САЙРИ ХОТИРМОНИ РАШТОНЗАМИН ИҚДОМИ ҲИЗБӢ
2024-06-24
ИҚДОМИ ҲИЗБӢ
Бо ибтикори Кумитаи
иҷроияи Марказии ҲХДТ сафари корвони модарони ваҳдатсарои ҳизбӣ таҳти унвони
"Ваҳдати модарон - саодати Тоҷикистон" ба ноҳияҳои минтақаи Рашт
роҳандозӣ гардид, ки дар он муовини Раиси ҲХДТ Мавлон Юсуфӣ Хайринисо ва
раисони кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби занон ширкат
варзиданд. Дар муддати се
рӯз аз дастовардҳои хоҷагии
халқи минтақа дидан карда, бо сокинон сӯҳбату мулоқот намудем. Нахуст дар
ноҳияи Нуробод бо шароити зисту таҳсили хонандагони мактаб - интернат шиносоӣ
намуда, ба онҳо маводи ғизоӣ тақдим карда шуд. Баъдан муовини Раиси ҲХДТ
Хайринисо Юсуфӣ бо 22 нафар зарардидагони офати табиӣ - сокинони деҳаи Яхак дар
мавзеи кушоди деҳаи Сари Пул сӯҳбати самимӣ ороста, ба онҳо маводи ғизоӣ ва
сарулибос тақдим намуд.
Идомаи
сафари мо дар шаҳраки Дарбанд шиносоӣ аз коргоҳи дӯзандагии назди кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод буд. 12 нафар духтарону бонувон сари мошини
дарздӯзӣ машғули кор буданд. Бо онҳо сӯҳбати гарм намудем, ки
ҳар яке шукри диёри ободу осуда мекарданд.
ДАРВОЗАИ РАШТОНЗАМИН
Ҳанӯз дар замони
зиндагиаш Абулқосим Фирдавсӣ дар "Шоҳнома"-и худ ва аллома Бобоҷон
Ғафуров дар китоби "Тоҷикон" бо ибораи Раштонзамин ишора намудаанд,
ки аз қадима будани мавҷудияти ин минтақаи дурдасти кишвар шаҳодат медиҳад.
Истиқболи гарму
самимӣ, муҳаббату меҳмоннавозии мардум аз чеҳраҳои ғарқи шодии онҳо дарак
медод.
Ноҳияи кӯҳистонро ман
мисли шаҳр дарефтам. Биноҳои истиқоматӣ, қомат афрохтани биноҳои таълимӣ,
майдончаҳои варзишӣ, иншоотҳои хурду бузурги ҷашнӣ, куҳсору чашмасор ва
манзараҳои дилрабояш ба ҳусни ноҳия ҳусни дигаре зам намудааст.
РӮзи дуюми сафар дар
Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони "Ваҳдати
модарон - саодати Тоҷикистон" ба ифтихори 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати
миллӣ баргузор гардид.
Дар даромадгоҳи Қасри фарҳанг
бо дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳия шинос гардидем, ки асосан маҳсули
пазандагию дӯзандагии модарону духтарони Раштонзамин диққатҷалбкунанда буда,
либоси миллии онҳо аз доштани фарҳанги баландашон шаҳодат медод. Дар толор
бонувони фаъоли ноҳияҳои минтақаи Рашт ва духтарони зебои Раштонзамин дар тан
либоси миллии тоҷикона доштанд.
Аз дидани бонувони
озод, чеҳраҳои шукуфон маълум гардид, ки ин ҳама ба ҳам омаданҳо, шиносоӣ
аз расму оини минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ, табодули таҷриба ва мустаҳкамии дӯстии
бонувон худ бозгӯи ваҳдати бонувону ваҳдати Тоҷикистон аст. Зеро зан-модар бо
баробари тарбияи фарзандаш ҷомеаро низ тарбият менамояд.
ЗОДГОҲИ БУЗУРГОН
Қадам гузоштан ба
зодгоҳи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, шоираи ватансаро Гулрухсори Сафӣ,
Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода, ҳофизи дӯстдоштаи мардуми тоҷик Зафар
Нозим бароям воқеан сафари фаромӯшношуданист. Зеро дар бораи ин бузургон бисёр
хондаву суруду осор, қаҳрамониву ҷоннисориашонро эҳсос кардаам ва сафар ба ин
мавзеъҳо бароям боиси ифтихор гардид, ки чунин ва садҳои дигар нобигагон дар ин
мавзеи дурдасти куҳистон чунин қаҳрамониҳо нишон дода, номашон дар таърихи
миллат сабт гардидааст.
ЗАНИ РАИЯТПАРВАР ВА
РОҲБАРИ МАРДУМӢ
Заррина Идизода - зане
аз табори покӣ, бо симои зебову либоси тоҷикона, хушҳолона рӯзи аввали сафар
истиқболамон гирифтанд.
Чанд сол қабл
муаллимаро дар ҷаласаҳои ҳизбӣ медидам, хоксорона одоби саломро ба ҷо
меоварданд. Дар хотир дорам, ки соли гузашта ҳангоми раиси кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар ноҳияи Рашт буданашон дар ҷаласаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ
баромад намуданд, боиси таҳсину офарин ва баҳои баланди Роҳбари давлат
гардиданд.
Имсол Заррина Идизода
ба боварии Роҳбари давлат сазовор гардида, вазифаи пурмасъул - раиси ноҳияи
Раштро ба душ доранду барои кулли бонувони кишвар мояи ифтихор ҳастанд, ки дар
як ноҳияи дурдасти кӯҳистон сарбаландона фаъолият доранд.
Муаллимаро дар қатори
мардум дарёфтам ва тӯли се рузи сафар маълум ҳам гашт, ки бонуи бисёр хоксор ҳастанд, зеро ҳама
хурду бузург эҳтиром мекунанду гирдашон сарҷамъанд. Пешравии кор воқеан дар
муттаҳидист, зеро ваҳдат аз муттаҳидиву ҳамдилӣ сарчашма мегирад.
ПУШИДАНИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ
– НИШОНАИ ДОШТАНИ ФАРҲАНГИ БАЛАНДИ МИЛЛИСТ
Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби
Халқии
Демократии
Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон намояндагони ҷомеа ва ходимони дини
кишвар дар мавриди арҷгузорӣ ба либоси миллӣ таъкид доштанд:
"Модарону
бонувони мо – тоҷикон низ тарзи хоси либосҳои миллии худро доштанд ва онро ба
мо мерос гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебоиву рангорангӣ
меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос мекард ва
мекунад. Аз ин лиҳоз, мо бояд ба хотири ҳифзи асолат ва арзишҳои
миллӣ воридшавии либосҳои ба ном динӣ, аммо ба урфу одат ва фарҳанги мо
бегонаро пешгирӣ намуда, муборизаи беамон бар зидди он барем".
Асоси воқеӣ доштани ин
гуфтаҳои Роҳбари давлатро дар симои занону бонувони Раштонзамин эҳсос
намудам. Кӯдаки ҳафтсола ва ҳам
модари солхӯрда либоси миллии тоҷикона, ки рангҳои ба худ хос дорад, ба бар
намудаанд.
Мо тӯли се рӯз дар
ягон гӯшаи ин ноҳияҳои дурдаст занеро бо либоси бегона надидем ва дар дил
гуфтем: - Ана эҳёи фарҳанг ва нигаҳдошти либоспушии миллӣ. Зеро зан - модари
тоҷик воқеан нигоҳдоранда, посдоранда ва ба меросгузорандаи фарҳанги миллӣ, хоса
либоспӯшии миллист.
ДАРАИ КАМАРОБ - МАВЗЕИ
ЗЕБОИ САЙЁҲИСТ
Дараи Камароб дар
ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзода воқеъ буда, дараи кӯҳсору чашмасор
ва мавзеи зебои диданист. Онҷо барои кӯдакони ноҳия истироҳатгоҳи замонавӣ бо
тамоми шароити истироҳат бунёд гардидааст. Аз дидани табиати нотакрор, садои булбулону
шар- шари чашмасорон ва кӯҳҳои сар ба афлок кашидаву дараҳои сабз дил ба ваҷд
омадаву байтҳои шоири маъруфи тоҷик Мӯҳтарам Ҳотам ба ёдам расид:
Хуштар набувад об зи
оби Камаров,
Хуштар зи ҳавову
офтоби Камаров.
Гулмоҳии дил фитад ба
шасти Камаров
В-ин оҳуи дил фитад ба
дасти Камаров.
ДАРАИ ҲОИТ ВА ЗАМЗАМАИ СУРУДИ ЗАФАР НОЗИМ
Ҳар ҷо ки суруду
мусиқӣ садо медод, бештари он оҳанги форами Зафар Нозим буд, ки хеле мазмуни
баланд ва эҳсоси баланди худогоҳӣ дошт.
Дараи Ҳоит ҳам таърихи
қадима доштааст ва мавзеи хушбоду ҳавои кӯҳистон аст. Мардумаш меҳмоннавоз,
ҳавояш тоза, табиаташ нотакрору диданист. Муҳим аз ҳама макони сабти суруди
Зафар Нозимро дарёфтам ва эҳсос кардам, ки ҳар ҷойи дара садои Зафар Нозим ба гӯш
мерасад.
Бо баробари тамошои ин
макони зебо маълум мегардад, ки табиати Тоҷикистони мо воқеан биҳишстосост.
АНҶОМИ САФАР
Ин сафари корӣ моро
бори аввал ба минтақаи Раштонзамин - сайри кӯҳсору чашмасор бурд, ки бо
таассуротҳои неку хотирмон баргаштем ва ин сафар ба гушаи дурдасти кишвар барои ман мояи ифтихор ва
сарбаландист.
Ҳама ин ба ҳам
омаданҳои занону бонувони минтақаҳои гуногуни кишвар, яъне ваҳдати модарони
тоҷик воқеан саодати Тоҷикистони азизамон гашт!
Поянда бод, ваҳдати
тоҷикону Тоҷикистон!
Фирӯза Шерматова,
раиси кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар шаҳри Конибодом