Ҳамоиши "Модарону бонувони ваҳдатсаро" доир гардид

2024-06-13

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ҳамоиш таҳти унвони “Модару бонувони ваҳдатсаро" бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар ВМКБ Раҷабова Зунайда, раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ Азизова Париноз доир гардид.

Ҳамчун дар ҳамоиш занону бонувони шаҳр, аз ҷумла кормандони ташкилоту муассисаҳо ва собиқадорони меҳнат ширкат варзиданд.

Раиси шаҳр ҳамагонро бо ҷашни дарпешистода, рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, иброз дошт, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имкониятро барои фаъолияти ҳамаҷонибаи модарону бонувон фароҳам овард. Маҳз бо ҳидоятҳои Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занони қавииродаву боҷасорати мо ба арсаи сиёсат ва хизмати давлатӣ роҳ ёфтанд ва дар ободиву пешрафти ҷомеа саҳмгузор мебошанд.

Ҳамчун раиси КИ ҲХДТ дар ВМКБ Раҷабова Зунайда зикр кард, ки Ҳукумати мамлакат, шахсан Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сарнавишти занону духтарон, зиндагӣ ва кору таҳсили онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд ва ҳамеша нақши бонувонро дар тарбияи насли наврас, таълиму тарбия, рушди мактабу маориф, илму фановарӣ ва давлату давлатдорӣ таъкид мекунанд. Бузургони олам аз қадим то ба имрӯз раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои модаронро ситоиш мекунанд ва ба номи покашон ҳамду сано мехонанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ рисолати инсонофариву ҳаётбахши модаронро ҳамеша қадр мекунад ва ба сиришти поку номи неки онҳо арҷ мегузорад.

Дар анҷоми ҳамоиш ба занону бонувон ва собиқадорон туҳфаҳои омоданамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ тақдим карда шуд.