Семинари дастурдиҳӣ дар бораи баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ

2024-06-15

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ семинари дастурдиҳӣ оид ба баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ - интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ доир карда шуд.

Дар семинари мазкур муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Юсуфзода Абдулмаҷид, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Каримзода Мирзоқосим, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Боқизода Боқимуҳаммад ва муовинони раиси ноҳияи Айнӣ, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, раисон ва масъулини ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии назди КИН Айнӣ иштирок доштанд.

Сараввал Каримзода Мирзоқосим меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам намуда, кори семинари мазкурро кушода эълон намуданд.

Латифзода Асрор Қурбон қайд намуданд, ки маъракаи ҳисоботӣ-интихоботии дар ташкилотҳои ҳизбии ҷумҳурӣ ин чорабинии муҳими ҳизбӣ ба ҳисоб рафта, дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти ташкилотҳои ҳизбиро ба танзим медароранд, омода ва баргузор карда мешавад.

Дар рафти семинари мазкур ба иштирокчиён дастури методӣ тақсим карда шуд. Дастури методӣ дар бораи баргузор намудани маъракаи ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Барномаи ҲХДТ, Низомнома «Дар бораи интихоби кумитаҳои иҷроияи Халқии Ҳизби Демократии Точикистон» ва қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ аз 15 майи соли 2024 "Дар бораи баргузор намудани маъракаи ҳисоботӣ - интихоботии дар ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» таҳия гардидааст.

Мавсуф таъкид намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз бо ғояи созанда дар тарғиби сиёсати давлат саҳмгузор буда, дар ин радиф аз масъулини ҳизб даъват ба амал оварданд, ки барои татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб фаъолияти вусъатманд роҳандозӣ намоянд. Дар идома зикр намуд, ки василаи муҳими фаъолияти ҳизбӣ таблиғи ҳадафмандона баҳри баланд бардоштани маърифати ҷомеа, тарбия дар руҳияи ватандустӣ, хештаншиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ маҳсуб ёфта, дар миқёси маҳал, деҳот ва шаҳру ноҳияҳои кишвар амалӣ намудани он вазифаи аввалиндараҷаи масъулони самти идеология мебошад.