии Тоҷикистон интизор мебошанд.
Дар охири маҷлис як
қатор кормандон ва фаъолони ташкилот бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар сарфароз
гардонида шуда, ба чанд тан аз омӯзгорону кормандони ҷавони донишгоҳ шаҳодатномаи ҳизбӣ
дар фазои тантанавӣ супорида шуд.