Баргузории маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии “Канзи Шифо”

2024-06-24

24 июни соли ҷорӣ, дар идомаи баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботии ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, дар ташкилоти ибтидоии “Канзи шифо”-и Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №3, бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Раҳмонӣ Алишер, раиси ташкилоти ибтидоии “Канзи шифо” – Маҷидов Ҷамшед ва аъзои ташкилот маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ баргузор гардид.

Сараввал, оид ба баррасии масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Канзи шифо” – Маҷидов Ҷамшед оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ташкилот аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаъд шунида шуд.

Оид ба баррасии масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис ҳайати раёсати ташкилоти ибтидоии “Канзи шифо” иборат аз 5 нафар интихоб гардид.

Вобаста ба баррасии масъалаҳои сеюм ва чоруми рӯзномаи маҷлис Маҷидов Ҷамшед аз нав ба ҳайси раис ва Ярматов Рустам ба ҳайси муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Канзи шифо” интихоб гардиданд.

Дар ин радиф, ҷиҳати баррасии масъалаи панҷуми рӯзномаи маҷлис, номзадии раиси ташкилот – Маҷидов Ҷамшед ҳамчун вакил барои иштирок дар конференсияи 35-уми ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур пешниҳод гардида, доир ба он қарори дахлдор қабул гардид.

Дар идома, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Раҳмонӣ Алишер суханронӣ намуда, андешаҳои худро оид ба нақш ва мақоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳамчун ниҳоди сиёсӣ, дар раванди амалисозии ормонҳои миллати тоҷик ва бунёди давлати миллии тоҷикон иброз доштанд.

Ҳамзамон, дар идома оид ба иҷрои босифати нақша чорабиниҳо бахшида ба 30 - юмин солгарди таъсиёбии ҲХДТ, қабули сифатноки аъзо ба сафи ҲХДТ, танзими пурраи ҳаракаи аъзо, назорат оид ба пардохти саривақтии маблағи ҳаққи узвият ба ҳизб, ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ бо ҷалби васеи аъзои ташкилот ва дигар масъалаҳои муҳим ибрози назар гардид.