ҲАМОИШИ БОНУВОНИ ПОЙТАХТ ҶИҲАТИ ГИРОМИДОШТИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ “АРҶГУЗОРӢ БА АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ – ОМИЛИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ”

2024-06-14

13 июни соли ҷорӣ, дар Боғи КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба таҷлили 27-умин солгарди “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” ва бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, пешгирӣ аз паҳншавии бегонапарастӣ миёни мардум, махсусан занону бонувон, эҳтирому арҷгузорӣ ба оинҳои неки ниёгон, пос доштани урфу одатҳои хоси миллӣ, инчунин, гиромидошти арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ Ҳамоиши сиёсӣ – фарҳангии бонувони пойтахт таҳти унвони “Арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ – омили худшиносии миллӣ” баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур мудири шуъбаи занони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ - Аминзода Манижабону, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Абдуллозода Умеда, мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Фазилатпочои Маҳмадюсуф, сардори раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе - Ашурова Дилрабо, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур – Одинашоева Марям, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур - Мусоҷонзода Ҷамила, занону бонувони фаъоли аъзои ҲХДТ аз кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Шоҳмансур, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ва намояндагони Воситаи ахбори оммаи давлативу ҳизбӣ ширкат варзиданд.

Кори ҳамоишро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар кушода эълон намуда, кулли иштирокдоронро ба ҳамоиши мазкур хайрамақдам гуфт.

Дар ин радиф, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар иброз дошт, ки дар тамоми давру замон, махсусан дар шароити ниҳоят мураккаб ва мутташаниҷ гардидани вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯз, огоҳ будан аз асолати миллии хеш, донистани таъриху фарҳанги миллати хеш, шинохти зоҳирӣ ва ботинии миллати хеш, огоҳ будан аз урфу одат, расму оин ва хусусиятҳои хоси миллии хеш, ки ба ҳадди худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ бурда мерасонад, барои ҳар як шарванд вазифаи аввалиндараҷа ба шумор меравад.

Ҳамоиши имрӯзаи мо низ, ки ном гирифтааст, “Арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ – омили худшиносии миллӣ”, ҷиҳати гиромидошти арзишҳои миллӣ, тарғибу ташиқи либоси миллӣ, таҳкими фарҳанги миллӣ, урфу одат ва анъанаҳои хоси миллӣ баргузор мегардад, қайд намуд, дар идомаи ссуханронии хеш раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар.

Дар идома, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Абдуллозода Умеда суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар шароити кунунӣ ва то рафт доман паҳн намудани бархе аз равандҳои манфии ҷаҳонишавӣ, аз қабили паҳншавии бегонапарастӣ миёни мардум ва рӯй овардани мардум, махсусан ҷавонон ба фарҳанг ва урфу одатҳои бегона, яке аз омилҳое, ки ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ миёни сокинон сабаб мегардад, ин тарғибу ташвиқи либоси хоси миллӣ ва дар ин замина ба роҳ мондани корҳои фаҳмонадиҳӣ, конфронсу ҳамоишҳо, семинару машварат ва дигар чорабиниҳои оммавӣ миёни мардум, махсусан занону бонувон ба ҳисоб меравад.

Дар ин радиф, мудири шуъбаи занони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ – Аминзода Манижабону, сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе - Ашурова Дилрабо ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур - Одинашоева Марям низ андешаҳои худро ҷиҳати тарғиби либоси миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пос доштани урфу одатҳои хоси миллӣ ва ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт миёни сокинон, иброз доштанд.

Қайд гардид, ки дар робита ба баланд бардоштани ҳуввият ва асолати миллӣ яке аз вазифаҳои асосии миллии шаҳрвандонро ин муносибати эҳтиромона ба либоси миллӣ ташкил медиҳад. Аз ҳамин ҷиҳат тавассути арзишҳои миллӣ пойдор нигоҳ доштану дар вуҷуди фарзандон тарбия кардани ҳисси эҳтиром ба либоси миллӣ нақши муҳим мебозад. Иҷрои ин рисолат махсусан дар замони муосир, дар марҳилае, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ бо суръати баланд идома доранд, аҳамияти хоса касб мекунад.

Либоси миллӣ инъикосгари анъанаҳои миллӣ, забони миллию мероси ниёгон буда, симои зани тоҷикро боз ҳам зеботар мегардонад. Либоспӯшии тоҷикон аз қадим аз дигар халқҳо фарқ дошта, он як ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад, қайд гардид дар идомаи ҳамоиш.

Дар идомаи ҳамоиш, як гурӯҳ ҷавондухтароне, ки дар тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, пос доштани урфу одатҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши бориз доранд, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷрояии ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон, дар идомаи ҳамоиш, бо иштироки ҳунармандону сарояндагони шинохтаи кишвар барномаи зебои фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки ба раванди чорабинӣ шукӯҳмандии дигарро зам намуд.