ИДОМАИ САФАРИ ХИЗМАТИИ ГУРӮҲИ КОРИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗИИ ҲХДТ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

2024-06-22

Бо дастури Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Абдуҷаббор Азизӣ якҷо бо гурӯҳи корӣ аъзои Кумитаи Иҷроияи Маркази ҲХДТ Абдураҳим Холиқзода ва роҳбари Қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар Федератсияи Россия Саидбек Мирзомиддинов баъд аз иштирок дар Форуми байналмилалии байниҳизбии аъзои давлатҳои БРИКС, ки дар шаҳри Владивосток доир гардид, рӯзҳои 20 - 21 июн дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия нахуст бо масъулини Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва намояндагии вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва корҳои дохилӣ вохӯриҳо анҷом доданд.

Ҳамзамон гурӯҳи корӣ бо муҳоҷирони тоҷик, ки дар бозори «Садовод» фаъолияти соҳибкорӣ доранд вохӯӣ баргузор намуда, роҷеъ ба вазъияти имрӯзаи олам, вазъи муҳоҷирон, таваҷҷуҳи Ҳукумат ба вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ роҳбари гурӯҳи корӣ изҳори назар намуданд. Роҳбари гурӯҳи корӣ Абдуҷаббор Азизӣ тибқи суханронии худ, ҳозиринро ба дӯстӣ, муттаҳидӣ, рафтори шоиста, муносибатҳои неки ахлоқӣ ва қонун риоянамоӣ даъват намуда, хотирасон карданд, ки онҳоро дар Ватан аъзои оила ва хешу табор интизоранд.

Сипас аъзои гурӯҳи корӣ Абдураҳим Холиқзода дар бораи вазъи муҳоҷирон, тарзи муносибат бо фарҳанги давлати бегона, таҳаммулогароӣ, маданияти муҳоҷирон дар хориҷ изҳори назар намуда, шаҳрвандонро ба рафторҳои баланди ахлоқӣ ва инсонӣ даъват карданд. Ҳамзамон хотирасон карданд, ки дини мубини ислом манбаи ахлоқи баланд ва рафтори шоистаи инсонӣ аст, намои асли мусулмон дар қалби тоза ва муносибати неку беғаразонаи ӯст на дар ришу на дар сару либос. Асли ибодат рафтори ҳамида неки инсонӣ аст. Ҳамчунин мазмун ва моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки ба он тағйиру илова ворид карда шуд, ба муҳоҷирон фаҳмонда доданд, ки мақсаду ҷавҳари он ҳифзи манфиатҳои мардуми мусулмони Тоҷикистон ва таъмини шароити арзандаи зиндагӣ аст. Муҳоҷирон сӯҳбату мулоқоти аъзои гурӯҳи кориро хуб ва гарму ҷушон қабул намуда, хоҳиш намуданд, ки чунин вохӯриҳо бештар шавад.

Дар рафти вохӯриҳо ҳайати гурӯҳи корӣ ва намояндагони вазорату идораҳо, ки дар Федератсияи Россия фаъолият доранд ба саволҳои шаҳрвандон ҷавоб дода, онҳоро ба муттаҳидию сарҷамъӣ, баланд бардоштани ҳисси миллию Ватандорӣ ва ваҳдату ягонагӣ даъват намуданд.

Дар охири мулоқотҳо аз ҷониби иштирокдорон ба Роҳбарияти давлату Ҳукумат, барои ташрифи гурӯҳи корӣ ва баргузор намудани мулоқоту вохӯриҳои судманд изҳори миннатдорӣ баён намуданд. Ҳамзамон аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ пешниҳод гардид, ки чунин вохӯриҳо дар қаламрави Федератсияи Россия мунтазам идома ёбанд.