СЕМИНАРИ ДАСТУРДИҲИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

2024-06-18

Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ доир намудани маҷлисҳои ҳисоботӣ - интихоботӣ дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон семинари дастурдиҳӣ таҳти роҳбарии муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон роҳандозӣ гардид.

Дар кори он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода, раиси шаҳри Гулистон Ҳошимзода Раъно, раисони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Истиқлол, Ашт, Мастчоҳ ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуданд.

Ба семинари дастурдиҳӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода ҳусни оғоз бахшид. Сипас, Латифзода Асрор Қурбон - муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар бораи тарзи гузаронидани маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ дастурҳои методӣ дода, зикр намуд, ки дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ дар муҳлати дар ҷадвал нишондодашуда дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсӣ гузаронида шаванд. кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастури методӣ омода намудааст, ки дар ин дастур дар бораи тартиби баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ, конференсияҳои Кумитаи Иҷроия дар асоси Оиннома ва Низомномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маълумоти муфассал оварда шуда, тарзи омода намудани қарорҳои он дарҷ гардидааст, ки дар вақти навиштани қарорҳо аз онҳо истифода бурда мешавад. Инчунин дар дастур сохтори намунавии ҳисоботӣ раиси кумитаи иҷроияи ҳизбӣ дар конференсияи ҳисоботӣ – интихоботӣ оварда шудааст, ки бояд дар вақти омода намудани маърузаи ҳисоботӣ ба он эътибори ҷиддӣ дода шавад. Дар охир Асрор Латифзода аз раисони Кумитаи иҷроияҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ даъват ба амал овард, ки маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ ва конференсияҳои кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ дар сатҳи баланд, бо иштироки васеи аъзои ҳизб гузаронида шаванд.

Сармуҳаррири нашрияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Абдусабури Абдуваҳҳоб дар назди ҳозирин дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоатчигӣ, ходимони дин, намояндагони илму маориф суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки бояд мо, тоҷикон анъанаҳои миллии қадимаи худро риоя намуда, Ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатиро ҳифз намоем. Чи тавре Пешвои муаззами миллат дар мулоқотҳо зикр намуданд, анҷом додани корҳои хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва танзими маъракаву маросим, мақсади он аз ҳидояти мардум ба роҳи пурсаодати зиндагӣ мебошад.

Раиси шаҳри Гулистон Ҳошимзода Раъно меҳмононро ҳайрамақдам намуда, зикр дошт, ки аъзо ва ҷонибдорони ҳизби шаҳри Гулистон барои тарғибу ташвиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Ба семинари дастурдиҳӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода ҳусни анҷом бахшид.