Иттиҳод ин ваҳдату созандагист

2024-06-25

Вожаи “ваҳдат” гарчанде дар осори ниёгони мо бисёр ба назар мерасад, вале он баъди ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ дар кишвари мо бештар маъмул гашта, сипас, ба яке аз арзишмандтарин дастовардҳои миллӣ мубаддал гардид. Чунки баъди трансформатсияи ҷамъиятӣ (пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ) ва соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон бо таъсири омилҳои дохилию берунӣ ҷумҳурии тозаистиқлоли мо баръакси иттиҳоду сарҷаъмӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мубтало гардид. Дар натиҷа, мардум дар ду сангар ҷой гирифта, ҷиҳати амалӣ намудани манфиатҳои гурӯҳои мазҳабӣ, ҳизбӣ ва шахсӣ ба ҷанги бародаркуш даст заданд. Кишвари моро дар баробари яъсу ноумедӣ, вазъи ногувори иқтисодӣ, норасоии маводи ниёзи аввал ва касалиҳои зиёди сироятӣ, инчунин, хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон таҳдид менамуд.

Таърих зиндагиномаи шахсиятҳои бузургро дарбар мегирад. Мусаллам аст, ки дар тӯли таърих дар ҳолатҳои ногувор ва сарнавиштсоз аз вартаи нестшавӣ баровардани давлату миллат нақши шахсият (субъекти сиёсӣ) муҳим арзёбӣ гардида, онҳо бо корнамоиҳои худ дар қалбу забони мардум аз насл ба насл боқӣ мемонанд.

Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ба саҳнаи сиёсат омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ, ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва пойдории истиқлолият далели гуфтаҳои болост.

Гаҳе, ки абри сияҳ осмони мо бигирифт,

Гаҳе, ки барқи ҷаҳолат ҷаҳони мо бигирифт,                          

Гаҳе, ки тири адӯ ҷисму ҷони мо бигирифт,

Дарида пардаи зулмат, сафои мо омад,

Ба бахти миллати мо Пешвои мо омад.

Хомӯш намудани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ ва ба ризояти миллӣ расидан корест басо мушкил. Аз таърихи давлатҳои қораи Африқо ва Осиё ба мо маълум аст, ки дар тӯли таърих ҷангҳои шаҳрвандӣ якчанд даҳсола идома намуда, хисороти зиёди ҷонию молиро дар пай дорад. Ҷанги шаҳрвандии давлати ба мо дӯсту ҳамсоя – Ҷумҳурии исломии Афғонистон, ки тӯли зиёда аз чиҳил сол идома дошта, бо баргузор гардидани беш аз 300 вохӯрию гуфтушунидҳо миёни қишрҳои манфиатдори ҷомеаи шарҳвандӣ, то ин муддат ҷонибҳо ба ягон дастоварди барои давлату миллат мусоид ноил нагардидаанд. Аз заиф будани Ваҳдати миллӣ дар Афғонистон ва мамлакатҳои амсоли он ба давлатҳои абарқудрат имкон дод, ки бо баҳонаи риояи арзишҳои демократӣ ба сиёсати дохилии онҳо мудохила намуда, бо ин васила, ҳадафҳои геополитикии худро амалӣ намоянд. Ин аз он далолат менамояд, ки тавассути дахолати низомии давлатӣ ва хориҷӣ расидан ба сулҳу салоҳ ва Ваҳдати миллӣ ғайримкон буда, чунин ҳамзистии осоишта дар дилхоҳ лаҳзаи ҳасос метавонад осебпазир бошад. Дар ин самт, сохти давлатдорӣ низ нақши муҳим бозида, он бояд манфиати аксари афроди ҷомеаро дарбар гирад.

Ваҳдати миллӣ - ин боло гузоштани манофеи миллӣ аз дигар манфиатҳо аст, зеро ҳеҷ яке аз манфиатҳои гурӯҳӣ, ҳизбӣ, мазҳабӣ ва шахсӣ дар алоҳидагӣ берун аз доираи манфиатҳои миллӣ вуҷуд дошта наметавонад. Аз ин нигоҳ, Ваҳдати миллӣ омили ҳастии миллат ба шумор меравад. Ҷиҳати расидан ба ризояти миллӣ дар Тоҷикистон нақши иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ муҳим арзёбӣ гардида, вакилон дар ин Иҷлосия, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Роҳбари давлат интихоб намуданд, ки сипас ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ эътироф гардид. Дар иҷлосия бо ибтикори Раиси Шӯрои Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шакли давлатдории минбаъдаи мо муайян гардид ва таҷриба нишон дод, ки шакли давлатдории дунявӣ барои пешрафту рушди ҳамаҷонибаи кишвар ва дарбар гирифтани ормонҳои аксари ҷомеаи шаҳрвандӣ мувофиқ аст.

Бояд зикр намуд, ки Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон бо таъбири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи аҳамияти ҳаётан муҳим доштанаш дар қатори Эъломияи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорад. Агар яке барои халқи Тоҷикистон сулҳу салоҳ оварда бошад, дигарӣ соҳибихтиёрии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Албатта, истиқлолияти давлатӣ ин рамзи гӯёи миллат ба шумор рафта, бе Ваҳдати миллӣ он осебпазир буда, пойдор буда наметавонад. Яъне ин ду муқаддасот бо ҳам тавъам буда, дар алоҳидагӣ тасаввури онҳо ғайриимкон аст.

Мардуми шарафманди кишвар зери Роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ тавонистанд мушкилоти зиёдеро паси сар намуда, ба ваҳдату ягонагӣ расида, дар ин замина, ба дастовардҳои назарраси сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ ноил гарданд.

Сарфарозиҳои мо аз ваҳдату созандагист,

Иттиҳод оне, ки дорад бар саломат мерасад.

Ҳоло дар кишвар тамоми зерсохтори Ваҳдати миллӣ муҳайё буда, татбиқи ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат аз қабили аз бунбасти комуникатсионӣ баромадан ва ба давлати транзитӣ табдил ёфтани кишвар, истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии кишвар боиси боз ҳам мустаҳкам гардидани пояҳои Ваҳдати миллӣ мегарданд. Ин ҳадафҳо барои рушди сайёҳии дохилию хориҷӣ, шиносоӣ бо расму оинҳои миллӣ, ташкили бозорҳои минтақавию марзӣ, бо ғизои хушсифат таъмин намудани мардуми кишвар ва истеҳсоли молҳои рақобатпазир мусоидат менамоянд.

Дар давраи ҷаҳонишавӣ нигоҳдории Ваҳдати миллӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад, зеро дар ин давра ҳар лаҳза кулли муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ номуайяниҳои нав ба навро касб менамояд. Ҷаҳони иттилоот ба мафкураи мардум таъсири гуногун мерасонад. Шабакаҳои интернетӣ, хусусан, шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз ба майдони муборизаҳои сиёсӣ, мазҳабию динӣ табдил ёфта, ба мафкураи ҷавонон тез таъсир мерасонад. Ҷавонони бо нангу номуси кишвар бояд ҳар як матлаб ва гуфтаҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби гурӯҳҳо ва шахсони алоҳида гузошта мешаванд, таҳлил намуда, дарк намоянд, ки зери ин гуфтаҳо чи мақсаду манфиатҳо нуҳуфтааст. Сиёсати маъорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва равона сохтани фаъолияти давлату Ҳукумат дар оянда ҷиҳати рушди сармояи инсонӣ (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷкистон аз декабри соли 2023) боис мегардад, ки мо ҷавононро дар рӯҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, ҳифзу ҳимояи Ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ ва муаррифӣ намудани кишвар дар арсаи байналмилалӣ тарбия намоем.

Дар замони муосир чораҳои ҳифзу ҳимояи Ваҳдати миллиро бе мубориза бар зидди гурӯҳҳои ифротгароии динӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Таҷриба нишон дод, ки барои мардуми Тоҷикистон ва минтақа сиёсикунонии ақидаҳои динӣ метавонад пайомадҳои нохуш ба бор орад. Гурӯҳҳои гуногуни манфиатдор бештар мекӯшанд таъсири идеологии худро дар муҳити ҷавонон устувор гардонида, онҳоро барои амалисозии ҳадафҳои сиёсии худ истифода намоянд. Гарчанде расму оинҳои динии мо ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги миллӣ мансуб меёбанд, истифода аз эътиқоди динӣ ва фарҳанги пасти сиёсии баъзе ҷавонон барои чунин гурӯҳҳо бисёр қулай аст.

Мусаллам аст, ки волоияти қонун яке аз омилҳои асосии ҳифзу ҳимояи Ваҳдати миллӣ ба шумор меравад. Хушбахтона, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ таъсис ёфтани парламенти касбӣ ва дар ин замина, амалӣ гардидани қонунҳои барои мардуми кишвар мусоид, чи қонунҳои соҳавӣ ва чи қонунҳои сирф миллии мо баҳри расидан ба ҳадафҳои Роҳбарияти давлату Ҳукумат - фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои ҳар як шаҳрванди кишвар мусоидат намуда истодааст. Танҳо тавассути татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” вазниниҳои зиёдеро, ки тӯли солҳои дароз ҳамчун расму оини динӣ қабул намуда будем, бештар маросими вобаста ба дафну азодорӣ, ки хилофи шариати ислом аст, аз души мардум баратараф карда шуд. Бояд тазаккур дод, ки қонуни мазкур бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат эҷод гардида, хурофоту зиёдаравиҳоро дар ҷомеа коҳиш дода, аз ҷониби коршиносони соҳа ҳамчун инқилоби фарҳангӣ эътироф карда шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати хориҷӣ бо шарофати Ваҳдати миллӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла, дар як фурсати кӯтоҳи таърихӣ хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва расидан ба сулҳу салоҳ обрӯи кишвари моро ҳамчун дорои халқи таҳаммулгаро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, дар баробари аъзои созмону ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ гардидани Тоҷикистон, ҳамзамон чун кишвари ташаббускор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ шинохта шуд.

Дар иртибот ба ин, мардуми шарафманди кишварро зарур аст, ки дар фазои ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва шукргузорию қаноатмандӣ дар атрофи Роҳбарияти Олии давлату Ҳукумат муттаҳид шуда, баҳри рушду шукуфоии кишвар ҷиҳати боз ҳам боло рафтани обрӯ ва нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ ва бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани ҷашни муқаддаси миллӣ 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намуда, пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро аз пештара дида мустаҳкамтар намоем.

Шуҳрату шони Ватан аз файзи сулҳу ваҳдат аст,

Аз мароми бемисоли Пешвои миллат аст.

Абдураҳим Шоҳиён,

раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе