БОЗДИДИ САРБОЗОНИ ҚИСМҲОИ ҲАРБИИ ҲУДУДИ НОҲИЯИ СИНО АЗ МАВЗЕҲОИ ЗЕБОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
2024-06-26
Санаи 25 июни соли
ҷорӣ, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сайёҳати
сарбозоне, ки аз ноҳияҳои дурдаст дар ноҳияи Сино адои хизмати ҳарбӣ менамоянд,
бахшида ба 27-умин солгарди “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” ва 30 – солагии Рӯзи таъсисёбии
ҲХДТ аз мавзеҳои зебои шаҳри Душанбе роҳандозӣ карда шуд.
Сароғоз, бо иштироки
намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи
ҳизб дар ноҳияи Сино, намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва Академияи
“Ювентус” дар шаҳри Душанбе сарбозон аз фаъолияти Академияи “Ювентус” шинос
шуданд. Тибқи хатсайр сарбозон аз Осорхонаи миллӣ боздид намуда, аз таърих ва
ниёгони худ бархурдор гардиданд. Дар идомаи сайёҳат аз Кохи Наврӯз низ аз надик
шинос шуда, зиёфати идона барои сарбозон дар ошхонаи Кохи Наврӯз ташкил карда
шуд.
Бояд қайд кард, ки
сарбозон тавассути Автобуси дуошёна сайри Душанбе намуданд.
Мақсад аз баргузории
сайёҳати мазкур нишон додани мавзеҳои зебои шаҳри Душанбе ва ба ин васила
баланд бардоштани ҳиси ватандӯстиву хештаншиносӣ дар замири ҷавонон мебошад.