ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ВА ЭҲСОСИ ГАРМИ ВАТАНДОРӢ, ТАҲКИМБАХШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ АСТ

2024-06-17

Ваҳдат ба инсоният ҳамфикрию ягонагӣ, дӯстиву бародарӣ ва меҳру шафқат меорад. Пас, ҳамин ваҳдат аст, ки моро барои расидан ба мақсаду орзӯҳои дар назди худ гузоштаамон раҳнамо мегардад. Ваҳдати миллӣ инсониятро бо ҳам мепайвандад, то дар ҳалли мушкилиҳои ҳаёт якҷоя камари ҳиммат бандем.

Табиист, ки ба даст овардани ваҳдат кори саҳл нест, барои расидан ба ин саодат миллатро лозим аст, ки фарзандони бедордил дошта бошад то, ки дар расидан ба рӯзҳои нек мардумро сарҷамъ ва муттаҳид намояд.

Барои ин ақли солим, донишу истеъдод ва ҷидду ҷаҳди ҷасурона лозим аст, ки дурри мақсуд, яъне дӯстиву рафоқат ягонагиву ҳамфикрӣ ба даст ояд.

Аз таърихи башарият аён аст, ки бинобар сабаби каҷравиҳою камфаҳмию ва мағрурию худписандиҳо зумрае аз шоҳон чӣ қадар шаҳрҳо валангор, чӣ қадар ободиҳо харобазор ва чӣ қадар ашхоси бегуноҳ қурбон гаштанд. Аз «Шоҳнома»- и безаволи устоди сухан - Фирдавсии Тусӣ чунин мисолҳоро хеле зиёд метавон овард, ки барои наслҳои имрўзу фардо сабақи хуби зиндагӣ шуда метавонад.

Ваҳдат, сулҳ чӣ калимаҳои муқаддасанд. Хандаи тифлону шодии модарон, тараққиёту пешравӣ ва ободии кишвар маҳз дар зери ҳамин калимаҳо ниҳонанд.

Агар ба солҳои 90-уми асри гузашта назар андозем мебинем, ки маҳз бо кӯшишу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба пояи ваҳдати миллӣ дар кишвар асос гузоштем. Кӯшишу ғайрат, ҷидду ҷаҳд, саъю кушишҳои Пешвои ғамхору дурандеши мо, бароямон сулҳу ваҳдату шодию фараҳ овард. Борҳо аз барномаю вохӯриҳояшон ин суханро шунидем, ки гуфта буданд: «То нафари охирини аз Ватан маҷбуран гурехташударо ба Ватан барнагардонам, ман худамро ҳамчун Президент ором ҳис намекунам».

Бар хилофи азму талошҳои гурӯҳҳои бегонапараст, нерӯҳои тундрави дохилӣ ва баъзе доираҳои манфиатдори хориҷӣ, қувваҳои солими ҷомеаи мо дар як муддати кӯтоҳ зери парчами нангу номус ва ягонагии миллӣ ба ҳам омада, роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллиро интихоб намуданд.

Бо мақсади барқарор намудани сохти конститутсионӣ моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии мамлакат даъват гардид ва дар назди вакилони халқ масъалаи ҳалли мусолиҳатомези муноқишаҳои сиёсии тарафҳои даргир гузошта шуд.

Имрӯз бо возеҳияти тамом дарк менамоем, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар сарнавишти миллати мо чӣ нақши муҳиме бозид ва зимоми давлатдорӣ ба марди баномусу ватандӯст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расида ба дӯши ӯ масъулияти бузургеро гузошт.

Ба назари аввал иҷрои нақшаҳое, ки дар он иҷлосияи таърихӣ ба хотири оштии миллӣ ва таъмини сулҳи деринтизор кашида шуданд, ғайриимкон менамуд. Зеро ҳанӯз оташи ҷанг аланга мезад ва кишвар харобазор гашта, садҳо ҳазор шаҳрвандони мо дур аз Ватан сарсону саргардон умр ба сар мебурданд. Вазъият боз аз он сабаб печидаву мураккаб буд, ки сохторҳои асосии ҳокимияти давлатӣ пурра фалаҷ гардида буданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Марди хирадманд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари амалӣ намудани ҳамаи тадбирҳо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар ва хомўш намудани ҷанги шаҳрвандӣ, ба барқарорсозии фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ шурӯъ намуд.

Баъди зиёда аз панҷ соли мухолифати мусаллаҳона Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки дастоварди нодиртарини халқи тоҷик дар даврони истиқлолият мебошад ва ҳоло таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби омӯзиш табдил ёфтааст.

Дар ин давра бори нахуст аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи нави мамлакат қабул гардида, дар асоси он парламенти касбии иборат аз ду палата ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин замина фаъолияти мақомоти олии қонунгузор ва иҷроияи мамлакат таҳким ёфта, аввалин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллӣ гузошта шуданд.

Маҳз дар ҳамин давра бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки тамоми халқу миллатҳои мутамаддин барои эъмори он талош меварзанд, шурӯъ карда шуд. Имрӯз аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои рушду такомули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар ин замина таъмин намудани фаъолияти озодонаи ҳизбу созмонҳо ва воситаҳои ахбори омма тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд.

Ба шарофати мустақилият халқи мо соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои нави идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар муқаррар гардида, асъори миллӣ ба муомилот бароварда шуд; яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадӣ таъсис ёфта, ҳифзи сарҳади давлатӣ таҳти назорати онҳо қарор дода шуд.

Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 қайд гардид, ки “Ҷавонони мо, ки насли замони истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас гузошта истодаанд”.

Боиси ёдоварист, ки мақомоти прокуратура дар марҳилаи ташкилёбии худ бар зидди ҳама гуна ҷинояткорӣ мубориза бурда, баҳри оромии ҷомеа ва таъмини сулҳу субот корҳои муайянеро ба сомон расонидааст.

Мақомоти прокуратура дар таъмини риоя ва иҷрои меъёрҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нақши калон дошта, бо ин васила дар таъмини соҳибихтиёрии кишвар ва сулҳу суботи он саҳмгузор аст.

Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.

Дар баробари ин, метавон гуфт, ки яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият ба вуҷуд овардани рӯҳия ва муҳити озод дар ҷомеа мебошад. Ин мафҳум таъмини бузургтарин ҳуқуқҳои инсон - озодии сухан, озодии виҷдон, гуногунандешӣ, фаъолияти озодонаи ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори оммаро дар назар дорад. Чунки ташаккули ҷомеаи демократӣ бе ин падидаҳо ғайриимкон аст.

Ғайр аз ин, дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки “Мо ҳама якҷо бо кору фаъолияти аҳлона Ватани азизамонро, хусусан, то ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ ободу зебо месозем, давлати соҳибистиқлоламонро пешрафта мегардонем ва эътибору обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.

Мо бояд ин ҷашни мубораки миллиамонро дар шароити аз имрўза беҳтар ва бо дастовезҳои арзандаи миллати некномамон истиқбол намоем.

Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон - Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд”.

Расидан ба қадри истиқлолият ва давлатдории мустақилона, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси гарми ватандориву ватанпарастӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ – ҳама дар маҷмўъ моро ба сўи бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва татбиқи нақшаву ҳадафҳои тақдирсози стратегӣ мебаранд.

Касирзода Баҳодур Саидҷон

Ёрдамчии калони прокурори шаҳри

Ҳисор, мушовири адлияи дараҷаи 2