Фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бунёд» натиҷагирӣ гардид

2024-06-24

Дар ташкилоти ибтидоии "Бунёд" -и Корхонаи давлатии бақайдгирии молумулки ғайри манқул дар шаҳри Душанбе маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Дар кори маҷлис Абдураҳим Шоҳиён раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, роҳбарияти ташкилоти ибтидоӣ "Бунёд" ва аъзои ташкилоти ибтидоӣ иштирок намуданд.

Сараввал ҳисоботи ташкилоти ибтидоии “Бунёд” оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуд.

Ҳамзамон қайд гардид, ки саҳми аъзои ташкилоти ибтидоии “Бунёд” дар ободию созандагӣ ва ба танзим даровардани хонаҳои истиқоматӣ ва иншоотҳои маишиву ёрирасон дар давраи ҳисоботӣ назаррас аст.

Ҳамчунин, дар маҷлис масъалаҳои дигари рӯзнома низ баррасӣ гардиданд. Тибқи муқаррарот раиси ташкилоти ибтидоии “Бунёд” бо тарафдории аъзои ҳизб Давлатзода Салим интихоб карда шуд.

Дар идомаи маҷлис Абдураҳим Шоҳиён вобаста ба сазовор таҷлил намудани ҷашни 30- солагии таъсисёбии ҲХДТ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки соли 2024 – дар ҳаёти иҷтимоии мо ҳамчун соли сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ифода гардида, барои аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ соли таърихӣ ва муаррифии дастовардҳо маҳсуб меёбад.

Таъкид гардид, ки 30 - солагии таъсисёбии ин ниҳоди бонуфузи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва 30 - солагии қабули Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо фаъолияти назаррасу донишҳои баланди ҳуқуқӣ таҷлил хоҳем кард.

Ҳамзамон, мавсуф вобаста ба фаъолияти корҳои дохилиҳизбӣ, рисолати аъзои ҳизб дар рушду пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат дар ҳалли мушкилоти мардум ибрози андеша намуд.

Дар интиҳо Шоҳиён Абдураҳим ҳозиринро бо солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ табрик намуда, иброз дошт, ки Ваҳдат — беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқею мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имруз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омўзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисер ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Дар анҷом ба як қатор ҷавононе, ки ба сафи ҲХДТ пайвастанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.