БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИДОНА ДАР КИИ “РОҲИ УМЕД” - И КВД “РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН” БАХШИДА БА “РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ”
2024-06-26
25 июни соли ҷорӣ, дар
доираи баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори таҷлили бошукӯҳи 27-умин
солгарди “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Роҳи умед” - и
КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ҳамоиши идона баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш,
мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи
Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Ширинбекзода
Садриддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар,
Раиси Кумитаи иҷроияи ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон – Рудобаи
Мукаррам, муовини якуми сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” – Гулаҳмадзода
Сорбон, муовини раиси КИИ “Роҳи умед” – Латифов Анвар, раиси Иттифоқи касабаи
Роҳи оҳанчиёни Тоҷикистон – Нигина Вафозода, инчунин аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ
дар КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ширкат варзиданд.
Кори ҳамоишро муовини
раиси КИИ “Роҳи умед” - Латифов Анвар кушода эълон намуда, сараввал аз ҳозирин
ҷиҳати иштироки фаъолонаашон дар ҳамоиши
мазкур изҳори сипос намуд.
Дар идома, мудири
шуъбаи таблиғот ва иттилооти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ –
Ширинбекзода Садриддин оид ба Ваҳдати миллӣ ва марҳилаҳои ба даст овардани
сулҳи тоҷикон суханронӣ намуда, иброз дошт, ки воқеан ҳам Ваҳдати миллӣ барои
ҳар як халқу миллат арзандатарин неъмат ва бузургтарин сармоя ба ҳисоб меравад.
Ин падидаи писандида танҳо ба халқу миллате сазовор мешавад, ки дорои ҳувияти
баланди миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва хештандӯстӣ буда, якдиливу ягонагӣ ва
сарҷаъмиро дар замири худ мепарваранд.
Дар ин радиф, Раиси
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар суханронӣ намуда,
бо ёддоварӣ аз фазои сулҳу суббот ва ороми кишвар иброз дошт, ки ваҳдат
беҳтарин неъмат барои тамоми инсоният буда, он тамоми некию хубиҳои дунёро дар
худ таҷассум намудааст. Зеро танҳо бо будани ваҳдат душворию монеаҳо паси сар
мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ мениҳад ва халқ орому осуда зиндагӣ
менамояд.
Зимни суханронии хеш,
раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон – Рудобаи
Мукаррам ҷиҳати эҳтирому арҷгузорӣ ва пос доштани сулҳу ваҳдати миллӣ дар
кишвар, тарғиби ғояҳои миллӣ ва урфу оддатҳои аҷдодӣ, инчунин, ҳифзи арзишҳо ва
муқаддасоти миллӣ ва дар ин замина ба ҷо овардани ҳамдигарфаҳмию эҳтироми
якдигар, ки ба Ваҳдати миллӣ оварда мерасонад, ибрози назар намуд.
Дар идома, муовини
якуми сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” – Гулаҳмадзода Сорбон ва раиси
Иттифоқи касабаи Роҳи оҳанчиёни Тоҷикистон – Нигина Вафозода низ андешаҳои
худро оид ба Ваҳдати миллӣ ва роҳҳои ҳифзи ин арзиши умумибашарӣ иброз доштанд.